АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
«КАСРИ САЛИБ»
Аломати дувуми замони Масеҳ ва Маҳдӣ ин аст, ки дар он замон дини салибӣ пурқувват хоҳад шуд. Яъне насрониҳо бисёр тараққӣ хоҳанд кард. Ғайр аз ишораҳои Қуръон дар ҳадис низ як вазифаи Масеҳи Мавъуд ин омадааст, ки یکسر الصلیب. Яъне “Масеҳи Мавъуд салибро хоҳад шикаст”. Аз ин маълум мешавад, ки ӯ дар замоне хоҳад омад, ки дини насоро дар авҷ хоҳад буд. Сипас Масеҳи маъуд бар муқобили насрониҳо хеста бар ақидаи асосии ин дин зарба хоҳад зад. Дини насронӣ дар замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ буд, аммо дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зикри “касри салиб” наомадааст. Аз ҳамин маълум мешавад, ки аввал дини насоро пешравӣ хоҳад кард ва вақте бисёр пурқувват хоҳад шуд, он гоҳ Масеҳи Мавъуд омада тараққии онҳоро бо далелҳо ба мағлубият иваз хоҳад кард. Таърихи масеҳиятро хонед. Дар замони ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад масеҳият чунон тараққӣ карда буд, ки аз чор тараф ба Ислом ҳамла мекард ва таблиғи дини худро аз ҳар як роҳ мекард. Пас, исбот мешавад, ки ҳамон замон буд, ки Масеҳи Мавъуд бояд аз тарафи Худо меомад. Шарҳи касри салиб оянда хоҳем кард. Дар ин ҷо мақсад ҳамин буд, ки як аломати Масеҳи Мавъудро зикр карда шавад, ки дар он замон масеҳият дар нуктаи баландтарини худ мебошад.
Аломати сеюм дар бораи Даҷҷол аст, ки дар бораи ин як мақолаи ҷудо навишта, исбот кардем, ки қавмҳои масеҳӣ Даҷҷол ҳастанд.
«ЯЪҶУҶУ МАЪҶУҶ»
Аломати чаҳорум ин буд, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар замони Масеҳи Мавъуд дар авҷ хоҳанд шуд ва ҷойҳои беҳтарину бисёри дунёро ишғол хоҳанд кард ва қавмҳо бар хилофи як дигар хоҳанд хест. Дар Қуръон омадааст, ки
حَتَّى إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٍ يَنسِلُونَ۔ سورۃ الانبیاء۔97
Ва дар ҷойи дигар омадааст:
وَتَرَكْنَا بَعْضَهُمْ يَوْمَئِذٍ يَمُوجُ فِي بَعْضٍ وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَجَمَعْنَاهُمْ جَمْعًا۔ سورۃ الکھف۔ 100
Яъне вақте Яъҷуҷу Маъҷуҷ сар дода мешаванд ва онҳо аз ҳар як мақоми баланд давида хоҳанд омад ва қавмҳо бар хилофи як дигар бармехезанд. Ва он гоҳ як сурнай навохта хоҳад шуд, ки ҳамаи инҳоро ҷамъ хоҳад кард”.
Инчунин дар ҳадис меояд, ки
یبعث اللہ یاجوج و ماجوج وھم من کل حدب ینسلون۔ مشکوۃ
Яъне Худои таоло дар замони охир Яъҷуҷу Маъҷуҷро мехезонад, дар ҳоле, ки онҳо аз ҳар ҷойи баланд хоҳанд давид”.
Дар «Саҳеҳи Муслим» гуфта шудааст, ки
فَبَيْنَمَا هُوَ كَذَلِكَ إِذْ أَوْحَى اللهُ إِلَى عِيسَى: إِنِّي قَدْ أَخْرَجْتُ عِبَادًا لِي، لَا يَدَانِ لِأَحَدٍ بِقِتَالِهِمْ، فَحَرِّزْ عِبَادِي إِلَى الطُّورِ وَيَبْعَثُ اللهُ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ، وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ۔۔۔۔۔۔
صحیح مسلم کتاب الفتن وأشراط الساعۃ۔ باب ذکر الدجال
Яъне бо Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар зоҳир ҳеҷ кас мубориза карда нахоҳад тавонист. Инро дида Масеҳи Мавъудро ба тарафи кӯҳи Тур паноҳ гирифтанро гуфта мешавад, яъне ба тарафи ибодатҳо ва дуоҳо таваҷҷуҳ кунонда мешавад ва дар охир бо ҳамин дуоҳо бо нишонҳои осмонӣ ҷамоати Масеҳ бар ин қавмҳо ғалаба хоҳад кард.
