АЛОМАТҲОИ МАСЕҲ ВА МАҲДӢ АЛАЙҲИССАЛОМ
“ЗИКРИ ЯКЕ АЗ ОНҲО”
Акнун мо даъвоҳои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро аз рӯйи аломатҳои Қуръон ва ҳадис месанҷем, ки оё даъвоҳои Эшон аз рӯйи аломатҳои зикршудаи Қуръон ва ҳадис ҳастанд ё не?
Дар бораи ин пеш аз ҳама як хатои роҳёфтаи байни мардум бояд ислоҳ карда шавад. Бидонед, ки дар бораи аломатҳои Масеҳи Мавъуд бисёр ривоёту ҳадисҳо ворид шудаанд, аммо дар бораи ин масъала мардум дучори як хатои хатарнок шудаанд, ки ин баҳсро бисёр тӯл додааст. Яъне аломатҳое, ки дар бораи қурби қиёмат дар аҳодиси набавӣ зикр шудаанд, ҳамаро дар бораи Масеҳи Мавъуд фикр карда шудааст. Ин хатои ниҳоят бузург аст, зеро якум ин лозим намеояд, ки он аломатҳое, ки дар бораи қиёмат ё соат баён шудаанд, ҳатман дар бораи Масеҳи Мавъуд бошанд. Албатта, худи Масеҳи Мавъудро аломати соат ва ё қиёмат гуфта шудааст, аммо ин маънои он надорад, ки ҳамаи аломатҳои қиёмат дар замони Масеҳи Мавъуд зоҳир шаванд, балки мумкин аст, ки баъзе аломатҳои пеш аз зуҳури Масеҳи Мавъуд зоҳир шаванд, баъзеҳо дар замони Масеҳи Мавъуд ва баъзеҳо баъд аз Масеҳи Мавъуд зоҳир шаванд ва баъзеҳо қариби қиёмат зоҳир шаванд, зеро ҳамаи он замонро замони қурби қиёмат номида шудааст. Пас, ҳарчанд худи Масеҳи Мавъуд аломати қиёмат аст, аммо ҳамаи аломатҳои қиёматро дар вақти Масеҳи Мавъуд ҷустуҷӯ кардан хатои маҳз аст, зеро он аломатҳои хоси Масеҳи Мавъуд нестанд, балки аломатҳои қурби қиёмат ҳастанд.
Дуюм ин, ки баъзеҳо дар ҳадисҳо куҷое, ки калимаи қиёмат ва ё соат истифода шудааст, онро қиёмати кубро мефаҳманд, аммо ин ҳам як хатои калон аст. Дар ҳақиқат калимаҳои қиёмат ва ё соат дар забони арабӣ танҳо барои қиёмати кубро хос нестанд, балки ин калимаҳо барои ҳар як инқилоби бузурги дунё низ истифода шуда метавонанд. Аз ин рӯ дар фитнаҳо замони хилофати рошида “соат” буданд. Шаҳодати ҳазрати Имоми Ҳусайн (р) низ як соат буд. Пош хӯрдани Бани Умайя низ як соат буд. Вайрон шудани Бағдод ва Бану Аббос низ як соат буд. Ихроҷи мусалмонҳо аз Испания низ як соат буд ва ба ҳамин тариқ ҳамаи тағйироти бузург дар таърихи Ислом соат буданд. Дар ҳадисҳо ҳар кадом аломатҳое, ки дар бораи соат гуфта шудаанд, ҳамаи онҳо дар бораи қиёмати кубро нестанд, балки баъзе аз онҳо дар бораи ин соатҳои мобайнӣ ҳам ҳастанд. Яъне аломате дар бораи соати дигар мебошад ва аломати дигар дар бораи соати дигар мебошад ва баъзеҳо дар бораи соатаи кубро ҳастанд. Ин як ҳақиқат аст ва касе андак фикру тааммул кунад ва таърихи Исломро аз назар гузаронад, инро инкор карда наметавонад, зеро баъзе аломатҳо дар вақти худ зоҳир шуда ба ин ҳақиқат муҳр сабт кардаанд. Акнун ин фарзи мо аст, ки мо бояд фикр карда он аломатҳоро талош кунем, ки дар бораи замони Масеҳ ва Маҳдӣ хосанд.
