ҲИКМАТ ДАР НОМ МОНДАНИ “ИСО ИБНИ МАРЯМ”-И МАСЕҲИ МУҲАММАДӢ
Номҳои маъмурони оянда, ки ба воситаи ягон пайғамбар гуфта мешаванд, одатан ба тарафи ягон ҳақиқати ботинӣ ишора мекунанд. Бинобар ҳамин, он номҳоро танҳо ба зоҳир часпондан дуруст нест. Мақсад аз ин кор ҳамин мешавад, ки дар байни маъмури оянда ва номаш ягон алоқаи муҳим зоҳир карда шавад.
Масалан, Бани Исроилро чунин ваъда дода шуд, ки пеш аз зоҳир шудани Масеҳ бояд зуҳури пайғамбари Илёс шавад, ки тахминан 850 сол пеш аз ҳазрати Исо алайҳиссалом гузашта буд ва яҳудиҳо дар борааш ақида доштанд, ки ба тарафи осмон бардошта шуда буд. Чунончи дар Библия чунин омадааст:
- “Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд ва Илёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд”.
(Библия, Салотини 4, боби 2, ояти 11)
Яҳудиҳо аз дуюмбора нузули Илёс чунин фаҳмиданд, ки ҳамон Илёси пешина бармегардад ва баъд аз ӯ Исо алайҳиссалом хоҳад омад. Ба ҳамин сабаб, вақте ҳазрати Исо алайҳиссалом даъвои Масеҳ карданд, яҳудиҳо инкор карданд ва гуфтанд, ки дар китобҳои мо навишта шудааст, ки пеш аз Масеҳ пайғамбари Илёс хоҳад омад, аммо азбаски Илёс то ҳол наомадааст, бинобар ҳамин, даъвои ҳазрати Исо алайҳиссалом дурӯғ аст. Дар ҷавоб ҳазрати Исо алайҳиссалом ба яҳудиҳо фаҳмонданд, ки хабаре, ки дар бораи дуюмбора омадани Илёс дода шуда буд, мурод аз он худи омадани Илёс набуд, балки он хабар дар бораи пайғамбаре буд, ки монанди Илёс ва масили он хоҳад буд ва он кас омадааст. Ҳамин Яҳё дар ҳақиқат Илёс аст, касе чашм дорад бубинад (Инҷили Матто, боби 11, ояти 14). Аммо яҳудиҳои зоҳирпараст танҳо дар ҳамин амр исрор доштанд, ки бояд худи Илёс нозил шавад. Бо ҳамин инкор онҳо аз ҳидоят ва наҷот маҳрум монданд. (Инҷили Матто, боби 17, оятҳои 10-13)
Аз ин мисол мисли рӯзи равшан аён шуд, ки дар пешгӯйҳо номҳое, ки гуфта мешаванд, мурод аз онҳо айнан ҳамон одам намешавад, балки одатан мақсуд аз онҳо ягон мушобиҳати ботинӣ мебошад. Акнун фикр кунед, ки куҷо ба осмон рафтани Илёс алайҳиссалом ва куҷо дар замин таваллуд шудани Яҳё алайҳиссалом, аммо ҳазрати Исо алайҳиссалом ҳамон Яҳёро Илёс гуфтанд, зеро ҳазрати Яҳё алайҳиссалом мисили Илёс алайҳиссалом буданд. Ҳамаи мо медонем, ки як пайғамбар ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд.
Боз ин мисол ин масъаларо низ кушода истодааст, ки агар дар каломи Худо дар бораи нузули пайғамбари гузашта хабар дода шавад, мурод аз он ин намебошад, ки ҳамон пайғамбари гузашта пардаҳои осмонро чок карда, ба замин мефарояд, балки мурод аз он ягон мисил (монанд) аст. Хулоса, маълум шуд, ки мурод аз нузули Масеҳ худи ҳазрати Исо алайҳиссалом нестанд, балки ягон масили Масеҳ аст. Ин нуктаро соҳибони фаросат ҳатман ба назар гиранд.
Дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Библия бисёр пешгӯйҳо гуфта шудаанд. Дар байни онҳо дар як пешгӯӣ ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро бо номҳои дигар мухотаб карда шудааст. Он пешгӯӣ чунин мебошад:
- “Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши ӯ хоҳад буд, ва номи ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Қодир, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
- Афзоиши салтанат ва осоиштагии ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард”.
