РАДДИ АҚИДАИ ҲАЁТИ МАСЕҲ АЛАЙҲИССАЛОМ (2)
Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом (ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом) аз ояти 118-и сураи Моида вафоти ҳазрати Исо алайҳиссаломро исбот мекунанд. Мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ мегӯянд, ки аз ин оят вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот намешавад. Оят чунин аст.
مَا قُلْتُ لَهُمْ إِلَّا مَا أَمَرْتَنِي بِهِ أَنِ اعْبُدُوا اللّٰهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ ۚ وَكُنتُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا مَّا دُمْتُ فِيهِمْ ۖ فَلَمَّا تَوَفَّيْتَنِي كُنتَ أَنتَ الرَّقِيبَ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنْتَ عَلٰى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ۔ 5:118
Мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ тарҷумаи ин оят ин тавр мекунанд.
“Ман ба онҳо чизе нагуфтаам, магар он чи Ту маро ба он фармуда будӣ, ки: «Худо – Парвардигори ман ва Парвардигори худро парастед», Ва модом ки дар миёни онҳо будам, бар онҳо нигаҳбон будам; пас, вақте ки маро баргирифтӣ, (Яъне: ба осмон) Ту Худ бар онҳо Нигаҳбон будӣ; ва Ту бар ҳама чиз Гувоҳ ҳастӣ”.
Мо ин оятро шарҳ дода фаҳмондем, ки аз ин оят вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот мешавад.
Мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ дар таъйиди ақидаи зинда будани Исо алайҳиссалом ин оятро меоранд.
وَإِنْ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ إِلَّا لَيُؤْمِنَنَّ بِهِ قَبْلَ مَوْتِهِ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكُونُ عَلَيْهِمْ شَهِيداً۔ النساء:160
Тарҷума: Ва аз аҳли Китоб ҳеҷ кас нест, магар он ки, албатта, ба Исо пеш аз мурдани Исо имон оварад; ва рӯзи қиёмат Исо бар онҳо гувоҳ бошад.
Инчунин ин хадис ҳам зикр мекунанд:
إني لأرجو إن طال بي عُمرٌ أن ألقَى عيسَى بن مريمَ علیہ السلام فإن عجِل بي موتٌ فمَن لقِيه منكم فليقرِئْه مني السلامَ
أبو هريرة • الهيثمي، مجمع الزوائد ٨/٢٠٨ • رجاله رجال الصحيح
МУХТАСАРИ ҲАДИС;
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд. Исо ибни Марям омад саломи маро расонед чун умри ман боқӣ намемонад.
Инчунин дар ақволи араб ҳам калимаи “вафо” ба маънои “гирифтан” ҳам мебошяд . Масалан:
توفيت مالي من فلان أي قبضته كله وافي
“Моламро аз фалон кас гирифтам”.
ҶАВОБИ ЭЪТИРОЗҲО. Акнун ҷавоби инҳо навишта мешаванд.
- Мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ тарҷумаи калимаҳои فلما توفیتنی “маро баргирифтӣ (яъне: ба осмон)” мекунанд. Ин тарҷума нодуруст аст. Акнун мо бояд инро исбот кунем, ки ин тарҷума чӣ хел нодуруст аст.
