ТАСАВВУРИ МАҲДИИ ХУНИН ДАР МУСАЛМОНҲО

Хонандагони азиз, пеш аз ин мо дар бораи Имом Маҳдӣ қариб ҳамаи баҳсҳоро ҳал кардем ва исбот кардем, ки Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд дар ҳақиқат як одам аст ва он кас ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мебошанд, зеро дар бораи Маҳдӣ аз ҳама нишони калон, ки дар ҳадис зикр шуда буд, аз тарафи Худо нишон дода шуд. Он нишон гирифтани моҳ ва офтоб дар моҳи Рамазон буд, ки соли 1894 аз тарафи Худо дар ҳаққи Маҳдии худ нишон дода шуд. Ин нишон аз дасти ягон одам нест, балки аз тарафи Худо аст ва шаҳодати Худо дар ҳаққи ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом аст. Баъд аз ин нишон барои муҳаққиқон ва ҳақҷӯён танҳо як чиз мемонад ва он чиз дуо мебошад. Дуо кунед, ки Худо дар бораи ин амр, ки айни замон дини Ислом бар вай асос дорад, шуморо роҳнамоӣ кунад.

Дар бораи Маҳдӣ як саволи муҳим боқӣ мемонад ва он масъалаи Маҳдии хунӣ аст. Яъне оё Маҳдӣ бо шамшер зоҳир хоҳад шуд ва кофирҳоро нест хоҳад кард ва ё бо роҳи амн зоҳир хоҳад шуд? Оё бо шамшери оҳанӣ Исломро ғолиб хоҳад кард ва ё бо шамшери далелҳо?

Дар ин замон дар мусалмонҳо фикри умумӣ ҳамин аст, ки Маҳдӣ бо мункирону кофирон бо шамшер ҷиҳод хоҳад кард, ҳатто ҷизяро ҳам қабул нахоҳад кард ва дар натиҷа ё ҳамаи кофирон мусалмон хоҳанд гашт ва ё кушта хоҳанд шуд. Аммо дар назди мо ин як ақидаи ботил ва роҳи бадном кардани дини Ислом аст. Барои ин баҳс мо бояд Қуръонро асос гирифта нигоҳ кунем, ки оё Қуръон оид ба масъалаҳои динӣ бардоштани шамшерро иҷозат медиҳад ва ё не? Яъне оё аз рӯйи таълимоти исломӣ ин амр ҷоиз аст, ки мардумро аз роҳи зӯрӣ мусалмон карда шавад? Агар дини Ислом моро дар бораи ин иҷозат диҳад, ки мардумро аз роҳи ҷабру зӯрӣ ба Ислом дохил кунед, пас, ин фарзи айни мост, ки мо бояд дар бораи ин масъала фикр кунем, ки оё Маҳдӣ шамшер мебардорад ё аз тариқи сулҳ вазифаашро анҷом хоҳад дод? Аммо агар таълимоти исломӣ ошкоро хабар диҳанд, ки дар бораи дин ҷабр кардан дуруст нест ва ба воситаи шамшер дохил кардан ба дини Ислом ноҷоиз аст, пас дар баробари ин, масъалаи Маҳдии хунӣ низ ҳал хоҳад шуд, зеро вақте ҷабр ҷоиз набошад, пас ягон муслеҳи оянда чӣ тавр ба номи ҷабр омада метавонад.

Акнун вақте мо дар бораи ин масъала ба тарафи Қуръон нигоҳ мекунем, якум оят, ки дар зеҳнамон меояд ҳамин мебошад:

لاَ إِكْرَاهَ فِي الدِّيْنِ قَدْ تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ۔ (سورۃ البقرۃ:257)

Яъне “Дар бораи дин ҳеҷ ҷабр нест, зеро ҳидоят аз залолат мумтоз шудааст”.