(Библия, Ишаъё, боби 9, оятҳои 6-7)
Дар ин оятҳои китоби Ишаъё пешгӯӣ дар бораи ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфта шудааст ва панҷ (5) ном гузошта шуданд. Агар касе аз байни яҳудиҳо эътироз кунад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин номҳо надоштанд, пас мо дар ҷавоб мегӯем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳақиқат чунин хубиҳо доштанд ва ба ҳамин сабаб ин номҳо ба Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шуданд. Чунончи
- Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро худи ҳазрати Исо алайҳиссалом бо номи “аҷиб” ёд карданд. Дар Инҷили Матто дар боби 21, ояти 42 ҳазрати Исо алайҳиссалом ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро гуфтанд, ки “ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо Аҷиб аст”.
- “Мушир” будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз сирати онҳо маълум аст ва аз ин оят низ исбот мешавад.
یٰۤاَیُّہَا الَّذِیۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِذَا نَاجَیۡتُمُ الرَّسُوۡلَ فَقَدِّمُوۡا بَیۡنَ یَدَیۡ نَجۡوٰٮکُمۡ صَدَقَۃً ؕ ذٰلِکَ خَیۡرٌ لَّکُمۡ وَ اَطۡہَرُ ؕ فَاِنۡ لَّمۡ تَجِدُوۡا فَاِنَّ اللّٰہَ غَفُوۡرٌ رَّحِیۡمٌ۔ (سورۃ المجادلۃ-13)
Дар ин оят ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро “мушир” гуфта шудааст. Агар шарҳ диҳем, мазмуни мо дароз мешавад.
- Номи сеюм Худои Қодир гуфта шудааст. Аз рӯйи Таврот ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом бо Худои таоло мушобиҳат доштанд. Чунончи дар китоби Хурӯҷ, боби 7, ояти 1 гуфта шудааст:
- Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бубин, Ман туро барои Фиръавн Худо сохтаам ва бародарат Ҳорун набии ту хоҳад буд».
Ҳамин тавр дар боби 4-уми ин китоб дар ояти 16 навишта шудааст:
- “Ва ӯ бо амри ту ба қавм сухан хоҳад ронд; ва ӯ барои ту мисли забон хоҳад буд ва ту барои ӯ мисли Худо хоҳӣ буд”.
Агар калимаҳои зоҳирро эътибор диҳем, дар ин ширк пайдо мешавад. Аммо чӣ хеле, ки аз рӯйи тарзи навишти Библия ҳазрати Исо алайҳиссаломро ибнуллоҳ гуфта шудааст, ҳамин тавр ҳазрати Мӯсо алайҳиссаломро мазҳари Худо гуфта шудааст. Дар ҳақиқат ин ҳар ду пайғамбар Худо ва писари Худо набуданд. Мо бояд дар ин ҷо маънои маҷозиро пеш гирем. Пас вақте бо калимаи Худо ба тарафи ягон инсон ишора карда шавад, мурод аз ин ё ҳазрати Исо алайҳиссалом ва ё ҳазрати Мусо алайҳиссалом ё масили онҳо хоҳад шуд. Медонем, ки аз рӯйи Библия ва Қуръон ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом масили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастанд:
اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنَاۤ اِلَیۡکُمۡ رَسُوۡلًا شَاھِدًا عَلَیۡکُمۡ کَمَاۤ اَرۡسَلۡنَاۤ اِلٰی فِرۡعَوۡنَ رَسُوۡلًا۔ سورۃ المزمل: 16
Яъне “Ҳамоно Мо ба тарафи шумо расуле равон кардаем, ки бар шумо нигаҳбон аст, чӣ тавре, ки Мо ба тарафи Фиръавн низ расуле равон карда будем”.
Пас ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мазҳари Худо гуфта метавонем. Боз оятҳои зерин сухани моро шарҳ дода истодаанд:
وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَـكِنَّ اللّهَ رَمَى ۔ (سورۃ الانفال-18)
Яъне “(Эй Муҳаммад) вақте ту (ба тарафи онҳо сангрезаҳо) партофтӣ, дар ҳақиқат ту напартофтӣ, балки Худо аст, ки партофтааст”.
إِنَّ الَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ اللَّهَ يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ۔ (سورۃ الفتح۔11)
Яъне “Ҳамоно, онҳое, ки туро байъат мекунанд, дар асл байъати Худо мекунанд. Дасти Худо бар дасти онҳо аст”.