Калимаи “таваффӣ” аз боби тафаъъул аст. Пас, дар Қуръони карим дар куҷое аз ин модда (реша) муштаққи он, яъне аз ин реша калимаи сохташуда истифода шуда бошад дар ҳоле, ки Худо ва ё фариштагон фоили он бошанд, чӣ хеле, ки дар ин оят Худо фоил аст, ва ё сиғаи маҷҳул бошад ва мафъули ғоиби он инсон бошад, дар он ҷо ғайр аз марг ягон маънои дигар карда намешаванд. Танҳо як истисно аст, ки агар ягон ҷо қаринаи (нишонаи) хоб кардан истифода шуда бошад, дар он ҷо маънои қабзи рӯҳ, чӣ хеле, ки Қуръон ҳам мегӯяд хоб кардан аст. Ба ҳар ҳол, қабзи бадан дар ягон ҷо нест. Аз рӯйи ин қоида дар Қуръон дар 23 ҷо ин калима истифода шудааст ва дар ҳама ҷо маънояш “қабзи рӯҳ” аст, на ки “қабзи бадан”. Мисолҳо чунинанд:
والذین یتوفون منکم۔ (سورۃ البقرۃ۔234،240) دو بار
توفنا مع الابرار۔ سورۃ اٰل عمران۔193
حتی یتوفٰھن الموت۔ النساء۔15
ان الذین توفٰھم الملٰئکۃ۔ النساء۔97
توفتہ رسلنا۔ سورۃ الانعام۔61
یتوفونھم۔ سورۃ الاعراف۔37
توفنا مسلمین۔ سورۃ الاعراف۔126
او نتوفینک۔ سورۃ الرعد۔40
او نتوفینک۔ سورۃ یونس۔46
توفنی مسلما۔ سورۃ یوسف۔101
تتوفٰھم الملٰئکۃ۔ سورۃ النحل۔32۔ دو بار
ثم یتوفکم۔ سورۃ النحل۔ 70
من یتوفی۔ سورۃ الحج۔5
قل یتوفٰکم۔ سورۃ السجدۃ۔11
یتوفی الانفس حین موتھا۔ سورۃ الزمر۔42
ومنکم من یتوفی۔ سورۃ المؤمن۔67
او نتوفینک۔ سورۃ المؤمن۔77
فکیف اذا توفتھم الملٰئکۃ۔ سورۃ محمد۔27
یتوفکم بالیل۔ سورۃ الانعام۔60
اذ یتوفی الذین کفروا الملٰئکۃ یضربون وجوھھم وادبارھم۔ سورۃ الانفال۔50
ولٰکن اعبد اللہ الذی یتوفکم۔ سورۃ یونس۔104
Акнун дар ин оятҳо ғайр аз қабзи рӯҳ, яъне вафот дигар маъно карда намешаванд. Дар ин ҷо Худо ва ё фариштагон фоил ҳастанд ва инсон мафъул.
Мисоле, ки аз тарафи мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ аз ақволи араб оварда шуд, яъне توفيت مالي من فلان أي قبضته كله. Дар ин ҷо Худо ва ё фариштагон фоил нестанд ва мафъул ҳам мол аст.
Дар бораи ҳамин маъно Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ба ҳамаи мусалмонон даъват дода буданд, ки аз байни шумо касе ақаллан якто мисол биёрад, ки калимаи таваффӣ истифода шуда бошад, Худо ва ё фариштагон фоил бошанд ва инсон мафъул ва маънои он калима “баргирифтан” шуда бошад. (Агар мисол овардед) пас, ман ӯро даҳ ҳазор (миллион-миллион пули ҳозира) медиҳам. Аммо ҳеҷ кас ҷавоб надод. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мухолифонро иҷозат доданд, ки барои ин кор аз арабҳо низ ёрӣ пурсед.
Маънои таваффӣ аз луғати арабҳо:
Алъон маънои калимаи таваффӣ аз фарҳангҳои араб менависем, то маълум шавад, ки дар луғатҳо чӣ навишта шудааст:
اَلْوَفَاۃُ الْمَوْتُ وَ تَوَفَّاہُ اللہ۔ قَبَضَ رُوْحَہٗ۔ قاموس۔ جلد4۔ صحیفہ۔403
تَوَفّٰہُ اللہُ عَزَّ وَجَلَّ اِذَا قَبَضَ نَفْسَہٗ۔ تاج العروس۔ جلد10۔ صحیفہ 394
اَلْوَفَاۃُ اَلْمَیْتَۃُ وَالْوَفَاۃُ اَلْمَوْتُ وَتُوَفِّیَ فَلَانٌ وَتَوَفَّاہُ اللہُ اِذَا قَبَضَ نَفْسَۂ وَ فِی الصِّحَاحِ اِذَا قَبَضَ رُوْحَہٗ۔ لسان العرب۔ جلد20۔ صحیفہ400
Пас дар ин ҷо аён аст, ки маънояш қабзи рӯҳ, яъне вафот аст, на ки қабзи бадан, яъне баданро дигар ҷо бурдан.