Дар ин ояти шариф Худои таоло фармудааст, ки дар муомилаҳои динӣ ҷабр кардан ҷоиз нест ва азбаски Қуръон бо ҳар як даъво далел низ меорад, бинобар ҳамин, баъд  аз ин фармуд, ки ҷабр ба сабаби он ҷоиз нест, ки ҳидоят ва залолат ду амри зоҳир ҳастанд. Ҳар кас, ки бо дили ором ба ин масъала фикр мекунад, ҳидоятро дида метавонад. Ҷабр он вақт даркор мешавад, вақте ягон таълими ноқис бошад ва бо хубии худ дили мардумро бурда натавонад, аммо таълими Қуръони пок субҳоналлаҳ чунон равшан аст, ки касе андак фикр кунад, ҳақро ёфта метавонад. Бинобар ҳамин, барои қабул кунондани таълими Қуръон ягон намуд ҷабр дуруст нест. Ғайр аз ин андак фикр кунед, ки бо роҳи зӯрӣ ва шамшеру ҷиҳод мардумро ба дини Ислом дохил кардан маънои он дорад, ки гӯё мо иқрор карда истодаем, ки Ислом (наузубиллоҳ) аз тарафи Худо нест ва дурӯғ аст ва ё инро қабул мекунем, ки дини Ислом он қадар қувва надорад, ки диққати мардумро ба худ ҷалб кунад ва ба ҳамин сабаб ҷабр даркор шуд.

Боз як чизи муҳимро бояд диққат диҳем, ки ҷабр ва зӯрӣ танҳо ба бадани инсон ҳукумат карда метавонад. Ба воситаи ҷабр ҳеҷ кас ба фикру ақида ва ба рӯҳи касе ғолиб намешавад ва дин бисёртар бо рӯҳу фикрҳои дурунӣ алоқамандӣ дорад. Аъмол низ бо ин алоқа доранд, зеро барои аъмол бояд аз тарафи дили одам таҳрик шавад. Агар аъмол дар натиҷаи ягон қувваи берунӣ карда шаванд ва дили одам ба онҳо мувофиқат накунад, пас, чунин аъмол ҳеҷ гоҳ аз рӯйи маънои ҳақиқӣ аъмоли динӣ тасаввур карда намешаванд. Масалан, саҷда кардан ба Худо яке аз аъмоли нек аст, аммо агар касе дар роҳ пешпо хӯрда биафтад ва ба ҳолати саҷда шавад, пас ҳарчанд ӯ дар зоҳир дар ҳолати саҷда аст, аммо дар истилоҳи динӣ ҳеҷ кас ӯро саҷдаи пеши Худо фикр намекунад, зеро он санги роҳ ӯро ҷабран ба саҷда даровардааст. Барои саҷдаи ҳақиқӣ бояд таҳрики дил ва нийяти инсон ҳамроҳ шаванд, сипас, он ҳаракати берунӣ қабул хоҳад шуд. Ҳамин сабаб буд, ки Сарвари коинот, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

اِنَّمَا الْاَعْمَالُ بِالنِّیَّاتِ۔ صحیح بخاری

Яъне аъмоли ҳақиқӣ ҳамонанд, ки бо онҳо нийяти дил бошад. Ба ҳамин сабаб, ягон кас касеро ҷабран ба дини Ислом дохил карда наметавонад, зеро дин номи “иқрор биллисон” (иқрори забон) ва “Тасдиқ билқалб” (тасдиқи дил) аст ва ин умур бо ҷабр ҳеҷ гоҳ пайдо шуда наметавонанд. Пас исбот шуд, ки касеро бо ҷабр ба ягон дин дохил карда намешавад. Ба ҳамин сабаб Худои таоло фармудааст, ки

فَاعْلَمُواْ أَنَّمَا عَلَى رَسُوْلِنَا الْبَلاَغُ الْمُبِيْنُ۔ سورۃ المائدۃ۔ 93

Яъне кори расуламон ҳамин аст, ки ба мардум пайғоми ошкоро расонад.

Боз дини Ислом мунофиқро бисёр бад гуфтааст ва ҷазои ӯ аз кофир низ зиёдтар гуфтааст:

إِنَّ الْمُنَافِقِيْنَ فِي الدَّرْكِ الأَسْفَلِ مِنَ النَّارِ۔ سورۃ النساء۔146

Яъне мунофиқҳо дар ҷойи сахттарини дӯзах партофта хоҳанд шуд. Акнун ҳама медонанд, ки дар натиҷаи ҷабр танҳо мунофиқ пйдо мешавад, на ки муъмин. Пас, ҳамин оятро дида Ислом чаро иҷозати ҷабр диҳад? Худо халқи худро ҳатман дӯст медорад, на ки ягон ҳила карда онҳоро ба дӯзах партофтан мехоҳад.

Акнун дар ин ҷо як савол дар зеҳни ҳамаи хонандаҳо пайдо мешавад, ки вақте Қуръони пок бо ояти ошкор мардумро ба воситаи шамшер дохил кардан ба Ислом манъ мекунад ва дар муомилаҳои динӣ иҷозати ҷабр намедиҳад, пас, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чаро шамшерро бардоштанд?

