МАСЕҲ ВА МАҲДӢ ЯК ВУҶУДАНД

Баъд аз исбот кардани вафоти Исо алайҳиссалом ва омадани Масеҳи Мавъуд аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам навбат ба ин савол мерасад, ки оё Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ ду одам ҳастанд ва ё як кас аст? Пас, бидонед, ки ҳарчанд дар мусалмонҳо ба таври умумӣ ҳамин ақида вуҷуд дорад, ки Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ ҷудо-ҷудо ҳастанд, аммо агар ин масъаларо бо диққат бинем, пас исбот хоҳад шуд, ки ин ақидаи нодуруст аст ва бар зидди фармудаҳои пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.

Пеш аз ворид шудани ин баҳс ба таври мухтасар зикр мекунем, ки дар мусалмонҳо дар бораи Маҳдӣ чӣ фикрҳо ҳастанд. Бидонед, ки дар бораи Маҳдӣ ин қадар ихтилоф ва тазод мавҷуд аст, ки мумкин аст, ки ба хонанда аз хондани онҳо сардард шавад. Ихтилоф натанҳо дар як масъала, балки қариб дар ҳамаи суханҳо мебошад. Масалан, дар бораи насли Маҳдӣ бисёр ихтилоф аст. Гурӯҳе мегӯяд, ки Маҳдӣ аз авлоди ҳазрати Фотима алайҳассалом хоҳад шуд. Ин гурӯҳ боз се тақсим мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ аз авлоди Имоми Ҳасан (р) хоҳад шуд, баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ аз авлоди Имоми Ҳусайн (р) хоҳад шуд ва қисми сеюми одамҳо мегӯяд, ки Маҳдӣ аз ҳар ду, яъне аз авлоди Имоми Ҳасан ва Имоми Ҳусайн хоҳад шуд. Яъне агар модар ҳасанӣ бошад, падар ҳусайнӣ хоҳад шуд ва ё агар падар ҳасанӣ бошад, пас, модар ҳусайнӣ хоҳад шуд.

Боз як гурӯҳи дигар даъво дорад, ки Маҳдӣ аз авлоди ҳазрати Фотима намешавад, балки аз авлоди ҳазрати Аббос (р) хоҳад шуд ва баъзеҳо мегӯянд, ки Маҳдӣ аз авлоди ҳазрати Умар (р) хоҳад шуд.

Боз баъзе ҳадисҳо моро огоҳ мекунанд, ки барои Маҳдӣ ягон авлоди махсус даркор нест, балки танҳо ҳамин шарт аст, ки ӯ аз уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад.

Илова бар ин, дар бораи Маҳдӣ ва номи падараш ихтилоф аст. Баъзеҳо номаш Муҳаммад мегӯянд, баъзеҳо Аҳмад ва баъзеҳо ӯро Исо мегӯянд. Номи падар аз рӯйи ақидаи мазҳаби суннӣ Абдуллаҳ ва аз рӯйи шиаҳо Ҳасан хоҳад шуд.

Инчунин дар бораи ҷойи зоҳир шудани Маҳдӣ низ ихтилоф аст ва дар ин бора низ ихтилоф аст, ки Маҳдӣ дар дунё чанд сол вазифаи худро анҷом хоҳад дод. Хулоса, дар бораи Маҳдӣ қариб дар ҳар як амр кам ё зиёда ихтилоф мавҷуд аст ва бар замми ин лутф ҳамин, ки ҳар як гурӯҳ дар ҳаққи худ ҳадисҳо меорад.

Пас, дар чунин вазъият ҳамаи ин ҳадисҳоро дуруст таслим карда намешавад. Ҳамин сабаб шуд, ки ҳазрати Имом Бухорӣ (р) ва ҳазрати Имом Муслим (р) дар саҳеҳайни (Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим) худ дар бораи Маҳдӣ ягон бобро наоварданд, зеро онҳо аз ин ҳадисҳо ягонтояшро қобили эътибор надонистанд. Инчунин баъзе олимони баъдина низ оид ба Маҳдӣ ҳадисҳоро қабул накарданд ва навиштанд, ки дар бораи Маҳдӣ чӣ қадар ҳадисҳо ҳастанд, берун аз баҳс нестанд.

