ҚАВМИ ҲАЗРАТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ ВА ВАЗИФАИ ЭШОН

Магар ҳазраи Исо алайҳиссалом дар уммати Муҳаммад оамада метавонанд?

Пеш аз он, ки воқеаи салибро бефаҳмонем, аввал дар бораи ин масъала гап мезанем, ки Ҳазрати Исо алайҳиссалом аз тарафи Худо ба кадом қавм фиристода шуда буданд. Бидонед, ки дар Қуръони пок ва Инҷил ҳамин чиз навишта шудааст, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом танҳо як пайғамбар ба бани Исроил буданд. Тамоми мусалмонҳо ин чизро бифаҳманд, ки ҳар касе, ки таълимоти Қуръонро дар дунё паҳн кунад ва худро набӣ гӯяд, ӯ ҳатман барои тамоми дунё набӣ хоҳад буд. Дар ягон ҷо навиштагӣ нест, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом мисли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои ҳамаи дунё пайғамбар буданд. Чунончи, дар Қуръони Маҷид навишта шудааст:

اِذۡ قَالَتِ الۡمَلٰٓئِکَۃُ یٰمَرۡیَمُ اِنَّ اللّٰہَ یُبَشِّرُکِ بِکَلِمَۃٍ مِّنۡہُ ۖ اسۡمُہُ الۡمَسِیۡحُ عِیۡسَی ابۡنُ مَرۡیَمَ وَجِیۡہًا فِی الدُّنۡیَا وَ الۡاٰخِرَۃِ وَ مِنَ الۡمُقَرَّبِیۡنَ ﴿ۙ۴۶﴾ وَ یُکَلِّمُ النَّاسَ فِی الۡمَہۡدِ وَ کَہۡلًا وَّ مِنَ الصّٰلِحِیۡنَ ﴿۴۷﴾ قَالَتۡ رَبِّ اَنّٰی یَکُوۡنُ لِیۡ وَلَدٌ وَّ لَمۡ یَمۡسَسۡنِیۡ بَشَرٌ ؕ قَالَ کَذٰلِکِ اللّٰہُ یَخۡلُقُ مَا یَشَآءُ ؕ اِذَا قَضٰۤی اَمۡرًا فَاِنَّمَا یَقُوۡلُ لَہٗ کُنۡ فَیَکُوۡنُ ﴿۴۸﴾ وَ یُعَلِّمُہُ الۡکِتٰبَ وَ الۡحِکۡمَۃَ وَ التَّوۡرٰٮۃَ وَ الۡاِنۡجِیۡلَ ﴿ۚ۴۹﴾ وَ رَسُوۡلًا اِلٰی بَنِیۡۤ اِسۡرَآءِیۡلَ اَنِّیۡ قَدۡ جِئۡتُکُمۡ بِاٰیَۃٍ مِّنۡ رَّبِّکُمۡ ۙ اَنِّیۡۤ اَخۡلُقُ لَکُمۡ مِّنَ الطِّیۡنِ کَھَیۡـَٔۃِ الطَّیۡرِ فَاَنۡفُخُ فِیۡہِ فَیَکُوۡنُ طَیۡرًۢا بِاِذۡنِ اللّٰہِ ۚ وَ اُبۡرِیٴُ الۡاَکۡمَہَ وَ الۡاَبۡرَصَ وَ اُحۡیِ الۡمَوۡتٰی بِاِذۡنِ اللّٰہِ ۚ وَ اُنَبِّئُکُمۡ بِمَا تَاۡکُلُوۡنَ وَ مَا تَدَّخِرُوۡنَ ۙ فِیۡ بُیُوۡتِکُمۡ ؕ اِنَّ فِیۡ ذٰلِکَ لَاٰیَۃً لَّکُمۡ اِنۡ کُنۡتُمۡ مُّؤۡمِنِیۡنَ ﴿ۚ۵۰﴾ وَ مُصَدِّقًا لِّمَا بَیۡنَ یَدَیَّ مِنَ التَّوۡرٰٮۃِ وَ لِاُحِلَّ لَکُمۡ بَعۡضَ الَّذِیۡ حُرِّمَ عَلَیۡکُمۡ وَ جِئۡتُکُمۡ بِاٰیَۃٍ مِّنۡ رَّبِّکُمۡ ۟ فَاتَّقُوا اللّٰہَ وَ اَطِیۡعُوۡنِ۔ سورۃ آل عمران۔ 46-51