Барои ёфтани ҷавоби ҳақиқии ин савол мо бояд ба он ояти Қуръони пок назар афканем, ки дар он нахустин бор мусалмонҳоро иҷозати бардоштани шамшер дода шудааст. Худои таоло мефармояд:

اُذِنَ لِلَّذِیۡنَ یُقٰتَلُوۡنَ بِاَنَّہُمۡ ظُلِمُوۡا ؕ وَ اِنَّ اللّٰہَ عَلٰی نَصۡرِھِمۡ لَقَدِیۡرُ ۔ الَّذِیۡنَ اُخۡرِجُوۡا مِنۡ دِیَارِھِمۡ بِغَیۡرِ حَقٍّ اِلَّاۤ اَنۡ یَّقُوۡلُوۡا رَبُّنَا اللّٰہُ ؕ وَ لَوۡ لَا دَفۡعُ اللّٰہِ النَّاسَ بَعۡضَہُمۡ بِبَعۡضٍ لَّھُدِّمَتۡ صَوَامِعُ وَ بِیَعٌ وَّ صَلَوٰتٌ وَّ مَسٰجِدُ یُذۡکَرُ فِیۡہَا اسۡمُ اللّٰہِ کَثِیۡرًا ؕ وَ لَیَنۡصُرَنَّ اللّٰہُ مَنۡ یَّنۡصُرُہٗ ؕ اِنَّ اللّٰہَ لَقَوِیٌّ عَزِیۡزٌ ۔ سورۃ الحج۔ 40-41

Яъне “Ба онҳое, ки бар зидашон аз тарафи кофирон шамшер бардошта шуд, барои ҷанг иҷозат дода мешавад, зеро бар онҳо зулм карда шуд. Ва албатта Худо бар нусрати онҳо қодир аст. (Инҳо) касоне (ҳастан), ки аз хонаашон бе ягон сабаби ҷоиз берун карда шуданд, танҳо ба ҳамин асос, ки онҳо гуфтанд, ки Аллоҳ Рабби мост. Ва агар Худо мардумро (иҷозати ҷанги дифоъ дода) аз дасти якдигар боз намемонд, пас, роҳабхонаҳо, калисоҳо, маобид (ибодатхонаҳои яҳудиҳо) ва масоҷид, ки дар онҳо бисёр номи Худо ёд карда мешавад, нобуд карда мешуданд”…

Ин аст ояте, ки Худои таоло нахустин бор дар вай мусалмонҳоро бар муқобили кофирон иҷозати ҷанг дод. Диққат диҳед, ки Худои таоло ошкоро дар ин ҷо сабаби ҷангро баён фармудааст ва он сабаб ин аст, ки фитна дур шавад ва озодии динӣ пайдо шавад. Ин амр низ возеҳ гуфта шудааст, ки якум ҷангро мусалмонҳо оғоз накарданд, балки вақте кофирон шамшер бардоштанд ва бар мусалмонҳо зулмҳои гуногун раво доштанд ва аз хонаҳо берун карданд, он гоҳ барои дафъи шар Худои таоло иҷозати ҷанг дод. Мусалмонҳо то 13 сол сабр карданд ва ҳар як ҷабру зулмро бо сабру истиқомат бардошт карданд, ҳатто Маккаро тарк намуда ба Мадина рафтанд, то аз шарри кофирҳои Макка эмин монанд, аммо кофирҳои Макка ба ин бас накарданд ва ҷангро оғоз карданд. Дар ҷавоб мусалмонҳо маҷбур шуданд, ки шамшерро бардоранд. Пас, ин гапи дурӯғ аст, ки мусалмонҳо барои паҳн кардани дини Ислом шамшерро бардоштанд.

Мусалмонҳо аз оғоз барои дафъи шар ва озодии динӣ шамшер бардоштанд, то ҳар кас бо дили кушод кадом динро дуруст бифаҳмад, қабул кунад. Баъдтар вақте як мамлакати исломӣ ба вуҷуд омад, мусалмонҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ҷанг карданд ва ё барои он шамшер бардоштанд, то дар кишварҳое, ки дар он ба сабаби набудани озодии динӣ дарҳои таблиғи Ислом маҳкам буданд ва мардумро барои қабули дини Ислом ҷабран манъ карда мешуд, кушода карда шаванд. Саҳобаҳо ҳеҷ вақт ягон касро ҷабран мусалмон накарданд.