Боз аз тарафи мусалмонҳои ғайри Аҳмадиҳо як ҳадис оварда мешавад:
إني لأرجو إن طال بي عُمرٌ أن ألقَى عيسَى بن مريمَ علیہ السلام فإن عجِل بي موتٌ فمَن لقِيه منكم فليقرِئْه مني السلامَ
أبو هريرة • الهيثمي، مجمع الزوائد ٨/٢٠٨ • رجاله رجال الصحيح
Агар ғайри Аҳмадиҳо фикр мекунанд, ки азбаски дар ин ҷо номи Исо ибни Марям алайҳиссалом истифода шудааст, пас, ҳатман ҳамон Исо ояд. Ин ақида ҳам аз рӯйи ҳадис нодуруст исбот карда мешавад. Ба ҳар ҳол, дар ин ҷо ин ҳадис ояти сураи моидаро шарҳ намедиҳад ва маънояш ҳамин қадар мебошанд, ки дар уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам масили Масеҳ хоҳад омад, на ки ҳамон Масеҳи носирӣ. وھو المراد
Боз аз тарафи ғайри Аҳмадиҳо як ояти Қуръон оварда мешавад:
وَإِنْ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ إِلَّا لَيُؤْمِنَنَّ بِهِ قَبْلَ مَوْتِهِ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكُونُ عَلَيْهِمْ شَهِيداً۔ النساء:160
Тарҷумаи ғайра аҳмадиҳо: “Ва аз аҳли Китоб ҳеҷ кас нест, магар он ки, албатта, ба Исо пеш аз мурдани Исо имон оварад; ва рӯзи қиёмат Исо бар онҳо гувоҳ бошад.
Аз тарҷумаи ғайри аҳмадиҳо истидлол карда мешавад, ки азбаски аҳли китоб бояд пеш аз вафот ба ҳазрати Исо алайҳиссалом имон биоранд ва то ҳол ҳамаи аҳли китоб ба ҳазрати Исо алайҳиссало имон наоварданд, пас, бояд ҳазрати Исо алайҳиссалом дуюм бора биёянд ва аҳли китоб ӯро қабул кунанд. Ҳамин аст далели мусалмонҳои ғайри Аҳмадиҳо.
Ҷавоб: Ин тарҷума нодуруст аст. Сабабҳо чунинанд:
Дар оғози оят ان من истифода шудааст. Яъне ҲАР ЯК АҲЛИ КИТОБ бояд ба ҳазрати Исо алайҳиссалом имон орад. Ягон кас берун намонад. Ғайри Аҳмадиҳо ҳам калимаи “ҳеҷ кас” дар тарҷума истифода мекунанд. Аммо бисёр аҳли китоб, яъне яҳудиҳову масеҳиён ба ҳазрати Исо алайҳиссалом имон наоварда мурдаанд. Агар тарҷумаи ғайри Аҳмадиҳо дуруст бигӯем, пас, бояд баъд аз нузули ҳазрати Исо алайҳиссалом Худои таоло ҳамаи аҳли имонро зинда кунад, ки ин чиз ғайри имкон аст. Ба ҳамин сабаб ин тарҷума нодуруст мебошад.
Агар касе ин тавр гӯяд, ки танҳо он аҳли китоб, ки дар вақти нузули ҳазрати Исо алайҳиссалом зинда мебошанд, бояд имон оранд. Дар ҷавоб мегӯем, ки дар ин оят чунин калимаҳо Худои таоло истифода накардааст.