Пас, бидонед, ки аз рӯйи Қуръон ва ҳадис аломатҳои аён, ки дар бораи Масеҳ ва Маҳдӣ ҳастанд, инҳо мебошанд:
- Дар замони Масеҳу Маҳдӣ воситаҳои нақлиёт тараққӣ хоҳанд кард ва гӯё ҳамаи дунё мисли як кишвар хоҳад шуд. Савораҳои нав эҷод хоҳанд шуд ва шутурро тарк карда хоҳад шуд. Чопи китобҳо, рисолаву мақола, рӯзномаву маҷаллаҳо хоҳад афзуд. Улуми моддӣ тараққӣ хоҳанд кард ва улуми пинҳонӣ зоҳир хоҳанд шуд. Баҳру дарёҳоро шигоф карда каналҳо сохта хоҳанд шуд.
- Дар замони Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд (а) дини салибӣ дар мақоми авҷи худ мебошад.
- Дар замони вай хурӯҷи Даҷҷол хоҳад шуд, ки фитнааш аз ҳама фитнаҳои пешин калон хоҳад шуд.
- Дар замони Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ алайҳиссалом Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ пурқувваттар хоҳанд шуд ва дар мақомҳои беҳтарини дунё ғолиб хоҳанд шуд. Қавмҳо зидди як дигар хоҳанд шуд.
- Барои дин он замон фасоди азим хоҳад шуд ва ба ҳар тараф материялизм ва атеизм интишор хоҳад шуд. Дар он замон дини Ислом дар ҳолати заиф қарор хоҳад гирифт ва вазъияти олимони дини Ислом бад хоҳад шуд ва дар Ислом бисёр ихтилофҳо пайдо хоҳанд шуд ва ақидаҳо иваз хоҳанд шуд. Аъмоли мардум вайрон хоҳанд шуд ва имон аз дунё хоҳад бархост ва ғайр аз ин дини Ислом аз чор тараф дар иҳотаи душманон қарор хоҳад гирифт.
- Дар замони Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд дар моҳи Рамазон дар рӯзҳои муайяншуда Моҳ ва Офтоб гирифта хоҳад шуд.
- Дар замони Эшон хурӯҷи “доббат-ул-арз” хоҳад шуд.
- Масеҳи Мавъуд ба тарафи шарқи Димишқ бар манораи сафед нозил хоҳад шуд.
- Ранги Масеҳи Мавъуд гандумӣ ва мӯйи сараш дарозу мулоим хоҳанд шуд.
- Масеҳи Мавъуд салибро хоҳад шикаст, хукҳоро қатл хоҳад кард, Даҷҷолро хоҳад кушт ва Исломро ғалаба хоҳад бахшид. Дар замонаш офтоб аз ғарб тулӯъ хоҳад шуд. Масеҳи Мавъуд ҳамаи ихтилофи дурунаву берунаро Ҳакам ва Адал шуда, қазоват хоҳад кард ва имони гумшударо дар дунё хоҳад овард ва мардумро бисёр мол хоҳад дод, аммо дунё ин молро қабул нахоҳад кард.
Ин ҳамаи аломатҳо аз рӯйи Қуръон ва ҳадисҳо гуфта шудаанд ва ҳамаи мусалмонҳо дар бораи ин аломатҳо бо мо мувофиқат мекунанд. Акнун мо ҳамаи ин аломатҳоро пеши назарамон гузошта садоқати ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро месанҷем, то ҳақ ва ботил ҷудо шавад. وما توفیقنا الا باللہ
Дар байни ин аломатҳо мо аломатҳои 3, 6, 8 ва 9-ро аллакай дар мақолаҳои гуногун шарҳ додем ва дуюм бора ҳоҷати шарҳ нест.