Акнун савол пайдо мешавад, ки сабаби ин ихтилоф чист? Ҷавобаш ҳамин, ки ҳарчанд дар уммат як Маҳдӣ мавъуд (ваъда шуда) ва хос аст, аммо дар ҳақиқат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи якчанд маҳдиҳо хабар дода буданд, чӣ хеле, ки дар бораи муҷаддадин хабар дода буданд, ки дар вақтҳои гуногун омада аз рӯйи вазъияти замон зоҳир мешаванд ва аз рӯйи корашон, ки додани ҳидоят аст, маҳдӣ номида мешаванд. Ба ҳамин сабаб дар ин ривоёт ихтилоф сар шуд ва мардум ҳамин фикр карданд, ки ин ҳамаи ривоятҳо дар бораи як одам ҳастанд, аммо онҳо дар бораи одамони гуногун буданд.

Ғайр аз ин, ин ҳам дуруст аст, ки ҳар як қавму гурӯҳ ва ё фирқа бисёр кӯшиш мекунад, ки тамоми хайр ба тарафи худ мансуб кунад. Вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар доданд, ки дар уммати ман як Маҳдӣ пайдо мешавад, пас ҳар як гурӯҳу фирқа хоҳиш кард ва кӯшид, ки Маҳдии мавъуд аз байни мо зоҳир шавад ва гурӯҳи мо ба ин тариқ бартар шавад. Азбаски ҳар як одам муттақӣ ва Худотарс намебошад, пас, баъзеҳо чунин ҳадисҳоро сохтанд, ки аз онҳо исбот мешавад, ки Маҳдӣ аз гурӯҳи онҳо таваллуд  хоҳад шуд. Ҳамин сабаб шуд, ки дар бораи Маҳдӣ дар ҳадисҳо ин қадар ихтилоф ба вуҷуд омад, аммо он ҳадисҳо, ки Маҳдиро аз ягон гурӯҳ вобаста намекунанд, балки омадани Маҳдиро аз уммати Муҳаммадия мегӯянд, сазоворанд, ки онҳоро қабул кунем, зеро сабаби вазъӣ гуфтани онҳоро надорем. Сабаб қабулашон ҳамин, ки чаро як кас дар бораи Маҳдӣ чунин нақл кунад, ки Маҳдӣ аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, зеро аз нақли чунин ҳадис ӯ фоида нахоҳад гирифт.

Хулоса, ин ихтилофро ба назар гирифта фарзи мо ҳамин бояд бошад, ки мо Маҳдиро бо ягон қавм муносибат надиҳем, балки ба ҳамин чиз имон биорем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи Маҳдие пешгӯӣ фармуданд, ки дар охири замон аз умматашон хоҳад омад. Ҳамин роҳи эҳтиёт аст. Агар мо чунин ақидаро қабул кунем, ки Маҳдӣ аз авлоди ҳазрати Фотима алайҳассалом зоҳир хоҳад шуд ва дар охир Маҳдӣ аз банӣ Аббос зоҳир шавад, пас, ҳамин эътиқоди мо дар роҳи имони мо монеаи калон хоҳад шуд ва мо аз имон овардан ба Маҳдӣ маҳрум хоҳем монд ва баръакси ҳамин ҳам шуданаш мумкин аст. Пас ақидаи мо бояд ҳамин бошад, ки Маҳдӣ аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад шуд ва бо ҳамин ақида мо эмин мемонем. Агар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳақиқат Маҳдиро бо ягон кас муносибат дода бошанд, он гоҳ ҳам мо аз рӯйи ҳамин ақида ба роҳи наҷот қадам хоҳем зад.