Пас оё ин ҷойи тааҷҷуб нест, ки сабаби омадани Маҳдӣ ҳамин дониста шавад, ки ӯ тамоми дунёро ҷабран мусалмон хоҳад кард? Оё омади чунин Маҳдӣ сабаби фахри Ислом шуда метавонад? Албатта не. Балки ҷойи фахр дар ин аст, ки дини Исломро бо далелҳои пурқувват ва ҷозибаи рӯҳонӣ бар тамоми динҳои рӯйи дунё ғолиб исбот карда шавад. Бо хубиҳои Ислом мардум шинос шаванд ва ба онҳо гуфта шавад, ки танҳо дини Ислом дини зиндаест, ки барои садоқати худ ин қадар далелҳо дорад, ки агар тарси Худоро дар дил монда бар ин дин диққат дода шавад, садоқати ин дин ҳатман зоҳир мешавад.

Хонандагони азиз, аз рӯйи таълимоти дини Ислом чунин Маҳдӣ нахоҳад омад, ки баъд аз омади худ дар дунё ҷангҳо оғоз кунад ва мардумро ҷабран мусалмон кунад. Фикр кунед, ки оё Маҳдӣ аз шариати Ислом берун мебарояд ва ё дар замонаш шариати Ислом мансух хоҳад шуд? Пас, агар ин тавр набошад ва Маҳдӣ ҳатман ба ҳайси ходими дини Ислом ва мутеи (итоаткунандаи) ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда ояд, пас ӯ чӣ хел бар зидди кофирон шамшер бардошта метавонад? Агар ӯ чунин кард, пас ӯ ҳатман муслеҳ нахоҳад буд, балки бар зидди таълимоти Ислом амал хоҳад кард.

Вақте исбот шудааст, ки Масеҳ ва Маҳдӣ ду одам не, балки як кас аст, пас Маҳдӣ чӣ хел шамшер бардошта метавонад, вақте дар бораи Масеҳ ошкоро гуфта шудааст, ки ӯ ҷангро мавқуф хоҳад кард. Чунончи:

حَدَّثَنَا إِسْحَاقُ، أَخْبَرَنَا يَعْقُوبُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ، حَدَّثَنَا أَبِي، عَنْ صَالِحٍ، عَنِ ابْنِ شِهَابٍ أَنَّ سَعِيدَ بْنَ المُسَيِّبِ، سَمِعَ أَبَا هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ، لَيُوشِكَنَّ أَنْ يَنْزِلَ فِيكُمْ ابْنُ مَرْيَمَ حَكَمًا عَدْلًا، فَيَكْسِرَ الصَّلِيبَ، وَيَقْتُلَ الخِنْزِيرَ، وَيَضَعَ الْحَرْبَ، وَيَفِيضَ المَالُ حَتَّى لاَ يَقْبَلَهُ أَحَدٌ، حَتَّى تَكُونَ السَّجْدَةُ الوَاحِدَةُ خَيْرًا مِنَ الدُّنْيَا وَمَا فِيهَا»، ثُمَّ يَقُولُ أَبُو هُرَيْرَةَ: ” وَاقْرَءُوا إِنْ شِئْتُمْ: {وَإِنْ مِنْ أَهْلِ الكِتَابِ إِلَّا لَيُؤْمِنَنَّ بِهِ قَبْلَ مَوْتِهِ، وَيَوْمَ القِيَامَةِ يَكُونُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا} [النساء: 159

صحیح بخاری کتاب أحادیث الانبیاء باب نزول عیسیٰ ابن مریم

Дар ин ҷо калимаҳои یَضَعُ الْحَرْب бар ин далолат мекунанд, ки Масеҳ ва Маҳдӣ на аз роҳи ҷангҳо, балки аз роҳи сулҳ мардумро ба тарафи ҳидоят ҷеғ хоҳад зад.

Боз як саволи дигар пайдо мешавад, ки вақте дини Ислом дар бораи дин таълими ҷабр намедиҳад ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ хабари ягон Маҳдии хунӣ надодаанд, пас ин ақида аз куҷо дар мусалмонҳо пайдо шуд? Ҷавобаш ҳамин, ки бадбахтона дар мардум ин қоида шудааст, ки пеш аз ҳама матни зоҳирии пешгӯйҳоро қабул мекунанд ва ҳақиқату маънои ботинии онҳоро сарфи назар мекунанд. Барои мисол боз мо ба таърих назар мекунем.

