ИХТИЛОФИ ПАЙКАРУ ЧЕҲРАҲОИ ИСОИ НОСИРӢ ВА ИСОИ МУҲАММАДӢ АЛАЙҲИМУССАЛОМ

Мо аз рӯйи Қуръону ҳадис исбот кардем, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот кардаанд ва вазифаи худро иҷро карда, баъди вафот пеши холиқи худ ҳозир шудаанд. Акнун савол пайдо мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи ҳазрати Исо алайҳиссалом хабар дода буданд, ки дар уммати ман Исо алайҳиссалом хоҳад омад. Пас, агар Исо алайҳиссалом вафот ёфта бошанд ва дар Қуръон бисёр ҷо навишта шудааст, ки баъд аз вафот ҳеҷ кас дар ин дунё дуюмбора нахоҳад омад, дар ин сурат Исое, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамчун пайғамбар хоҳад омад, кӣ хоҳад шуд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин саволро дар ҳадисҳои саҳеҳи худ ҷавоб дода буданд. Кори мо танҳо ҳамин аст, ки ба ин тараф андак диққат диҳем.

Барои қазовати ин масъала мо ду ҳадисҳоро пешкаши шумо мекунемд. Ҳадиси якум дар бораи ҳазрати Исои носирӣ алайҳиссалом аст, ки ба тарафи Бани Исроил фиристода шуда буданд:

حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ كَثِيرٍ، أَخْبَرَنَا إِسْرَائِيلُ، أَخْبَرَنَا عُثْمَانُ بْنُ المُغِيرَةِ، عَنْ مُجَاهِدٍ، عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «رَأَيْتُ عِيسَى ومُوسَى وَإِبْرَاهِيمَ، فَأَمَّا عِيسَى فَأَحْمَرُ جَعْدٌ عَرِيضُ الصَّدْرِ، وَأَمَّا مُوسَى، فَآدَمُ جَسِيمٌ سَبْطٌ كَأَنَّهُ مِنْ رِجَالِ الزُّطِّ۔

صحیح البخاری، کتاب الانبیاء، باب قول اللہ تعالیٰ «واذکر فی الکتاب مریم أذ انتبذت من أھلھا»

Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд, ки ман дар руъё Исо, Мӯсо ва Иброҳимро дидам. “Исо алайҳиссалом ранги сурх дошт ва мӯйи сараш ҷингила ва синааш васеъ буд”. Ранги Мӯсо гандумӣ буд, баданаш бузургҷусса ва мӯйи сараш рост буданд, гӯё ки аз қабилаи Зут бошад.

Дар ин ҳадис маълум аст, ки зикри ҳазрати Исои носирӣ (яъне дар деҳаи Носира таваллуд шуда) алайҳиссалом рафта истодааст, зеро бо пайғамбарони Мӯсо ва Иброҳим алайҳимуссалом зикр шудааст. Ранги чеҳраашон сурх гуфта шудааст ва мӯйи сарашон ҷингила гуфта шудаанд. Хонандагони азиз, ҳамин рангу мӯйи ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз хотир набароред.

Акнун он ҳадисро зикр мекунем, ки дар он зикри Исо алайҳиссалом аст, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад омад. Он ҳадис чунин аст:

حَدَّثَنَا يَحْيَى بْنُ بُكَيْرٍ، حَدَّثَنَا اللَّيْثُ، عَنْ عُقَيْلٍ، عَنِ ابْنِ شِهَابٍ، عَنْ سَالِمٍ، عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: ” بَيْنَا أَنَا نَائِمٌ أَطُوفُ بِالكَعْبَةِ، فَإِذَا رَجُلٌ آدَمُ سَبْطُ الشَّعَرِ يَنْطُفُ – أَوْ يُهَرَاقُ- رَأْسُهُ مَاءً، قُلْتُ: مَنْ هَذَا؟ قَالُوا ابْنُ مَرْيَمَ، ثُمَّ ذَهَبْتُ أَلْتَفِتُ، فَإِذَا رَجُلٌ جَسِيمٌ أَحْمَرُ جَعْدُ الرَّأْسِ أَعْوَرُ العَيْنِ، كَأَنَّ عَيْنَهُ عِنَبَةٌ طَافِيَةٌ، قَالُوا: هَذَا الدَّجَّالُ أَقْرَبُ النَّاسِ بِهِ شَبَهًا ابْنُ قَطَنٍ رَجُلٌ مِنْ خُزَاعَةَ۔

صحیح البخاری، کتاب الفتن، باب ذکر الدجال

Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд, ки вақте ман дар хоб Каъбаро тавоф мекардам, он гоҳ як одамро дидам, ки рангаш гандумӣ буд ва мӯйи сараш рост буданд…. Ман пурсидам, ки ин кӣ бошад? Онҳо гуфтанд, ки ибни Марям аст…

Дар ин ҳадис зикри он Масеҳ аст, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад омад, зеро дар ин ҷо баъд аз зикри Масеҳ алайҳиссалом зикри Даҷҷол аст. Яъне ин Масеҳ дар муқобили Даҷҷол хоҳад омад. Бо диққат хонед, ки рангу рӯйи ин Масеҳ аз Масеҳи носирӣ фарқ карда истодааст. Ранги Масеҳи муҳаммадӣ гандумӣ хоҳад шуд, на ки сурх ва мӯйи сараш рост хоҳанд шуд, на ки ҷингила.

Акнун дигар шарҳ дар бораи ин ҳадисҳо даркор нест. Ҳама чиз фаҳмо аст. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба мусалмонҳо фармуда истодаанд, ки эй мусалмонон, аз калимаи Масеҳ ибни Марям ин тавр нафаҳмед, ки ин ҳамон Масеҳ аст, ки дар Бани Исроил омада буд. Мана акси ҳар ду масеҳ пеши мусалмонҳо аст. Худатон қазоват кунед.

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад дар бораи ин масъала дар шакли шеър худашон мефармоянд:

موعودم و بحلیہ ماثور آمدم

حیف است گر بدیدہ نہ بینند منظرم

رنگم چوں گندم است و بمو فرق بین است

زانسان کہ آمد است در اخبار سرورم

این مقدمم نہ جائی شکوک است و التباس

سید جدا کند ز مسیحائی احمرم

Хулоса, Масеҳе, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омаданро ваъда дода шуд, дигар одам аст, на ки ҳамон ҳазрати Исо алайҳиссалом, зеро аз рӯйи Қуръон ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот кардаанд ва вафоткардагон аз рӯйи қонуни Худованд дуюмбора ба дунё бар намегарданд. Масеҳи дар уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мебошанд.