بسم اللہ الرحمٰن الرحیم

Дар китоби «Воқеаи салиб» исбот карда шудааст, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом дар болои салиб намурданд ва на ба тарафи осмон бардошта шуданд, балки Худои таоло ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз салиб зинда наҷот дод. Акнун дар ин китоб аз рӯйи китобҳои муқаддаси Қуръону Инҷил исбот карда хоҳад шуд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом чӣ хел аз салиб наҷот ёфта ба тарафи қабилаҳои дигари бани Исроил ҳиҷрат карданд ва онҳоро тарбия намуда монанди пайғамбарони дигар вафот ёфтанд…