Сабабҳои ҷанги Бану Назир.
Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳузур зикри лоиҳаи қатл кардани Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷониби қабилаи Бану Назир карданд.
Аллоҳи таоло ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар ин бора ба воситаи ваҳй хабар дод ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз он ҷо хеста тез-тез баромаданд.
Сипас Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҳазрати Муҳаммад ибини Муслима разияллоҳу анҳуро ҳукм доданд, ки пеши қабилаи Бану Назир рафта пайғоми маро расон, ки онҳо аз ин ҷо баромада раванд.
Салом ибни Мишкам сардори қабилаи Бану Назир, Ҳаяай ибни Ахтабро гуфт, ки Ба Худо, ту ҳам медонӣ ва мо ҳам медонем, ки Эшон русули ҳақиқии Худованд мебошанд. Хубиҳои Эшон дар таълими мо ҳам мавҷуданд. Сабаби пайравӣ накардани ӯ ҳасад аст, зеро нубувват аз дасти Ҳорун баромадааст. Биё, амне, ки ӯ пешниҳод мекунад, ӯро қабул кунем.
Боз Салом ибни Мишкам ба Ҳуяай ибни Ахтаб гуфт: Қавли Абдуллоҳ ибни Убай (мунофиқ) ҳеҷ аҳамият надорад. Ӯ туро дар чуқурии ҳалокат партофтанӣ аст, то ту бо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷанг кунӣ. Ӯ дар хонаи худ хоҳад нишаст ва туро танҳо хоҳад гузошт.
Бо вуҷуди ин Ҳуяай бародари худро ҳамчун сафир равона карда гуфт, ки ба сардори мусалмонҳо бигӯ, ки мо аз ин ҷо нахоҳем рафт. Ҳарчи хоҳед, кунед.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро шинида фармуданд:
حَارَبَتِ الْیَھُوْدُ
Яъне яҳудҳо эълони ҷанг кардаанд.
Сипас лашкари мусалмонҳо баромада қалъаҳои яҳудро муҳосира кард.
Leave A Comment