Ҳазрати Абӯбакр р.а.
Номи шахсии ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу “Абдуллоҳ” буд, аммо ба сабаби писари худ, ки “Бакр” ном дошт, Абӯбакр, яъне падари Бакр машҳур шуданд. Номи падарашон АбӯҚаҳофа ва модарашон Уммулхайр Салма буданд. Эшон соли 572 мелодӣ дар Макка таваллуд шуданд. Эшон рафиқи наздики Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам буданд. Дар байни мардҳо эшон нахустин одам буданд, ки набӣ будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қабул карданд. Ба ҳамин сабаб Эшонро лақаби Сиддиқ дода шуд. Эшон дар сафари ҳиҷрат, ки аз Макка ба Мадина буд, ҳамсафари ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буданд. Дар ғори Савр аз байни саҳоба танҳо Эшон ҳамроҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ғор паноҳ гирифта буданд.
Баъди Ҳаҷҷатулвидоъ ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бемор шуданд ва дар ҳолати беморӣ ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳуро дар намозҳо имом таъйин намуданд. Баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу нахустин халифаи Ислом интихоб карда шуданд. Дар натиҷаи вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам як ҳолати фавқулода дар байни мусалмонҳо ба вуҷуд омада буд ва ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу аз ин вазъият бо муваффақият баромаданд.
Нахустин масъала ҳамин буд, ки баъзе қабилаҳо танҳо ба ин сабаб Исломро тарк намуданд, ки сардори қабилаҳояшон бо ҷонишинҳои Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам вафодор буданро лозим надонистанд. Дар баробари ин онҳо барои нест намудани мансаби хилофат бар Мадина ҳамла кардан тайёрӣ сар карданд. Ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу баъди донистани иродаҳояшон ба тарафи онҳо лашкар равон карданд ва шӯриши онҳоро аз байн бурданд.
Масъалаи калони дигар, ки ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу баъди хилофат дучораш шуданд, ин буд, ки бисёри мусалмонҳо аз додани закот даст кашиданд. Закот барои эҳтиёҷҳои раёсати исломӣ ва барои нигоҳу бинии мардуми камбағал ҳатмӣ буд. Ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу аҳд карданд, ки аз ҳар кас закотро хоҳанд гирифт ва барои ин мақсад ҳар як кори лозимро карданд.
Аз ҳама калон масъалаи хатарнок ин буд, ки бисёр одамҳо даъвои дурӯғи пайғамбарӣ намуда бар зидди раёсати исломӣ шӯриш барпо карданд. Аз байнашон Мусалйламаи Каззоб ва Асвади Ансӣ лашкарҳои калон тайёр намуданд ва баъзе марзҳои мусалмонҳоро ғасб низ карданд. Ҳазрати Абӯбакр бар зидди ин пайғамбарони дурӯғини шӯришгарон мусалмонҳоро тайёр намуданд ва бо вуҷуди асбобҳои андак бар зидди ин фитнагарон фатҳ ҳосил карданд.
Яке аз корҳои нумоёни Эшон Қуръони каримро дар як ҷо ҷамъ намудан буд. Ҳарчанд таълифу тартиби Қуръони маҷид зери нигаҳбонии худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешуд, аммо он вақт ояҳоро бар қисмҳои гуногуни ҷарм, баргҳо ва катибаҳо навишта мешуд. Ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу ҳамаи ин навиштаҳоро дар як ҷо ҷамӣ намуданд ва барои ҳифзи Қуръон низоми қориҳои Қуръонро дубора фаъол намуданд.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар рӯзҳои охири ҳаёташон бар хилофи румиҳо, ки бар сарҳадҳои шимол ҳамла карда буданд, як лашкар тайёр намуда буданд. Ин лашкар ҳоло дар Мадина буд, ки Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам вафот карданд. Вақте ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу халифа шуданд, дар дурун ва беруни шаҳри Мадина вазъият ноором шуд. Ин хатарро дида бисёр саҳоба Эшонро маслиҳат доданд, ки айни замон бар зидди румиҳо лашкар равон накунем, аммо ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу дар ҷавоб фармуданд, ки писари Абӯқаҳофаро чӣ ихтиёр аст, ки кори сар кардаи ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро қафо гузорад.
Дар замоин хилофаташон ҳазрати Холид ибни Валид р.а. шӯриши Баҳрайнро бартараф намуд. Сипас форсиҳо, ки шӯришгарони Баҳрайнро кумак расонда буданд, шикаст хӯрданд. Боз лашкари мусалмонҳо дар ҷангҳои Аҷнод ва Ярмук румиҳоро шикаст доданд ва ба ин тариқ кишвари Шом зери итоати раёсати исломӣ шуд.
Ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу баъди бемории 15 рӯза 23 август 634 вафот карданд. Эшон яке аз он даҳ хушбахтон буданд, ки Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам муждаи ҷаннат дар зиндагиашон дода буданд. Эшон аз ду сол зиёдтар дар мансаби хилофат буданд.
Leave A Comment