- Боз ин тарҷума ба ин сабаб намешавад, ки Қуръон эълон мекунад, ки
لو کان من عند غیر اللہ لوجدوا فیہ اختلافا کثیرا۔ سورۃ النساء۔83
Яъне агар ин китоб (яъне Қуръон) ғайр аз Худо аз тарафи касе дигар мешуд, пас дар ин бисёр ихтилофро меёфтанд.
Ин далел бар садоқати Қуръон аз тарафи Худо аст. Акнун агар тарҷумаи шумо саҳеҳ қабул карда шавад, он гоҳ дар Қуръони карим ихтилоф пайдо мешавад, зеро пеш аз ин дар ҳамин сура дар бораи яҳудиҳо навишта шудааст, ки
فلا یؤمنون الا قلیلا۔ سورۃ نساء۔47
Акнун агар тарҷумаи шуморо дуруст биҳисобем, яъне (ҳама имон хоҳанд овард), пас дар Қуръон ихтилоф пайдо хоҳад шуд. Ба ҳамин сабаб ин тарҷумаи шумо нодуруст аст.
- Худои таоло ҳазрати Исо алайҳиссаломро мефармояд:
وجاعل الذین اتبعوک فوق الذین کفروا الی یوم القیامۃ۔ سورۃ اٰل عمران۔56
Яъне Ман пайравони туро бар яҳудиҳо то рӯзи қиёмат ғалаба хоҳам дод. Боз мефармояд:
واغرینا بینھم العداوۃ والبغضاء الی یوم القیامۃ۔ سورۃ المائدۃ۔15
Яъне мо дар байни онҳо (яъне яҳудиҳо ва масеҳиён) то қиёмат адовату кина мондем. Боз мефармояд:
والقینا بینھم العداوۃ والبغضاء۔ سورۃ مائدہ۔65
Акнун фикр кунед, чӣ хеле, ки ғайри Аҳмадиҳо тарҷума мекунанд, аз рӯйи он тарҷума бояд дар байнашон ягон душманӣ боқӣ намонад. Аммо ин оятҳо зидди тарҷумаашон даъво доранд. Фикр кунед…
- дар ин оят калимаи موتہ омадааст, ва ҳазрати Ибни Аббос дар қироати дигар чунин мегӯянд:
عن ابن عباسٍؓ وان من اھل الکتاب الا لیؤمنن بہ قبل موتہٖ قال ھی فی قرأۃ أُبی قبل موتھم۔ ابن جریر۔ جلد6۔ صحیفہ 16
Яъне ҳазрати Ибни Аббос гуфт, ки дар қироати Убай ибни Каъб ба ҷойи موتہ “мавтиҳӣ”, مَوْتِھِمْ “мавтиҳим” омадааст. Яъне марги аҳли китоб.
Акнун он тарҷумае, ки мо мекунем, ва ба ягон ояти дигар зид намебарояд, чунин мебошад.
“Ва аз аҳли Китоб (яъне яҳудиҳо ва масеҳиён) ҳеҷ кас нест, аммо он ки, албатта, ба ин (воқеаи салиб) пеш аз мурдани худ имон оварад ва рӯзи қиёмат Исо бар онҳо гувоҳ бошад”.
Яҳудӣ барои он пеш аз мурдани худ ба ин воқеа имон меорад, ки вай даъво дорад, ки мо ҳазрати Исо алайҳиссаломро дар болои салиб куштем, ва аз рӯйи Таврот касе бар салиб мурад, лаънатӣ аст. (китоби панҷуми таврот, боби 21, ояти 23) ва лаънатӣ пайғамбар намешавад.
Масеҳӣ барои он ба воқеаи салиб имон меорад, ки вай асоси ақидаи куффора ба ҳамин воқеаи салиб мегузорад. Яъне ҳазрати Исо алайҳиссалом дар болои салиб ҷон дода, ҳамаи гуноҳҳои онҳоро шустааст.
Агар аз рӯйи инсоф ва далелҳои болоро нигоҳ карда хонед, тарҷумаи моро дуруст мегӯед ва аз ояти 160-и сураи Нисо зинда будани ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот намешавад.
والامر الیک
Leave A Comment