Боз дар Саҳеҳи Муслим навишта шудааст, ки “Яъҷуҷу Маъҷуҷ ба тарафи осмон тирҳо хоҳанд партофт”.
Яъне ин қавмҳо дар илми ҳайат ва таҳқиқоти кайҳонӣ беҳад тараққӣ хоҳанд кард ва ба тарафи осмон киштиҳои кайҳонӣ равон хоҳанд кард, ки онҳо ҳам бо оташ кор фармуда мешаванд.
Калимаҳои Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз اُجَّ гирифта шудаанд, ки маънояш алангаҳои оташ ва шуъла заданаш мебошанд. (Лисон-ул-араб)
Акнун бидонед, ки мурод аз Яъҷуҷу Маъҷуҷ англисҳо ва қавмҳои иттиҳодии онҳо ва Россия мебошанд. Чӣ хеле, ки дар Библия низ дар бораи инҳо дар китоби Ҳизқил ва Мукошифа зикр шудааст. Чунончи:
- Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
- «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ сарраиси Мошак ва Тубол аст, бигардон, ва дар бораи ӯ нубувват намо».
- Ва бигӯй: “Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй Ҷуҷ, сарраиси Мошак ва Тубол, зид ҳастам.
(Библия, Ҳизқил, боби 38, оятҳо 1-3)
Дар ин ҷо мурод аз Мошак (Москва) ва Тубол (Тобольск) мебошад, ки ҳар ду шаҳрҳои Россия ҳастанд.
Ба ин сабаб ин қавмҳоро Яъҷуҷу Маъҷуҷ гуфта шудааст, зеро ишора ба ин аст, ки инҳо маҳорати ром кардани оташро доранд ва аз оташ ҳар гуна кор гирифта метавонанд.
Ишораи дигар ба ин тараф буд, ки сиришти ин қавмҳо норӣ (оташӣ) аст. Яъне инҳо қавмҳои мутакаббир, бисёр тез, чолок ва ҳушёранд. Аз ин ҷиҳат номи сиёсии ин қавмҳо Яъҷуҷу Маъҷуҷ мебошад. Дар англисҳо мардуми амрикои шимолӣ низ шомиланд, зеро дар ҳақиқат онҳо як қисми инҳо мебошанд. Аввалан ин қавмҳо заиф буданд, аммо баъдан Худои таоло инҳоро тараққӣ дод ва инҳо бештари ҷойи динёро ишғол карданд ва бақувваттар шуданд. Ҳамаи ин тараққиҳояшон дар замони ҳозира шудааст. Пештар вазъият ин тавр набуд ва бар хилофи як дигар шудани ин қавмҳо як чизи аён аст, ки шарҳи он лозим нест. Мурод аз нафхи сур (сурнай) беъсати Масеҳи Мавъуд аст, зеро мурсалини Худо низ мисли сурнай мебошанд, ки ба воситаи эшон Худо дар дунё овози худро баланд мекунад ва мардумро бар як нуқта ҷамъ мекунад. Айни замон низ чунин хоҳад шуд, аммо чӣ хеле, ки моҳи шаби аввал дар назари мардум наметобад, ҳамин тавр тағйирот дар аввал бисёр махфӣ мебошанд ва оҳиста-оҳиста монанди моҳ калону равшантар мешаванд.
