Ҳазрати Мавлавӣ Ҳаким Нуруддин (халифаи якуми Масеҳи мавъуд) як шахси бузург буданд. Як олими бузург, одами босалоҳият, бисёр парҳезкор ва нобиға буданд. Ба сабаби моҳир будан дар шуъбаи тиб солҳо табиби шоҳии Маҳороҷаи Ҷамму ва Кашмир буданд.

Эшон дар деҳаи Бераи вилояти Панҷоб соли 1841 таваллуд шуданд. Барои таҳсили илм сафарҳои дур карданд ва ҳатто дар шаҳрҳои муқаддас чун Макка ва Маҷина чор сол сукунат карданд.

Дар таърихи Аҳмадият хидматҳои Исломашон бемисол мебошанд. Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом дар як шеъри форсӣ чунин таърифашон карданд:

Чӣ хуш будӣ агар ҳар як зи уммат Нури дин будӣ,

Ҳамин будӣ агар ҳар дил пур аз нури яқин будӣ.

Мақсади ягона дар Қодиён будани Эшон таҳсили динӣ буд. Фикри аввалинашон беҳтар нумудани вазъияти камбағалон буд. Бо вуҷуди маҳдуд будани воситаҳои молӣ бисёр сахӣ буданд. Эшон сабру истиқомат ва меҳрубонии инкисорӣ доштанд. Ба ин сабаб ҳар кас Эшонро дӯст медошт. Итоати Эшон то ин дараҷа буд, ки бе иҷозати ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом Эшон ҳеҷ гоҳ аз Қодиён берун нарафтанд.

Дар натиҷаи ҳукми Илоҳӣ, ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом 23 марти соли 1889 аз пайравони худ байъат гирифтанд ва ҳазрати Мавлавӣ Ҳаким Нуруддин р.а. нахустин одам буданд, ки байъат карданд. Вафодорӣ ва садоқати Эшон ба Масеҳи мавъуд алайҳиссалом сад дар сад буд.

Соли 1893 Эшон ба сабаби як кори шахсӣ Лоҳур омада буданд ва дар он ҷо тасмим гирифнад, ки як рӯза зиёрати Қодиён кунанд, зеро Қодиён аз он ҷо бисёр дур нест. Ҳамон як рӯз тамоми ҳаёташонро иваз намуд. Дар деҳаи Бера Эшон як беморхона таъмир карда истода буданд, аммо вақте Масеҳи замон фармуд, ки Эшон дар Қодиён истанд, пас, Эшон дигар дар бораи хона ва беморхона фикр ҳам накарданд. Аз ҳамин дониста мешавад, ки бо пешвои худ чӣ қадар риштаи садоқат ва итоаткорӣ доштанд.

Зиндагии Эшон баъд аз ин ҳам бисёр ҷолиб ва барангезандаи имон аст. Соли 1905 ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом барои аҳволпурсии хусури худ ҳазрати Мир Носир Навоб ба Деҳлӣ сафар карданд. Аз Деҳлӣ Ҳузур ба ҳазрати Мавлавӣ Ҳаким Нуруддин телеграм фиристоданд, то ки таъҷилан Деҳлӣ биоянд. Аз ин ҷо мо итоаткорӣ ва садоқати Мавлоно ҳис карда метавонем, ки замоне номаро хонданд, ҳамон лаҳза аз клиникаашон хеста ба тарафи автовокзали роҳи оҳан рафтанд. Дар дасташон ҳатто роҳпулии Деҳлӣ ҳам набуд. Бо як рафиқ гуфтанд:

“Ман ҳатто як лаҳза дер карданро ҳам гуноҳ медонам. Ин даъвати сардори ман аст. Дар бораи роҳпулӣ ва дигар хароҷот бо Худо таваккул карда баромадам”.

Баъд аз ин чунин шуд, ки дар истгоҳи роҳи оҳани Батола дар интизори поезд истода буданд, ки як бемори сарватманд бо Эшон во хӯрд. Ӯ дар ивази табобат натанҳо чиптаи сафар харида дод, балки зӯран пули зиёд ҳам дод.

Ҳазрати Мавлоно Ҳаким Нуруддин (халифаи якуми Масеҳ) як марди покизаву сода, таҳаммулпазир, нармдил ва ростгӯ буданд. Эшон хислатҳои аълои давлатдорӣ ва сардорӣ доштанд. Эшон ба Худо имони мустаҳкам доштанд. Таваккули Эшон ба Худо назаррас ва қобили таваҷҷуҳ буд. Ду воқеаҳои зерин ба ин паҳлӣ равшанӣ меандозанд.

Боре дар шаҳри Мадина буданд ва дар вақи шаб барои хӯрдан хӯрок надоштанд. Барои намоз ба Масҷиди Набавӣ рафта истода буданд, ки дар роҳ як полис манъ карда пеши сардори худ бурд, ки бо Эшон мулоқот кардан мехост. Сардор бо худ як табақи ширинӣ дошт. Инҳо шириниҳои хеле болаззат ва аз Ҳиндустон омада буданд. Ӯро ин шириниҳо як шинос оварда дода буд. Сардор гуфт, ки ман тасмим гирифта будам, ки ин шириниҳоро ҳамроҳи ягон шаҳрванди Ҳиндустон хоҳам хӯрд. Ба ин тариқ ба таври муъҷиза Эшон таомро хӯрданд.

