Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми Ҷамоати Аҳмадия дар бораи вазъияту воқеаҳои ғазваи Бану Мусталиқ сухан ронданд. Инчунин дар рӯзҳои моҳи шарифи Муҳаррам аъзои ҷамоатро таҳрики хондани дуруди шариф ва дуоҳо карданд.
Сардори қабилаи Бану Мусталиқ, Ҳорис ибни Абӣ Зарор аҳли араб ва қавми худро барои ҷангидан бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тайёр намуд. Барои ин мақсад қариб 96 киломитр дуртар аз шаҳри Мадина мардумро ҷамъ кардан сар кард.
Рӯзи Бану Мусталиқ шиори мусалмонҳо “Ё Мансур, амит амит” яъне “эй зафарманд, мурдан мурдан” буд.
Дар ин рӯзҳо Аҳмадиҳо бисёртар дуруд бар Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хонанд ва барои иттиҳоди мусалмонҳо низ дуо кунанд. Ҳолатҳои худро низ беҳтар кунед ва дар алоқа бо Аллоҳи таоло бисёртар кӯшиш кунед. Дар Охир эълони баъзе марҳуминро карданд, ки ба наздикӣ вафот ёфтаанд ва баъди намози Ҷумъа хондани намози Ҷанозаи онҳоро низ эълон карданд.
Leave A Comment