ДАЛЕЛИ НУҲУМ ВА ДАҲУМИ ВАФОТИ МАСЕҲ АЛАЙҲИССАЛОМ
Аллоҳи таоло дар Қуръони маҷид мефармояд.
وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِّنْ قَبْلِكَ الْخُلْدَ أَفَإِنْ مِّتَّ فَهُمُ الْخَالِدُوْنَ۔ سورۃ الانبیاء۔35
Ва мо пеш аз ту (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ягон башарро ҷовидон насохтаем. Оё (ин тавр шуда метавонад, ки) ту бимурӣ ва онҳо зинда бимонанд.
Эй мардуми мусалмон, Худои таоло дар ин оят чунон ғайрат карда мефармояд, ки افان مت فھم الخالدون. Аммо шумо ҳазрати Исо алайҳиссаломро зинда фикр мекунед ва Сайид-ул-маъсумин саллаллоҳу алайҳи ва салламро вафот ёфта қабул доред. Дар ин ҷо далели равшан аст. Ягон намуд шарҳ даркор нест. Калимаи “қабл” гуфта истодааст, ки пеш аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳеҷ кас то ҳол зинда нест.
ДАЛЕЛИ ДАҲУМ
Аллоҳи таоло дар Қуръони карим мефармояд:
وَإِذْ قَالَ عِيْسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِيْ إِسْرَائِيْلَ إِنِّيْ رَسُوْلُ اللّٰهِ إِلَيْكُمْ مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًام بِرَسُوْلٍ يَأْتِيْ مِنْم بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوْا هَذَا سِحْرٌ مُّبِيْنٌ۔ سورۃ الصف۔7
Ҳазрати Исо алайҳиссалом дар ин оят мефармоянд, ки ومبشرا برسولٍ یأتی من بعدی اسمہ احمد. Яъне баъд аз ман як русул хоҳад омад ва номаш Аҳмад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад шуд. Ҳамаи мо медонем, ки як номи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам “Аҳмад” аст. Агар ҳамон ҳазрати Исо алайҳиссалом ба дунё дуюмбора биоянд, пас, ин оят нодуруст мешавад ва ба ҷойи من بعدی бояд من قبلی навишта шавад. Ягон мусалмон чунон корро карда метавонад, ки дар Қуръон калимае иваз кунад?? Албатта не.
Пас, аз ин оят ҳам исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом дар вақташон зиндагӣ карда, вазифаи пайғамбарии худро иҷро карда, вафот ёфтанд ва он Исо алайҳиссалом, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меомад, нафари дигар дораи хубиҳои Исо алайҳиссалом аст.
تلک عشرۃ کاملۃ
Боз оятҳои дигар ҳам дар Қуръон ҳастанд, ки аз онҳо вафоти ҳазрати Исо ибни Марям алайҳиссалом исбот мешавад. Барои софдилон як ояти Қуръон ҳам кофӣ аст.
Leave A Comment