Номи Маҳдӣ

Боз як баҳси дигар аст. Ҳарчанд дар бораи номи Маҳдӣ ва номи падараш ихтилоф аст, аммо ақидаи ғолиб ҳамин аст, ки номи Маҳдӣ “Муҳаммад”  ва номи падараш “Абдуллаҳ” хоҳад шуд. Дар ҳаққи ин ақида ҳам ривоёт аз баҳс холӣ нестанд, аммо аз рӯйи усули ривоят дар ҳаққи худ вазн доранд. Агар мо ин ҳадисҳоро қабул кунем ҳам, аз адолат берун намебароем. Дар ин сурат ҳам бар даъвои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом эътироз ворид намешавад, зеро вақте ин ояти сураи Ҷумъа нозил шуд:

واٰخرین منھم لما یلحقوا بھم۔۔۔ (سورۃ الجمعۃ)

Яъне дар охирзамон як гурӯҳи дигар пайдо мешавад, ки монанди саҳобаҳо хоҳад шуд. Яъне одаме монанди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад, ки тарбияи онҳоро мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар замони охир як масили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайдо мешавад, ки дар итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад ва монанди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам як ҷамоатро тарбияи рӯҳонӣ хоҳад кард. Пас ба ҳамин сабаб мо гуфта метавонем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам номи Маҳдии Мавъудро “Муҳаммад” ва номи падарашро “Абдуллаҳ”  монданд, то исбот шавад, ки Маҳдӣ ҳамон кас аст, ки дар сураи Ҷумъа дар борааш пешгӯӣ карда шудааст. Яъне дар бораи Маҳдӣ исми Муҳаммад ибни Абдуллаҳ истифода кардан маънои онро надорад, ки номи ӯро гуфта шавад, балки мақсади ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамин буд, ки беъсати Маҳдӣ дар асл беъсати ман аст ва кори ӯ аз кори ман ҷудо намебошад. Тарзи калом низ дар ҳадис ба ин тараф ишора карда истодааст. Дар ҳадис ин тавр наомадааст, ки номи Маҳдӣ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ мешавад, балки дар ҳадис чунин омадааст:

یواطئ اسمہٗ اسمی واسم ابیہ اسم ابی۔

Хулоса, тарзи гуфтор низ ба ҳамин тараф ишора дорад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам вазифаи Маҳдиро аз вазифаи худ ҷудо надонистанд ва ба ҳамин сабаб ӯро масили худ гуфтанд.

Дуюм ин, ки дар бораи насаби Маҳдӣ сухани саҳеҳтар ҳамин аст, ки ӯ аз аҳли байт хоҳад шуд ва суханҳои дигар дар муқобили ин дараҷаи камтар доранд, аммо инро ҳам дуруст қабул кардан ҳеҷ монеа надорад, зеро медонем, ки вақте ояти “اٰخَرِیْنَ مِنْھُمْ” нозил шуд, он гоҳ дар ҷавоби саволи саҳоба ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар китфи ҳазрати Салмон Форсӣ (р) даст монда фармуданд, ки

لو کان الایمان عند الثریا لنالہ رجل من ھٰؤلآء۔ (صحیح بخاری۔ کتاب التفسیر۔ تفسیر سورۃ جمعہ)

Яъне агар имон аз замин ба ситораи Сурайё равад ҳам, аз ин мардуми форс як кас онро ба замин хоҳад овард.

Гӯё ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Маҳдиро аз қавми ҳазрати Салмон нисбат доданд, ки форсӣ буданд. Акнун боз дар бораи ҳазрати Салмон (р) дар вақти ғазваи Аҳзоб ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки

سَلْمَانُ مِنَّا اَھْلَ الْبَیْتِ۔ (طبرانی کبیر و مستدرک حاکم)

Яъне Салмон аз аҳли байти мо аст.

Пас, дар бораи Маҳдӣ калимаи “аҳли байт” низ мухолифи даъвои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом нест, балки дар ҳаққи эшон аст ва ин нуктаи латиф аст, ки набояд фаромӯш кунем. Яъне Маҳдии Мавъуд форсиуласл низ шуд, чӣ хеле, ки аз ҳадиси саҳеҳ исбот шуд ва аҳли байт ҳам шуд, чӣ хеле, ки дар ривоёти омма зикр аст.