Бо бани Исроил чунин ваъда карда шуд, ки Исо ибни Марям зоҳир шуда, як салтанати азимушшони яҳудиро асосгузорӣ хоҳад кард. Дар Библия чунин омадааст:

  • “Ва Ман аробаҳоро аз Эфроим ва аспонро аз Ерусалим маҳв хоҳам кард ва камони ҷангӣ барҳам хоҳад хӯрд ва ӯ бо халқҳо аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд ва салтанаташ аз баҳр то баҳр ва аз наҳр то ақсои замин хоҳад буд”.

(Таврот, китоби Закариё, боби 9, ояти 10)

Аммо вақте ҳазрати Исо алайҳиссалом даъвои масеҳият карданд, он гоҳ яҳудиҳо диданд, ки ӯ як шахси одӣ аст ва ягон салтанатро бунёд нагузоштааст, балки ба роҳи амн таҳти ҳукумати Рум таблиғ карда истодааст. Инро дида яҳудиҳо сахт афсус хӯрданд ва ноумед шуданд. Онҳо дар интизори шахсе буданд, ки омада онҳоро ба тахт мешинонд, аммо ҳазрати Исо алайҳиссалом омада эълон карданд:

  • «Рӯбоҳо лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад».

(Инҷили Матто, боби 8, ояти 20)

Айнан ҳамин тавр мусалмонҳо низ дар интизори як Маҳдии хунин ҳастанд, ки омада кофирҳоро қатл кунад ва як салтанати исломиро асосгузорӣ кунад. Аммо бар хилофи ваъдаи Худо ва Русул умед бастан бефоида аст.

Дар ҳақиқат барои зоҳир нумудани баландии рӯҳонии муслеҳи оянда ва барои нишон додани нақшаи тараққиёт ва мухолифати мардум баъзе вақт истилоҳоти ҷангиро ба таври истиора истифода карда мешавад, аммо мардум ба сабаби лоилмии худ маънои зоҳирии ин пешгӯйҳоро қабул мекунанд ва бо ҳамин асос муддаии ояндаро месанҷанд. Боз дар ин масъала нобинотар мешаванд, вақте дар шакли подшоҳи дунёвӣ фоидаи худро мебинанд. Як муслеҳи амн ба мардуми одӣ чӣ фоида расонда метавонад? Аммо як роҳбари ҷангӣ ба осонӣ кисаҳои мардумро бо пул пур карда метавонад ва онҳоро мансабҳо дода метавонад. Пас, чаро мардум ин тавр фикр кунанд, ки муслеҳи оянда вазъияти молии моро дуруст нахоҳад кард, балки тарбияи рӯҳонии моро хоҳад кард.

Бинобар ин истеъмоли истилоҳоти ҷангӣ дар бораи Маҳдӣ маънои онро надоранд, ки Маҳдӣ ягон генерали дунёвӣ хоҳад шуд, балки мурод аз ин калимаҳои махсус ин аст, ки беъсати Маҳдӣ бо нишонаҳои фавқулода хоҳад шуд ва ӯ дар садоқати Ислом чунин бароҳини қотеа хоҳад овард, ки ба сабаби онҳо гӯё бар мухолифон марг ворид хоҳад шуд. Ин истилоҳот ғайр аз ин ягон маънои дигар надоранд. Хоҳ қабул кунед, хоҳ не.

Хонандаҳо дар ҳолати имрӯзаи мусалмонҳо нигоҳ карда натиҷа бароварда метавонанд. Ин таълимро Маҳдии замон ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом зиёда аз як аср пеш гуфта буд, аммо мусалмонҳо Маҳдии дурӯғ гуфта, ба ин тараф таваҷҷуҳ накарданд. Агар он вақт ин таълимро қабул мекарданд, дар ин замон мусалмонҳо ҳамчун терорист ва ё ифротгарон дар дунё шинохта намешуданд. Ҳамин аст зарари қабул накардани гапи фиристодаи Худо. Дар ин замон силоҳи дуо аз ҳама таъсирнок аст. Хонандагони азиз, шумо низ аз Худои зинда дуо кунед, зеро Худои зинда ҳамаро ҷавоб медиҳад, аммо худоҳои мурда ба ҳеҷ кас ҷавоб намедиҳанд.

وما توفیقنا الا باللہ۔ اھدنا الصراط المستقیم۔ آمین