- Аломати якум:
Аломати якум аз Қуръони пок аз ин оятҳо маълум мешавад:
وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ۔ وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ۔ وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ۔ وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ۔ سورۃ التکویر۔4-6-7-10
Яъне аломатҳои Масеҳи Мавъуд ва қурби қиёмат инҳо мебошанд, ки дар он замон уштурҳо ҳамчун нақлу ҳамал истифода карда нахоҳанд шуд. Сабаб ҳамин хоҳад шуд, ки барои нақлу ҳамал нақлиёти ҷадид эҷод хоҳанд шуд ва мардум дигар эҳтиёҷи ҳайвонот нахоҳанд дошт.
Боз ин ки дарё ва баҳрҳо шикофта хоҳанд шуд, яъне онҳоро ба воситаи каналҳо шикоф карда мешавад. Китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо бо касрат чоп хоҳанд шуд, яъне чопхонаҳо эҷод хоҳанд шуд ва кори чопӣ бениҳоят осон хоҳад гашт. Мардуми ҳама ҷо бо як дигар омехта хоҳанд шуд. Яъне асбобҳо он чунон тараққӣ хоҳанд кард, ки мардум бо як дигар тез омехта хоҳанд шуд ва расидан аз як ҷо ба ҷойи дигар осон хоҳад гашт ва ҳамаи дунё гӯё як кишвар хоҳад шуд.
Ҳадиси Пайғамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ ин ақидаро қувва медиҳад:
لتُتْرکنّ القلاصُ فلا یُسعیٰ علیھا۔صحیح مسلم کتاب الایمان باب نزول عیسیٰ ابن مریم حاکما بشریعۃ نبینا محمد صلی اللہ علیہ وسلم
Яъне уштурҳо тарк карда мешаванд ва онҳо ба кор нахоҳанд омад.
Дар Қуръон дар як ҷо навишта шудааст:
وَأَخْرَجَتِ الْأَرْضُ أَثْقَالَهَا۔ سورۃ الزلزال۔ 2
Яъне дар замони охир замин ҳамаи борҳои пинҳони худро хоҳад баровард ва илмҳои моддӣ бисёр хоҳанд шуд ва монанди инҳо.
Хонандагони азиз, худатон мушоҳида кунед, ки ин аломатҳо зуҳур кардаанд ё не? Ҳамаи нақлиёти нав барои сафар эҷод шудаанд. Барои алоқа телефон, телевизор, радио ва ғайраҳо эҷод шудаанд. Каналҳоро сохта, обро идора карда мешавад. Чопхонаҳо дар ҳама ҷо ҳастанд ва миллион-миллион китобҳо чоп шуда истодаанд. Ба воситаи ин ишоати дин ҳам осон шудааст. Поезду мошинҳо вазифаҳои уштурҳоро иҷро мекунанд. Ин аломатҳо дар ҳақиқат дар ин замон он чунон ба вуҷуд омадаанд ва зоҳир шудаанд, ки ягон иштибоҳ боқӣ намемонад. فالحمد للہ علی ذلک. Дар баробари ин илмҳои динӣ ҳам чунин афзудаанд, ки пеш аз ин чунин набуд.
Ин амрро набояд фаромӯш кард, ки барои беъсати Масеҳи Мавъуд бояд ҳамин тавр замон лозим буд, зеро дар замони Масеҳи Мавъуд ишоати дин мешуд. Ба ҳамин сабаб дар замони Масеҳи Мавъуд муҳайё будани асбобҳои таблиғоти динӣ ҳатмӣ буданд, то Масеҳи Мавъуд ва ҷамоаташ фарзи таблиғро адо карда тавонанд.
Акнун ин вазифаи ҳар як хонанда аст, ки дар бораи Имом Маҳдӣ дуо карда аз Худо раҳнамоӣ талаб кунад ва вақте дилаш итминон дошта бошад, бояд Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъудро қабул кунад.
Leave A Comment