Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳузур аба фармуданд, ки дар бораи саҳоба аз таърих бисёр воқеаҳоро мехонем. Аз ин воқеаҳо исбот мешавад, ки онҳо дар роҳи Худо қурбон шуданро роҳат медонистанд.

Зикри “Сарияи Беъри Мауна” карда фармуданд, ки дар вай тамоми саҳобаи ҷавон рафта буданд. Ба сабаби қории Қуръон будан тамоми мардум онҳоро бо лақаби Қурроъ ёд мекарданд.

Ҳазрати Ҳаром ибни Милҳон р. фармуданд: Эй соҳибони Беъри Мауна, ман ба тарафи шумо аз тарафи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шудаам. Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ кас маъбуди барҳақ нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бандааш ва Русулаш мебошад. Шумо бар Аллоҳ ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оред.

Ҳазрати Муслеҳи мавъуд а. фармуданд: Ислом ба воситаи шамшер фатҳ наёфтааст, балки Ислом бо таълими аълоаш, ки дар дилҳо ҷо мекунад ва дар одобу ахлоқ тағйироти азим пайдо мекунад, фатҳ ёфта буд.

Душмани Ислом Амр ибни Туфайл баъд аз ин ҳамла зинда монд. Ӯро дуои бади Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам расид ва ӯ гирифтори бемории тоун гашт. Дар ҳамин ҳолат бар куфр мурд.

Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар натиҷаи ин фоҷеаҳо бисёр ғам кашиданд, аммо дар ҳар сурат дар дини Ислом ҳукми сабр аст. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи шаҳодати онҳо шунида Инна лиллаҳи ва инна илайҳи раҷиун хонданд ва хомӯш шуданд.

Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо вуҷуди ғам доштан бар зидди қотилони хунини воқеаҳои Раҷиъ ва Беъри Мауна ҷанг накарданд.

Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам як моҳ дар намози Фаҷр қунут фармуданд ва дар вай бар мардуми қабилаҳои Реъл, Заквон ва Бану Лаҳён лаънат хонданд.

Дар охири хутба Ҳузур дар ҳаққи мазлумҳои Фаластин ва Аҳмадиҳои Покистон, ки зулму шиканҷа мебинанд, дуо карданро таҳрик намуданд.