Дар ин хутаби Ҷумъа Ҳузур аба сабабҳои ғазваи Бану Назир ва дар натиҷа дар бораи бадарғаи қабилаи Бану Назир нақл карданд.

Онҳое, ки бар Ислом ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам туҳмати ҷанг ва қатлу ғоратгарӣ мезанад, бояд бинанд, ки дар ҳоле, ки Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар қабилаи Бану Назир ғалаба ёфтанд, чӣ қадар ҷазои сахт медоданд, аз рӯйи қонун раво мебуд, аммо ин воқеаро дида амнписандӣ ва сулҳҷӯйи Набӣ акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам аён мешавад, инчунин хулқи раҳмату шафқати инсониашон зоҳир мегардад. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам қабилаи Бану Назирро иҷозат доданд, ки аз он ҷо бо амну саломатӣ кӯчида раванд. Дар баробари ин онҳоро иҷозат дода шуд, ки ғайр аз аслиҳа ҳар кадом ашёҳои рӯзгори дилхоҳро бо худ баранд.

Дар охири хутба Ҳузур фармуданд, ки дар ҳаққи Аҳмадиҳои Покистон дуо кардан гиред. Дар ҳаққи вазъияти мусалмонҳои дунё низ дуо кунед. Вазъияти сиёсии дунё ба тарафи ҷанг рафта истодааст. Дар ин бора низ дуо кунед. Аллоҳи таоло ҳар як Аҳмадӣ ва ҳар як бегуноҳро аз бадбахтиҳо маҳфуз монад.