Зикри пуртаъсири аҳвол ва сабабҳои “ғазваи Бану Назир” ва таҳрики дуо дар ҳаққи Аҳмадиҳои Покистон
Сабаби ин ғазва дар ҳадисҳо ва китобҳои сират гуногун омадааст. Бинобар ин дар бораи замони ғазва низ ихтилоф пайдо шудааст (Ҳазрати Мирзо Башир Аҳмад р.).
Яҳудҳо барои қатли ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) лоиҳа сохтанд, ки дар натиҷа ғазваи Бану Назир ба вуқӯъ омад.
Ҳуяай ибни Ахтаб ба яҳудҳои Мадина гуфт: Эй ҷамоати яҳуд, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи баъзе рафиқонаш пеши шумо омада истодааст. Шумораашон кам аз даҳ нафар аст. Аз боми ин хона дар болои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як санги калон партофта ӯро қатл кунед. Аз ин беҳтар фурсат нахоҳед ёфт. Агар ӯро қатл кардед, тамоми рафиқонаш пароканда хоҳанд шуд. Онҳо, ки аз Макка омадаанд, бармегарданд ва дар ин ҷо танҳо қабилаҳои Ос ва Хазраҷ, ки ҳалифи шумо мебошанд, боқӣ хоҳанд монд. Бинобар ин, чизе карданӣ ҳастед, ҳозир кунед.
Дар охири хутба Ҳузур зикри ду шаҳидҳои покистонӣ карданд, ки онҳоро танҳо ба сабаби Аҳмадӣ будан шаҳид карда шуд. Номи яке ҷаноби Ғулом Сарвар ибни Башир Аҳмад ва дигаре Роҳат Аҳмад ибни Муштоқ Аҳмад Баҷва буд. Ғайр аз ин зикри як ходими ҷамоат, ки дар Канада истиқомат дошт, низ карданд. Эълон карданд, ки ҷанозаи ғоиби ҳар се нафар баъди намози Ҷумъа хонда хоҳад шуд.
Аллоҳи таоло шаҳидонро дар ҷаннатулфирдавс мақомил аъло ато кунад. Бо онҳо муносибати раҳмату мағфират кунад ва тамоми пасмондагонро сабри ҷамил дода онҳоро дар паноҳи худ гирад.
Leave A Comment