Ғайр аз ин мебинем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи Масеҳ ва Маҳдӣ фармудаанд, ки

یُدْفَنُ مَعِیْ فِیْ قَبْرِیْ۔ (مشکوۃ کتاب الفتن باب نزول عیسیٰ ابن مریم)

Яъне “Ӯ бо ман дар қабри ман дафн карда хоҳад шуд”. Аз ин ҳадис ҳам ба тарафи ҳамин иттиҳоди рӯҳонӣ ишора карда мешавад. Аз ин ҳадис ҳеҷ гоҳ маънои зоҳир бароварда намешаванд. Кадом мусалмон раво дорад, ки қабри ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро кушода шавад ва дар он Масеҳу Маҳдӣ дафн карда шавад. Илова бар ин, дар бораи қабри ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоби ҳазрати Оиша алайҳассалом низ нодуруст мебарояд. Ҳазрати Оиша дар хоб ин тавр надида буданд, ки дар он ҷо Маҳдӣ ва Масеҳ инз дафн карда мешаванд. Хулоса, ҳақ ҳамин аст, ки мо бояд ҳамин тавр фаҳмем, ки дар ҳамаи ин суханҳо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ин тараф ишора карда буданд, ки он Маҳдию Масеҳ масили (монанди) ман хоҳад шуд ва кори маро давом хоҳад дод.

Баъд аз навиштани шарҳи мухтасар дар бораи Маҳдӣ акнун мо ба ин мавзӯъ бармегардем, ки Масеҳ ва Маҳдӣ ҷудо нестанд, балки як вуҷуданд ва номҳои як одам ҳастанд, ки ба сабаби дараҷаҳои мухталиф ӯро дода шудаанд.

Аввалан мафҳуми калимаи Маҳдӣ моро водор мекунад, ки Масеҳ ва Маҳдӣ як кас аст. Илова бар ин ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам калимаи Маҳдиро ба таври исми маърифа истифода накарданд, балки ба таври як номи сифатӣ истифода карданд. Маънои Маҳдӣ “ҳидоятёфта” мебошад ва аз баъзе ҳадисҳо маълум мешавад, ки Пайғамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин калимаро дар бораи онҳо ҳам истифода карданд, ки Маҳдӣ набуданд. Масалан, дар бораи халифаҳои худ ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки

الخلفاء الراشدین المھدیین۔ (ابوداؤد و ترمذی)

Яъне “Халифаҳои ман маҳдӣ ҳастанд”.

Аз ин маълум мешавад, ки ҳамаи хулафои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Маҳдӣ ҳастанд. Азбаски Масеҳи Мавъуд аз байни хулафо дараҷаи мумтоз дорад, бинобар ҳамин, ӯ аз ҳама маҳдии бузург шуд ва он касе, ки маҳдии бузург аст, ҳамон кас дар ҳақиқат Маҳдии Мавъуд аст. Яъне дар бораи он ваъда дода шудааст ва ҳамон Масеҳ аст.

Боз дар ҳадис омадааст, ки

کَیفَ تھلک امۃ انا اوّلھا و عیسیٰ ابن مریم اٰخرھا۔ (کنز العمال جلد 7)

Яъне “Он уммат чӣ хел ҳалок шуда метавонад, ки дар аввалаш ман ҳастам ва дар охираш Исо ибни Марям аст”. Боз фармуданд:

خیر ھذہ الامۃ اولھا واٰخرھا اوّلھا فیھم رسول اللہ واٰخرھا فیھم عیسیٰ ابن مریم وبین ذٰلک فیج اعوج لیسوا منّی ولست منھم۔ (کنز العمال جلد 7)

Яъне “Дар ин уммат одамони беҳтарин дар аввалу охираш мебошанд. Дар аввалҳо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва дар охир Исо ибни Марям аст ва байни инҳо мардуми каҷрав ҳастанд, ки аз ман нестанд ва ман ҳам аз онҳо нестам”.