Дар ин ояҳо дар вақти таваллуди ҳазрати Исо алайҳиссалом ба ҳазрати Марям алайҳассалом гуфта мешавад, ки писари ту танҳо як русул ба банӣ Исроил хоҳад шуд. Бинобар ҳамин, дар ояти Қуръони пок навишта шудааст “ورسولا الی بنی اسرائیل”. Пас, аз ин маълум мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом танҳо як русул ба бани Исроил буданд. Дар давоми оят ҳазрати Исо алайҳиссалом вазифаҳои худро гуфта истодаанд, ки

وَ مُصَدِّقًا لِّمَا بَیۡنَ یَدَیَّ مِنَ التَّوۡرٰٮۃِ وَ لِاُحِلَّ لَکُمۡ بَعۡضَ الَّذِیۡ حُرِّمَ عَلَیۡکُمۡ وَ جِئۡتُکُمۡ بِاٰیَۃٍ مِّنۡ رَّبِّکُمۡ ۟ فَاتَّقُوا اللّٰہَ وَ اَطِیۡعُوۡنِ۔

Яъне ман бояд таълимоти Тавротро тасдиқ кунам ва ба шумо омӯзонам ва боз таълимоти худро илова кунам. Мухотаб танҳо бани Исроил ҳастанд. Дар як ояти дигар низ ҳамин мазмун аст. Чунончи:

وَ اِذۡ قَالَ عِیۡسَی ابۡنُ مَرۡیَمَ یٰبَنِیۡۤ اِسۡرَآءِیۡلَ اِنِّیۡ رَسُوۡلُ اللّٰہِ اِلَیۡکُمۡ مُّصَدِّقًا لِّمَا بَیۡنَ یَدَیَّ مِنَ التَّوۡرٰٮۃِ وَ مُبَشِّرًۢا بِرَسُوۡلٍ یَّاۡتِیۡ مِنۡۢ بَعۡدِی اسۡمُہٗۤ اَحۡمَدُ ؕ فَلَمَّا جَآءَھُمۡ بِالۡبَیِّنٰتِ قَالُوۡا ھٰذَا سِحۡرٌ مُّبِیۡنٌ۔ سورۃ الصف: 7

Дар ин оят низ ҳазрати Исо алайҳиссалом қавми бани Исроилро мухотаб карда фармуданд, ки ман танҳо ба тарафи шумо як русул ҳастам ва вазифаи ман ҳамин аст, ки ба шумо Тавротро фаҳмонам ва оид ба пайғамбари оянда саллаллоҳу алайҳи ва саллам мужда диҳам.

Хонандагони азиз. Аз ин оятҳо исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом танҳо як русул ба қавми худ, яъне ба бани Исроил буданд. Ҳамин суханҳои Қуръонро китоби Инҷил низ тасдиқ мекунад. Чунончи, дар Инҷили Матто дар боби 15 чунин омадааст:

  1. Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».
  2. Лекин ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарёд мезанад».
  3. Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».

Дар ояти 24 Ҳазрати Исо алайҳиссалом ошкоро гуфтаанд, ки ман барои гӯсфандони гумшудаи бани Исроил омадаам. Чаро калимаи «гумшуда» дар ин ҷо истифода шудааст? Ба сабаби он ки пеш аз баъси ҳазрати Исо алайҳиссалом Бахти Наср ном як подшоҳ буд ва ӯ яҳудиҳоро бисёр ғам медод. Ба сабаби ҳамин подшоҳи золим 10 қабилаҳои бани Исроил аз он ҷо ҳиҷрат карда ба тарафи Кашмир омада буданд. Ба ҳамин сабаб ҳазрати Исо алайҳиссалом гӯсфандони гумшуда гуфтааст, зеро дар замони ҳазрати Исо алайҳиссалом танҳо ду қабилаи Банӣ Исроил дар он ҷо боқӣ монда буданд. Пас, аз ин шаҳодатҳо маълум мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом як пайғамбар ба бани Исроил буданд ва он Исое алайҳиссалом, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меояд, ба сабаби мисил будани ҳазрати Исо алайҳиссалом Исо ном дорад.