МАСЕҲИ МУҲАММАДӢ АЗ УММАТИ МУҲАММАД (С) ХОҲАД ОМАД.

Дар Қуръони карим Аллоҳи таоло мефармояд:

وَعَدَ اللّٰهُ الَّذِيْنَ آمَنُوْا مِنكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّن بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا وَمَن كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ۔ (سورۃ النور: 56)

“Худо ба муъминҳо ва анҷомдодагони аъмоли солеҳ ваъда додааст, ки ҳатман онҳоро дар замин халифа хоҳад кард, чӣ хеле, ки пеш аз инҳо халифа карда буд ва ҳатман Ӯ дини онҳоро, ки барои онҳо писандид, устувор хоҳад гардонд ва ҳатман онҳоро пас аз тарсашон ба ҳолати эмин хоҳад гузошт. Онҳо маро ибодат кунанд ва чизеро шарики ман қарор надиҳанд ва ҳар касе, ки баъд аз ин носипосӣ кунад, ҳамонҳо нофармонанд”.

Дар ин оят Худои таоло бо муъминин ваъда карда истодааст, ки Ӯ аз мусалмонҳо мисли халифаҳои Бани Исроил халифаҳо интихоб хоҳад кард. Акнун ҳамаи мо медонем, ки баъд аз ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом дар Бани Исроил бисёр халифаҳо интихоб шуда буданд, ки хидмати Таврот мекарданд. Дар охирзамони силсилаи Бани Исроил Масеҳи носирӣ омад. Баъд аз ин шариати Ислом омад ва ба мусалмонҳо низ мисли Бани Исроил ваъдаи халифаҳо дода шуд. Чӣ хеле, ки дар охири силсилаи Мӯсо алайҳиссалом Исо алайҳиссалом омад, ҳамин тавр Худо дар охири силсилаи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ як Масеҳ алайҳиссалом фиристоданро қарор гирифт, ки шариати Исломро ба мардум фаҳмонад. Дар оят мушобиҳат байни силсилаҳои Мӯсо алайҳиссалом ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз калимаи “کما” аён аст. Ин мушобиҳати силсилаи Мӯсо алайҳиссалом ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як ҷойи дигари Қуръон низ зикр шудааст. Чунончи:

إِنَّا أَرْسَلْنَا إِلَيْكُمْ رَسُوْلًا شَاهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَا أَرْسَلْنَا إِلَى فِرْعَوْنَ رَسُولًا۔ (سورۃ المزمل۔ 16)

“Ҳамоно Мо ба сӯйи шумо расуле фиристодем, ки бар шумо гувоҳ аст, чӣ хеле, ки Мо ба сӯйи Фиръавн расуле фиристода будем”.

Аз ин оят низ маълум мешавад, ки силсилаи муҳаммадӣ бо силсилаи мӯсавӣ мушобиҳат дорад.

Акнун агар Масеҳи муҳаммадӣ аз Масеҳи мӯсавӣ ҷудо набошад, балки ҳамон Масеҳи мӯсавӣ бошад, ки дар силсилаи охири ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом омада буд, пас, даъвои Қуръон ботил мешавад. Қуръон мегӯяд, ки мисли халифаҳои Бани Исроил мефиристем. Қуръон калимаи “کما” дорад, на ки айнан ҳамон халифаҳо фиристоданро даъво дорад. Қоидаи мушобиҳат ҳамин аст, ки мушаббаҳ (مشبہ) ва мушаббаҳ биҳӣ (مشبہ بہ) бояд ду вуҷуди ҷудогона бошанд, на ки ҳар ду як вуҷуд бошанд.

Ғайр аз ин Худои таоло дар ин оят калимаи “منکم” (аз байни шумо) мондааст, ки ҳамаи ҷанҷолро мебардорад ва ба ҳама аён мекунад, ки халифаҳои силсилаи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаванд.

Эй мусалмонон, ин ҷойи ғайрат аст, ки уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки “хайри уммат” аст, барои ислоҳи худ ҳоҷати як халифаи Бани Исроил дошта бошад. Худо мехоҳад, ки ин уммат дар ҳақиқат хайри уммат шавад, аммо олимҳои Ислом якравӣ карда дар поҳои Бани Исроил меғалтанд. Калимаи “منکم” ҳамаи баҳсро ба итмом мерасонад. Боз дар ҳадис ҳам ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам уммати худро мухотаб карда гуфта буданд, ки Масеҳе, ки дар уммати ман меояд, аз байни шумо меояд. Он ҳадис чунин аст:

حَدَّثَنَا ابْنُ بُكَيْرٍ، حَدَّثَنَا اللَّيْثُ، عَنْ يُونُسَ، عَنِ ابْنِ شِهَابٍ، عَنْ نَافِعٍ، مَوْلَى أَبِي قَتَادَةَ الأَنْصَارِيِّ، أَنَّ أَبَا هُرَيْرَةَ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «كَيْفَ أَنْتُمْ إِذَا نَزَلَ ابْنُ مَرْيَمَ فِيكُمْ وَإِمَامُكُمْ مِنْكُمْ»، تَابَعَهُ عُقَيْلٌ، وَالأَوْزَاعِيُّ۔

(صحیح البخاری، کتاب احادیث الانبیاء، باب نزول عیسی ابن مریم علیھما السلام)

Яъне эй мусалмонон, аҳволатон чӣ хел хоҳад шуд, вақте ки дар байни шумо ибни Марям алайҳиссалом нозил хоҳад шуд, дар ҳоле, ки ӯ аз миёни шумо имоми шумо хоҳад шуд.