Акнун агар он Маҳдие, ки дар бораи омади вай дар охирзамон ваъда дода шудааст, аз Масеҳ ҷудо мешуд, пас ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд дар бораи ҳар ду, яъне Маҳдӣ ва Масеҳ зикр мекарданд, ки ҳар ду дар охири замон зоҳир шуда нигаҳубинии уммати ман хоҳанд кард, аммо ин тавр нагуфта шудааст, балки танҳо номи Масеҳ номбурда шудааст. Аз ин амр зоҳир мешавад, ки Масеҳ ва Маҳдӣ дар ҳақиқат як одам аст. Ба ҳамин сабаб танҳо калимаи Масеҳро истифода карда шуд.

Аҳли дониш бояд диққат диҳанд, ки чӣ хеле, ки ақидаи ом аст, ки Маҳдӣ бояд имом шавад ва Масеҳ дар қафои вай намоз хонад. Пас оё дар ин ҷо ҷойи тааҷҷуб нест, ки дар вақти зикри ҳифзи уммат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам муқтадӣ, яъне намозиро зикр карданд ва имомро тамоман тарк намуданд.

Боз диққат диҳед, ки дар ҳадис ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ду гурӯҳро ҳидоятёфта ва мардуми нек мегӯянд. (Зикри ин ду гурӯҳ дар сураи Ҷумъа низ омадааст:

هُوَ الَّذِيْ بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُوْلًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوْا مِنْ قَبْلُ لَفِيْ ضَلَالٍ مُّبِيْنٍ۔ وَآخَرِيْنَ مِنْهُمْ لَمَّا يَلْحَقُوْا بِهِمْ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ۔ (سورۃ الجمعۃ)

Яке онҳо, ки аз худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам таълим гирифтанд ва дуюм онҳое, ки пайравони Масеҳи Мавъуд хоҳанд шуд. Аммо дар ин ҷо ҳам ба тарафи пайравони Маҳдӣ ишора карда нашуд, балки ҳамин тавр зикр шуд, ки байни ин ду гурӯҳ “файҷи аъваҷ” аст, яъне бештари мардуми онҳо гумроҳ ҳастанд. Пас, аз рӯйи ҳамин ҳам исбот шуд, ки Маҳдӣ аз Масеҳ ҷудо нест, балки ҳамон кас аст, ки ба сабаби дараҷаҳои гуногун ӯро ду ном дода шуданд.

Илова бар ин дар ҳадисҳо кори Масеҳ ва Маҳдӣ қариб як гуфта шудааст. Ин ҳам далел бар ин аст, ки Масеҳ ва Маҳдӣ як одам аст. Боз дар ҳадис гуфта шудааст, ки агар як халифаи барҳақ мавҷуд бошад ва айни замон касе дигар даъвои хилофат кунад, он гоҳ ӯро қатл кунед (яъне агар ҳолати ҷанг бошад, бо ӯ ҷанг кунед ва агар ҳолати ҷанг набошад, ӯро ҳамчун мурда фикр карда, аз ӯ алоқаро қатъ кунед). Аз рӯйи таълимоти исломӣ дар як вақт бояд якто имом бошад ва дигарон тобеи ӯ бошанд. Ин ҳам далел бар он аст, ки Масеҳ ва Маҳдӣ ду одам нахоҳанд шуд, балки ду номи як одам ҳастанд, ки дар рӯзҳои охир халифаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шудааст.

Мо барои ҳар кас ҳар хел далелҳоро истифода кардем ва аввал он иштибоҳҳоро дур кардем, ки дар мусалмонҳо вуҷуд доранд, аммо акнун мо як ҳадисро меорем, ки дар вай ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ошкоро фармуданд, ки Масеҳ ва Маҳдӣ як одам аст. Ҳадис чунин аст:

حَدَّثَنَا يُونُسُ بْنُ عَبْدِ الْأَعْلَى قَالَ: حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِدْرِيسَ الشَّافِعِيُّ قَالَ: حَدَّثَنِي مُحَمَّدُ بْنُ خَالِدٍ الْجَنَدِيُّ، عَنْ أَبَانَ بْنِ صَالِحٍ، عَنِ الْحَسَنِ، عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «لَا يَزْدَادُ الْأَمْرُ إِلَّا شِدَّةً، وَلَا الدُّنْيَا إِلَّا إِدْبَارًا، وَلَا النَّاسُ إِلَّا شُحًّا، وَلَا تَقُومُ السَّاعَةُ إِلَّا عَلَى شِرَارِ النَّاسِ، وَلَا الْمَهْدِيُّ إِلَّا عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ۔ (سنن ابن ماجہ۔ کتاب الفتن۔ باب شدۃ الزمان)