- Номи чаҳорум “падари ҷовид” гуфта шудааст ва ин ном низ дар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зоҳир мешавад. Ин оят соҳиб будани ин номро шарҳ медиҳад:
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ۔ وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ۔ قُل لَّكُم مِّيعَادُ يَوْمٍ لَّا تَسْتَأْخِرُونَ عَنْهُ سَاعَةً وَلَا تَسْتَقْدِمُونَ۔ (سورۃ سبا 29-31)
“Ва Мо туро танҳо барои мардум Башир ва Назир сохта равон кардаем, аммо бисёриҳо намедонанд. Ва онҳо мегӯянд, ки ин ваъда кай (вафо) хоҳад шуд? Агар шумо ростгӯ бошед. Бигӯ, ки барои шумо ваъдаи як рӯзи (махсус) аст, ки аз вай андак кафо истода наметавонед ва андак пеш ҳам рафта наметавонед”.
Дар ин оят вазифаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам вазифаи падари рӯҳонӣ ва ҷовид мебошад.
- Номи панҷум “мири осоиштагӣ” ва ё “шаҳзодаи амн” гуфта шудааст. Ин сифати ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пеши ҳама аён аст, ки Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ тавр шаҳзодаи амн буданд. Дар вақти фатҳи Макка фармуданд, ки
لَا تَثْرِیْبَ عَلَیْکُمُ الْیَوْم۔
Яъне “Имрӯз бар шумо ягон шиканҷа нест”. Пас аз ин мисоли Библия низ маълум шуд, ки номи касе агар дар пешгӯӣ вуҷуд дошта бошад, мурод аз он ҳама вақт зоҳир нест ва зоҳирпарастон бояд аз ин ибрат гиранд.
Боз мисоли дигар, ки дар ин масъала зикр бояд кард, ҳамин аст, ки дар сураи Сафф дар Қуръони маҷид ҳазрати Исо алайҳиссалом дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар дода гуфтанд, ки “баъд аз ман Аҳмад ном пайғамбар хоҳад омад”. Акнун ҳамаи мусалмонҳо қабул доранд, ки ин пешгӯӣ бо беъсати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зоҳир шудааст, аммо ҳар кас медонад, ки номи ҳақиқи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам “Муҳаммад” саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, на ки “Аҳмад”. Ин дуруст аст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз даъвои нубувват фармуданд, ки ман “Аҳмад” ҳастам, аммо ин амр бар мухолифон ҳуҷҷат намекунад. Бар мухолифон он гоҳ ҳуҷҷат хоҳад шуд, ки дар вақти таваллуд ин ном монда шавад ва ё ин ки пеш аз даъвои нубувват бо ин ном мухотаб карда шавад, аммо аз ягон ҳадиси саҳеҳ исбот намешавад, ки пеш аз даъво бо номи “Аҳмад” мухотаб карда мешуданд. Бинобар ин, дар ҷавоби ин иштибоҳ танҳо ҳаминро мегӯем, ки дар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сифати Аҳмадият мавҷуд буд ва ин ки дар осмон номи Он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва саллам “Аҳмад” буд, чӣ хеле, ки дар осмон номи Яҳё алайҳиссалом Илёс шуда буд.
Аз ҳар се мисолҳо ошкор мешавад, ки номҳое, ки дар пешгӯйҳо гуфта мешаванд, лозим нест, ки дар зоҳир он номҳо монда шаванд, балки одатан он номҳои сифатӣ хоҳанд шуд. Дар ин амр сир ҳамин аст, ки Худо бо ҳақиқати кор алоқа дорад, на бо ном. Албатта, мардум номҳои зоҳириро аҳамият медиҳанд, аммо дар назари Худо номи ҳақиқӣ ҳамон номи сифатӣ мешавад.
Акнун савол ба миён меояд, ки кадом ҳикмат дар пеши назар буд, ки Худои таоло маъмури меомадагиро Масеҳ ибни Марям гуфтааст? Барои он ки ин мавзӯъ дароз нашавад, танҳо як чанд ҳикматҳоро дар ин ҷо зикр мекунем.
Аввал ин, ки Масеҳи муҳаммадӣ бояд бар сифоти Масеҳи мӯсавӣ меомад, чӣ хеле, ки ҳазрати Яҳё бар сифоти ҳазрати Илёс омада буданд. Пас, чӣ хеле, ки бо омади ҳазрати Яҳё ваъдаи омадани ҳазрати Илёс вафо шуд, ҳамин тавр бо як масили Масеҳ ваъдаи омади ҳазрати Масеҳ ибни Марям зуҳур омад. Бинобар ҳамин, ба сабаби ҳамин мушобиҳат номи Масеҳи Мавъудро ибни Марям гузошта шуд.
Ҳикмати дуюм ин аст, ки чӣ хеле, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом хотамулхулафои силсилаи ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом буданд, ҳамин тавр бояд дар силсилаи уммати Муҳаммад низ хотамулхулафо шавад.