Калимаҳои “امامکم منکم” гуфта истодаанд, ки Исо алайҳиссалом аз мусалмонҳо мешавад, на ки ҳамон Исои Бани Исроил. Мо инро оянда шарҳ хоҳем дод, ки чаро номи “Масеҳ ибни Марям” дар ҳар ҷо истифода шудааст ва дар ин чӣ ҳикамт пӯшида аст, аммо аз оятҳои Қуръон исбот мешавад, ки Исои носирӣ вафот ёфтаанд ва ин ҳадис гуфта истодааст, ки Исои муҳаммадӣ аз байни шумо мешавад. Боз дар ҳадисҳо рангу мӯйи ҳар ду Исо алайҳиссалом низ мувофиқат намекунанд. Аз барои Худо фикр кунед. Дуо карда фикр кунед.

Дар ин ҷо баъзеҳо мегӯянд, ки мурод аз калимаҳои ҳадис “امامکم منکم” Имом Маҳдӣ аст, ки дар замони Масеҳ мабъус хоҳад шуд ва имоми мусалмонҳо хоҳад шуд. Ҳақиқат ин аст, ки ин ҳадисро мо аз Саҳеҳи Бухорӣ гирифтем, ки дар он ҷо дар бораи Имом Маҳдӣ ягон боб вуҷуд надорад, зеро дар бораи Маҳдӣ дар ҳадисҳо бисёр ихтилоф аст ва бо боварии комил гуфта намешавад, ки ҳадисҳо дар бораи Маҳдӣ саҳеҳ ҳастанд. Агар дар ин ҳадис мурод аз “امامکم منکم” Имом Маҳдӣ мешуд, пас ҳазрати Имом Бухорӣ (р), ки имоми муҳаддисин ҳастанд, бояд як боб дар бораи Маҳдӣ ҳам мекарданд ва дар он ҷо ин ҳадисро меоварданд. Аммо ҳазрати Имом Бухорӣ (р) ин ҳадисро танҳо дар бораи Масеҳ оварданд ва зикри Маҳдӣ ягон ҷо накарданд. Аз ин маълум мешавад, ки Имом Бухорӣ (а) ҳеҷ гоҳ аз калимаҳои “امامکم منکم” маънои Маҳдӣ нагирифтанд, зеро агар эшон чунин фикр мекарданд, пас дар бораи Маҳдӣ барои исбот ин ҳадисро меоварданд. Ҳазрати Имом Муслим ҳам айнан ҳамин тавр кардаанд, балки эшон як ҷо ба ҷойи “امامکم”, “امکم” гуфтанд ва ин масъаларо ҳал карданд:

وَحَدَّثَنِي مُحَمَّدُ بْنُ حَاتِمٍ، حَدَّثَنَا يَعْقُوبُ بْنُ إِبْرَاهِيمَ، حَدَّثَنَا ابْنُ أَخِي ابْنِ شِهَابٍ، عَنْ عَمِّهِ، قَالَ: أَخْبَرَنِي نَافِعٌ، مَوْلَى أَبِي قَتَادَةَ الْأَنْصَارِيِّ، أَنَّهُ سَمِعَ أَبَا هُرَيْرَةَ، يَقُولُ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «كَيْفَ أَنْتُمْ إِذَا نَزَلَ ابْنُ مَرْيَمَ فِيكُمْ وَأَمَّكُمْ»

(صحیح مسلم، کتاب الایمان، باب نزول عیسی ابن مریم)

Фикр кунед, ки касе аз уммати дигар барои ислоҳ ба хайри уммат меояд. Оё он рӯзи хурсандӣ мешавад ва ё мотам. Уммате, ки онро хайри уммат гуфта шудааст, бо вуҷуди қуввати қудсияи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам доштан чунин қудрат ҳам надорад, ки барои ислоҳи худ як муслеҳро пайдо карда тавонад ва ақида дорад, ки як муслеҳ аз уммати дигар барои ислоҳ меояд. Магар ин ҷойи хурсанӣ аст?

Хулоса, аз далелҳои боло зикршуда исбот мешавад, ки Исои Бани Исроил дигар кас буданд ва Исои дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар кас ҳастанд. Танҳо ба сабаби мушобиҳати ин ду уммат, ки дар Қуръон зикр шудааст, Исои Муҳаммадиро “Масеҳ ибни Марям” гуфта шудааст.