Дар охири ҳадис навишта шудааст, ки Маҳдӣ нест, аммо Исо ибни Марям. Яъне ҳамон Масеҳи Мавъуд дар ҳақиқат Маҳдӣ аст. Дар ин ҳадис ошкоро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин масъаларо ҳал карданд, ки Масеҳ ва Маҳдӣ ду кас нестанд, балки Масеҳи Мавъуд Маҳдӣ ҳам ҳаст. Он касе, ки бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон дорад, ӯ сари худро пеши ин тасфия хам хоҳад кард, аммо дигарон садҳо баҳона баровардан мегиранд. Мухотиби мо ҳамон касанд, ки сари худро пеши суханҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хам карданро саодат медонанд. Ғайр аз ин боз як ҳадиси дигар аст, ки Масеҳи Мавъудро Маҳдӣ мегӯяд:

“حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ جَعْفَرٍ ، قَالَ : حَدَّثَنَا هِشَامُ بْنُ حَسَّانَ ، عَنْ مُحَمَّدٍ ، عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ : ” يُوشِكُ مَنْ عَاشَ مِنْكُمْ أَنْ يَلْقَى عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ إِمَامًا مَهْدِيًّا ، وَحَكَمًا عَدْلًا ، فَيَكْسِرُ الصَّلِيبَ ، وَيَقْتُلُ الْخِنْزِيرَ ، وَيَضَعُ الْجِزْيَةَ ، وَتَضَعُ الْحَرْبُ أَوْزَارَهَا”.

Яъне касе, ки аз байни шумо дар он вақт зинда бошад, ӯ бо Исо ибни Марям мулоқот хоҳад кард дар ҳоле, ки ӯ Имом Маҳдӣ хоҳад шуд….

Бубинед, ки матни ин ҳадиси Пайғамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам ошкоро гуфта истодааст, ки ҳазрати Исо Имом Маҳдӣ ҳастанд, аммо ҷойи тааҷҷуб дар ин аст, ки моро яъне (Аҳмадиҳо)-ро ба сабаби имон овардан ба фармудаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кофир ва муртад гуфта мешавад ва қавли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро аҳамият надода партофта мешавад. Афсус.

Аз далелҳои боло мисли рӯзи равшан исбот мешавад, ки Масеҳ ва Маҳдӣ як одам аст, аммо акнун савол пайдо мешавад, ки вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ошкоро гуфтаанд, ки Маҳдии Мавъуд аз Масеҳи Мавъуд ҷудо нест, пас, чаро мусалмонҳо ин эътиқодро пайдо карданд, ки Масеҳ ва Маҳдӣ ду одамони ҷудо-ҷудо ҳастанд?

Дар ҷавоби ин савол мегӯем, ки мусалмонҳо ба сабаби ақидаи то ҳозир зинда будани Масеҳ ин фарқиятро пайдо карданд. Яъне ҳазрати Исо ибни Марями носирӣ алайҳиссалом ба тарафи осмон бардошта шуданд ва дар замони охир аз осмон ба замин нозил хоҳанд шуд. Ва дар бораи Маҳдӣ ҳамин ақида доранд, ки ӯ аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайдо мешавад. Акнун то вақте, ки мусалмонҳо бар ҳамин ақида мебошанд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом ба осмон рафтаанд, ин мумкин нест, ки Масеҳи Мавъуд ва Маҳдиро ҳамчун як одам қабул кунанд. Танҳо як роҳ аст. Агар онҳо инро қабул кунанд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот ёфтаанд ва Масеҳи муҳаммадӣ дигар кас аст, пас барои онҳо дар қабули ин ақида низ ягон монеа эҷод нахоҳад шуд. Мусалмонҳо бояд ҳамин нуктаро фаҳманд, ки дар ақидаи зинда фикр кардани ҳазрати Исо алайҳиссалом чӣ зарарҳо ҳастанд.