Ҳикмати сеюм ин аст, ки дар Қуръон ва ҳадисҳо гуфта шудааст, ки дар замони охир масеҳият қувват хоҳад гирифт ва дини салибӣ дар ҳолати ғолиб хоҳад шуд. Бинобар ҳамин як кори Масеҳи Мавъуд یکسر الصلیب, яъне зарба задан бар дини насронӣ аст. Ҳикмат ин аст, ки вақте дар уммати ягон пайғамбар фитнаву фасод барпо шавад, он гоҳ аз рӯйи ахлоқ бояд ҳамон пайғамбар он фасодро дур кунад. Чӣ хеле, ки агар дар ягон ҳукумат фитна пайдо шавад, пас ин вазифаи ҳамон ҳукумат аст, ки он фитнаро фурӯ нишонад, на ки ягон ҳукумати беруна. Азбаски кори муҳимми Масеҳи Мавъуд ин мебошад, ки ӯ фасоди дини салибиро дур кунад, ба ҳамин сабаб номаш низ “Исо ибни Марям” гузошта шуд. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мефармоянд, ки
Чун маро нуре пайи қавми масеҳӣ додаанд,
Маслиҳатро ибни Марям номи ман бинҳодаанд.
Ва ҳамин сабаб шуд, ки дар пешгӯиҳо номи маъмури меомадагиро Муҳаммад ва Аҳмад монда шуд, зеро як вазифааш ҳамин мебошад, ки ӯ худи мусалмонҳоро ислоҳ карда дар як ҷо ҷамъ кунад.
Пас аз ҳамаи ин далелҳо исбот мешавад, ки як одами дигар номи дигарро аз рӯйи сифоти ӯ соҳиб шуда метавонад, зеро пеши Худо ном муҳим нест, балки кор ва вазифа муҳим аст.
Барои фаҳмондани ин масъала ба мусалмонҳо як-ду корҳои Масеҳи Мавъудро барои мисол дар ин ҷо меорем. Масалан шикастани салиб яке аз корҳои Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар ҳадисҳо зикр шудааст. Акнун агар касе танҳо зоҳирпараст бошад ва ба ҳамин ақида исрор кунад, ки ҳамон ҳазрати Исои носирӣ дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам боз хоҳад омад, пас ин зоҳирпарастонро савол дода мешавад, ки ӯ касри салиб чӣ хел бояд кард? Агар дар ҷавоб гуфта шавад, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аввал аз осмон меояд ва сонӣ дар дунё дар ҳар як кӯча хоҳад гашт, то салибҳоро кофта-кофта бишиканад, пас ин як тамасхур ба дин хоҳад шуд. Ҳеҷ кас ин қадар салибҳоро кофта-кофта аз хонаҳо ёфта шикаста наметавонад. Дар ин ҷо бояд маънои маҷозиро пеш гирем, то бифаҳмем, ки мурод аз шикастани салиб дар ҳақиқат шикастани ақидаҳои асосии масеҳиён аст. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом аз рӯйи Библия ва Қуръон исбот карданд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом мисли пайғамбарони дигар вафот ёфтаанд ва ҳамин зарбаи сахт бар ҳар намуд ақидаҳои масеҳиён аст ва сабаби шикастани салиб аст. Фикр кунед…
Ҳамин тавр қатли хинзир, яъне хук аст. Инро низ дар зоҳир маҳмул карда намешавад. Агар дар зоҳир гирем, пас дар ҷангалҳо куштани хукҳо дини Исломро чӣ фоида мерасонад? Ҳарчанд ин мавзӯи дигар аст, аммо барои фаҳмондан дар ин ҷо ду мисолҳо оварда шудаанд. Чӣ хеле, ки ин вазифаҳои Масеҳро дар зоҳир фаҳмида намешавад, ҳамин тавр ном мондани Масеҳи Мавъудро мо бояд бо нигоҳи маҷозӣ бинем.
Ҳамин тавр исбот шудааст, ки мурод аз номи “Исо ибни Марям”, ки дар ҳадис зикр шудааст, худи ҳазрати Исо алайҳиссалом нестанд, балки як каси дигар аст, ки сифатҳои Эшон дошта бошад ва он кас ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мебошанд.
Дар охир боз ба хонандагон аз таҳти дил хоҳиш карда мешавад, ки аз Худо дуо кунед ва дар бораи ин масъала раҳнамоӣ пурсед, зеро Худои мо Худои зинда аст ва дуоҳоро ҷавоб медиҳад.
واٰخر دعوانا ان الحمد للہ رب العالمین۔
Leave A Comment