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар бораи Яъҷуҷу Маъҷуҷ мефармоянд:
“Ин фикр, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз одамҳо нестанд, балки ягон махлуқи дигар аст, саросар фикри ҷоҳилона аст, зеро дар Қуръон ҳайвонҳои соҳиби ақлу фаҳм, ки мавриди савобу азоб шуда метавонанд, танҳо ду қисманд. 1. Якум навъи инсон аст, ки авлоди ҳазрати Одам алайҳиссалом аст. 2. Дуюм ҷинҳо мебошанд. Номи гурӯҳи инсонҳоро “маъшарулинс” монда шудааст ва гурӯҳи ҷинҳоро “маъшарулҷин” гуфта шудааст. Акнун агар Яъҷуҷу Маъҷуҷ, ки дар бораашон дар замони Масеҳи Мавъуд ваъдаи азоб карда шудааст, дар гурӯҳи “маъшарулинс” дохил бошанд, яъне инсон бошанд, пас дар бораашон чунин гуфтан, ки онҳо як махлуқи аҷиб хоҳад шуд, ки гӯшашон дароз, дасташон дароз мебошанд ва сертаваллуд хоҳанд шуд, кори одамоне мебошад, ки ақлашон маҳз сатҳӣ ва монанди кӯдакон аст. Агар дар бораи ин мазмун ягон ҳадиси саҳеҳ ҳам бошад, пас, дар истиора фаҳмида хоҳад шуд. Чӣ хеле, ки мо мебинем, ки қавмҳои аврупоӣ ба ин маъно гӯшҳои дароз доранд, ки хабари тамоми дунёро доранд ва дастҳои дароз Худо ба ин маъно дар ҷангҳои баррию баҳрӣ дароз кардааст, ки ҳеҷ кас қувваи муқобил баромадани инҳоро надорад…
Акнун вақте, ки воқеаҳои зомонӣ нишон додаанд, ки ин ҳадисҳо чунин маъноро соҳибанд ва ақли одам низ натанҳо ин маъноҳоро қабул мекунад, балки аз ин лаззат мебарад, пас, чӣ лозим аст, ки беҳуда аз халқи инсонӣ баромада як халқи аҷиб фарз карда шавад, ки ғайри маъқул ва бар хилофи қонуни қудрат мебошад. Қонуни қудрате, ки аз қадим барои инсонҳо лозим шудааст.
Агар бигӯед, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз ҷинҳо мебошанд ва инсон нестанд, пас, ин ҳам ҳамоқати дигар аст, зеро агар онҳо аз ҷинҳо мебошанд, пас аз рӯйи Қуръон садди сикандарӣ чӣ хел барои онҳо монеа шуда тавонист. Дар ҳолате, ки ҷинҳо то ба осмон рафта метавонанд, чӣ хеле, ки дар ояти فاتبعہ شھاب ثاقب зикр шудааст, аммо ба садди сикандарӣ баромада наметавонистанд? Агар бигӯед, ки онҳо як қисми дарандаҳо мебошанд, ки ақлу фаҳм надоранд, пас чаро дар Қуръони шариф ва ҳадисҳо зикри нозил шудани азоб бар онҳо аст, зеро азоб дар натиҷаи гуноҳ дода мешавад. Боз зикри ҷанг ва ғалабаи онҳо ва дар охир ба тарафи осмон тир задан ба ин амр далолат мекунад, ки онҳо соҳиби ақл мебошанд, балки дар байни инсонҳо соҳибони ақлҳои хуб мебошанд”.
(Чашмаи Маърифат, Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 23, 84-85 с.)
Аз аломатҳои зикршудаи боло ошкор шудааст, ки дар бораи Яъҷуҷу Маъҷуҷ Қуръон ва Сардори мо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар мукошифоти худ 1400 сол пеш кадом аломатҳое, ки гуфта буданд, имрӯз калима ба калима рост баромадаанд. Барои як одами ғайри мусалмон ин як далели садоқати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки аломатҳои гуфта шудаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имрӯз рост баромаданд. Барои як мусалмон ин як ишора аст, ки вақте ин аломатҳо зоҳир шуданд, пас, ҳатман Масеҳ ва Маҳдӣ ҳам зоҳир шавад. Ин вазифаи ҳар як мусалмони ҳақиқӣ мебошад, ки вақте ин аломатҳоро бо чашми худ дид, пас, Масеҳ ва Маҳдиро низ талош кунад.
اھدنا الصراط المستقیم۔
واٰخر دعوانا ان الحمد للہ رب العالمین۔
Leave A Comment