Ҳузур дар силсилаи ин хутбаҳо зикри ҷангҳои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам карда истодаанд. Ҳузур фармуданд, ки аз ин ғазваҳо исбот мешавад, ки ин ҷангҳо танҳо барои манъ кардани шарри душман ва лағв кардани иродаи бади онҳо, инчунин барқарор намудани амният буданд. Мақсадашон ғасб намудани молу мулк ва қатлу ғорат набуд.

Вақте Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам мусалмонҳоро таҳрики баромадан барои Ғазваи Бадрулмавъид фармуданд ва дар баромади худ фармуданд, ки мо даъвати кофирҳоро қабул намуда ваъдаи баромадан ба ҷанг кардаем, бинобар ин, мо аз ин баргашта наметавонем. Агар барои ин ҷанг танҳо баромадани ман даркор шавад, дар муқобили душман мебароям. Инро шунида тарси мардум аз байн рафт ва тамоми мусалмонҳо барои баромадан ба ҷанг тайёр шуданд.

Баъди ҷанги Уҳад қабилаҳои гуногун, ки мусалмонҳоро заиф дониста лоиҳаҳои ҳамла намудан бар онҳо сохтанӣ буданд, Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар онҳо бо ҳикмат ва комёбӣ таъсири бақаввт ва далер будани мусалмонҳоро барқарор намуданд.

Ҳарчанд дар Ғазваи Бадрулмавъид ҷанг нашуд, аммо виқор ва эътимоди мусалмонҳо барқарор шуд ва бар душман руъби мусалманҳо афзуд.

Ҳазрати Мирзо Башир Аҳмад дар китоби худ, «Сирати Хотаманнабийин» навиштанд, ки мақсади бузурги ин ҷанг барқарор намудани амн дар мамлакат буд.

Халифаи панҷуми Ҷамоати Аҳмадия дар ин хутба сабабҳои Ғазваи Бадрулмавъид ва Давматулҷандалро шар доданд. Барои амни дунё ҳамаро дархости дуо карданд ва фармуданд, ки мусалмонҳо бояд барои бақои худ кӯшиш кунанд, ки муттаҳид шаванд. Ҳолатҳои худро ислоҳ кунанд. Худо кунад, ки ин паҳлуро бифаҳманд.