Ин масъала, ки як одам чӣ хел ду номро соҳиб шуда метавонад, пешакӣ зикр кардем. Дар ин ҷо такрор намекунем. Ба таври мухтасар зикр мекунем, ки Мавъуди умматӣ мақсадҳои гуногун дошт, ки аз байни онҳо “касри салиб” ва “ислоҳи уммати муҳаммадия” ду вазифаҳои калон буданд. Бидонед, ки ба сабаби шикастани салиб (касри салиб) номи ӯ “Исо” шуд ва ба ҳайси муслеҳи уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам номаш “Маҳдӣ” шуд.

Баъзеҳо савол мебардоранд, ки дар ҳадисҳо омадааст, ки пеш аз нузули Масеҳ, Маҳдӣ бояд дар дунё мавҷуд бошад ва ин ки ӯ имомат хоҳад кард ва Масеҳ муқтадӣ хоҳад шуд ва ғайраҳо. Аз ин исбот мешавад, ки Маҳдӣ аз Масеҳ ҷудо аст.

Ин истидлол ҳам дуруст нест, зеро якум ин, ки вақте бо далелҳои қавӣ исбот шуд, ки дар замони Масеҳ ягон каси дигар Маҳдӣ шуда наметавонад, пас ин суханҳо дар маънои зоҳирӣ қабул карда намешаванд. Пас ҳатман инҳоро чунон шарҳ додан даркор аст, ки зидди ҳадисҳои сареҳ нашаванд. Чунончи, агар ин фикрро дар пеш гирифта ба ин масъала нигоҳ карда шавад, пас ҳеҷ ишкол боқӣ намемонад.

Агар мо чунин фикр кунем, ки азбаски аз рӯйи мақоми Маҳдавият одами ваъда додашуда масили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва аз рӯйи мақоми Масеҳ одами Мавъуд Исо ибни Марям алайҳиссалом аст, пас, мақоми Маҳдии он кас ба сабаби масили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда боло хоҳад баромад ва ғолиб хоҳад шуд. Пас, ҳамин мафҳумро ба таври маҷоз дар ҳадис баён карда шудааст, ки гӯё Маҳдӣ имом ва Масеҳ муқтадӣ хоҳад шуд. Сифати масеҳияти ӯ пайравии сифати маҳдавияти ӯ хоҳад кард. Ва мурод аз пешакӣ мавҷуд будани Маҳдӣ ҳамин аст, ки ӯ аввал Маҳдӣ будани худро даъво хоҳад кард ва баъд аз ин Масеҳ будани худро даъво хоҳад кард. Чунончи аз тарафи Худо ҳамин тавр шуд. Аввал Худо аз Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом даъвои муҷаддиди асри чаҳордаҳро кунонд, ки мақоми Маҳдавият аст ва баъд аз якчанд сол даъвои Масеҳи Мавъудро кунонд. Ҳар кас хоҳад, таҳқиқ кунад.

Хулоса, аз матни боло чунин умур исбот шуданд. Аввал ин, ки ихтилофи ривоёт дар бораи Маҳдӣ зоҳир карда истодааст, ки ё ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи маҳдиҳои гуногун хабар дода буданд, ки бадбахтона дар бораи як Маҳдӣ фикр карда шуданд ва ё дар бораи ин баъзе ҳадисҳо ғалат ва мавзӯъ ҳастанд ва дар ҳақиқат ин ҳар ду гапҳо дар ҷояшон дуруст ҳастанд.

Дуюм ин амр исбот шуд, ки дар замони Масеҳи Мавъуд ягон Маҳдии ҷудо зоҳир нахоҳад шуд, балки ваъдаи Масеҳ ва Маҳдӣ дар як вуҷуд вафо хоҳад шуд.

ربنا اٰتنا فی الدنیا حسنۃ وفی الاٰخرۃ حسنۃ وقنا عذاب النار۔