Аз Беҳра, Қурайшӣ Амир Муҳаммад нақл мекунад, ки ман дар ҳузури халифаи якум будам, вақте як почта дорои китобҳо омад ва пули почта 16 рупия буд. Эшон гуфтанд, ки ин китобҳои дӯстдоштаи ман буданд, ки якчанд муддат пеш бо муҳаббат фармоиш дода будам, аммо барои пардохташон пул надорам. Боз фармуданд, ки “Худованд ба ман чунон меҳрубон аст, ки боварӣ дорам, ки ӯ бо раҳмати худ пули ин китобҳоро хоҳад фирист”. Айни замон як ҳинду кӯдаки беморашро овард. Мавлоно ӯро муоина карда дорухат навишта доданд. Он мардак дар назди Мавлоно 15 рупия ва як рупия ҳамчун миннатдорӣ гузошта рафт. Эшон фармуданд, ки ман боварӣ доштам, ки Худованди дӯстам маро ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳад кард. Шояд ин мардак чизе намедод, зеро умуман ман ҳеҷ чиз талаб намекунам ва ё шояд як рупия монда мерафт. Аммо Худои ман дар дили ӯ гузошт, ки талаби ман ҳамин қадар аст.

Баъди даргузашти ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом Ҳазрати Мавлоно Ҳаким Нуруддин р. 27 май соли 1908 якдилона халифаи Эшон эълон шуданд. Эшон дар мансаби хилофат то вақти вафоташон, яъне 13 марти соли 1914 ҷамаоти Аҳмадияро роҳбарӣ намуданд.

Дар ин ҷо баъзе аз дастовардҳои барҷастаи Эшон ба таври мухтасар тавсир карда мешаванд.

  1. Пеш аз ҳама Эшон мансаби хилофатро асос гузоштанд. Эшон хоҳишҳои сардории як гурӯҳро, ҳарчанд гурӯҳи андак буд, бо муваффақият барбод доданд.
  2. Дар давраи Эшон тарҷумаи Қуръон ба забони англисӣ шуд.
  3. Нахустин маркази Аҳмадият берун аз кишвар дар Лондон таъсис ёфт.
  4. Биноҳои Масҷиди Ақсои Қодиён, мактаби миёнаи Таълимулислом ва пансионат васеъ карда шуданд.
  5. Беморхонаи Нур ва Масҷиди Нур кушода шуданд.
  6. Барои васеъ намудани фаъолияти таблиғоти ҷамоат як қатор нашрияҳо оғоз шуданд. Аз ҷумла «Алфазл» ва «Нур» аз Қодиён, «Алҳақ» аз Деҳлӣ ва «Пайғоми Сулҳ» аз Лоҳур.
Халифаи аввал бо писараш

Хабари даргузашти Эшонро рӯзномаҳо дар саросари Ҳиндустон пахш карданд ва мақолаҳо оиди ситоиши ин олими маъруф навишта шуданд. Номи баъзе рӯзномаҳо чунин мебошанд: «Заминдор» ва «Пайса» аз Лоҳур, «Табиб» ва «Ҳамдард» аз Деҳлӣ, «Алҳилол»-и Калкута, «Мадина»-и Биҷнур, «Вакил» ва «Ватан» аз Амритсар ва «Газетаи Иститут»-и Алигарҳ.

Сардабири «Заминдор» Мавлоно Зафар Алӣ навишт:

“Мавлоно Ҳаким Нуруддин як олими бузур ва донишманд рӯзи 13 март пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Даргузашти ӯ талафоти бузург аст ва дар ҷомеаи мусалмонҳо холигоҳе эҷод кардааст. Мегӯянд, ки нобиға пас аз сод сол ба дунё меояд. Рӯҳи фавтидашуда бешубҳа ба ин ифтихорнома тааллуқ дошт”.

Доктор Муҳҳаммад Иқбол (Иқболи Лоҳурӣ) аз илму дониш ва дониши динии Эшон хеле таъсир гирифта буданд. Дар соли 1909 ӯ ба Эшон рӯйхати дархостҳои теологиро фиристод, то тафсири дурусти онҳоро бифаҳмад. Инчунин аз Эшон хоҳиш карда буд, ки дар мавриди талоқи зани худ фармон (фатво) бидиҳад. Фармони Эшонро Доктор Иқбол ба таври бояду шояд иҷро кард.

Як иқтибос аз китоби Масеҳи мавъуд «Фатҳи Ислом» дар бораи таърифи Эшон меорем, ки аз ин таърифи калон намебошад, зеро ин таърифи Масеҳи мавъуд аст, ки аз рӯйи гуфтори ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст.

“Ман дар дили худ завқи бепоён дорам, то як бародари рӯҳонии худро зикр кунам. Номаш мисли ихлосаш Нур Дин, яъне равшании дин аст. Дар роҳи Ислом ғайрат ва қурбониҳои ӯро бо нигоҳи ҳасрат мебинам. Ин шавқу ҳавасро диди, ман аз ҷалоли Худованд ба ваҷд меоям, ки чӣ хел Ӯ мавҷудоти хоксорҳои худро интихоб намуда баланд мебардорад”.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳар як паҳлуи ҳаёти Эшон бо муҳаббат ва садоқати Худо рангин шуда буд. Бигузор ҳар як фарди Ҷамоат бо роҳи нишондодаашшон пеш равад. Эшон намунаи комили як аҳмадии ҳақиқӣ буданд.

Худои таоло баракатҳои беҳтаринаш бар Эшон арзонӣ кунад.

☼☼☼☼