ВАФОТИ ҲАЗРАТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом аз тарафи Худо хабар гирифта даъвои Маҳдӣ ва Масеҳ кардаанд. Ҷаоматашон рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст. Худи ҳамин чиз далел бар он аст, ки ин ҷамоат аз тарафи Худо аст. Мусулмонҳои ғайри Аҳмадӣ то ҳозир дар интизори Имом Маҳдӣ ва Масеҳ алайҳиссалом мебошанд. Агар аз Қуръон ва ҳадисҳо вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот шавад, пас, дигар интизори ҳазрати Исо алайҳиссалом аз осмон беҳудааст.

Пеш аз ин, ки дар бораи вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом якто-якто далел оварда шавад, ба хонандагон аз таҳти дил илтимос мекунем, ки аз Худо дар бораи ин ҷамоат дуо карда пурсед, истихора кунед, зеро мо Худоро қасам гуфта эълон мекунем, ки ин ҷамоати Худо аст. Бисёр мусулмонҳо аз ин ҳақ маҳруманд.

Акнун дар бораи вафоти Исо алайҳиссалом аввалин ояте, ки аз Қуръон зикр мекунам, ин мебошад.

وَإِذْ قَالَ اللهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ ءَاَنْتَ قُلتَ لِلنَّاسِ اتَّخِذُوْنِي وَأُمِّيَ إِلٰهَيْنِ مِن دُونِ اللهِ قَالَ سُبْحَانَكَ مَا يَكُونُ لِيْ أَنْ أَقُولَ مَا لَيْسَ لِيْ بِحَقٍّ إِنْ كُنْتُ قُلْتُهُ فَقَدْ عَلِمْتَهُ تَعْلَمُ مَا فِيْ نَفْسِيْ وَلَا أَعْلَمُ مَا فِيْ نَفْسِكَ إِنَّكَ أَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ۔ مَا قُلْتُ لَهُمْ إِلاَّ مَا أَمَرْتَنِيْ بِهِ أَنِ اعْبُدُواْ اللهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ وَكُنتُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا مَّا دُمْتُ فِيهِمْ فَلَمَّا تَوَفَّيْتَنِي كُنْتَ أَنتَ الرَّقِيبَ عَلَيْهِمْ وَأَنتَ عَلٰى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ۔ سورۃ مائدہ۔117-118

Дар ин оя муколама байни Хадои зулҷалол ва ҳазрати Исо алайҳиссалом меравад. Рӯзи қиёмат Худои таоло аз ҳазрати Исо алайҳиссалом чунин савол мекунад, ки оё ту ба мардум гуфта будӣ, ки маро (яъне Исо алайҳиссаломро) ва модарамро ғайр аз Худо парастиш кунед? Ҳазрати Исо алайҳиссалом дар ҷавоб хоҳанд гуфт, ки эй Худо, Ту пок ҳастӣ. Ман он чизро гуфта наметавонам, ки дар бораи гуфтанаш ҳақ надорам. Агар ман ба мардум мегуфтам, пас, Ту дар бораи он медонистӣ. Ту медонӣ он чизе, ки дар дили ман аст, аммо ман намедонам, ки дар нафси Ту чист. Албатта Ту ба ҳар як ғайб хабар дорӣ.

Дар ояти баъдина ҳазрати Исо алайҳиссалом сухани худро давом дода мегӯянд, ки ман танҳо ба мардум он чиз гуфтам, ки Ту ба ман ҳукм дода будӣ ва он чиз ин аст, ки танҳо ибодати Худо кунед, ки Рабби ману шумо аст ва ман бар сари онҳо нигаҳбон будам, то вақте, ки дар байни онҳо будам. Баъдан, вақте ки Ту маро вафот додӣ, Ту ба онҳо нигаҳбон будӣ. Ва ту ба ҳар як чиз нигаҳбон ҳастӣ.

Бародарони азиз, аз ин оят мисли рӯзи равшан аён аст, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом пеши Худо гуфта истодаанд, ки ман дар бораи ширк кардани пайравони худ хабар надорам, зеро то вақте, ки ман дар байни онҳо будам, онҳо чунин корро накарда буданд, аммо баъд аз вафоти ман Ту (Худо) нигаҳбон будӣ.

Акнун, агар ҳазрати Исо алайҳиссалом дуюм бора ба дунё биоянд, пас, мебинанд, ки мардум Эшонро ва модарашро ғайр аз Худо парастиш карда истодаанд, пас, аз рӯйи Қуръон ҳазрати Исо алайҳиссалом пеши Худо чунин гуфта наметавонанд, ки ман дар бораи ширки онҳо хабар надорам. Агар мо чӣ тавре, ки мусулмонҳо ақида доранд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом дар осмон зинда ҳастанд ва боз ба дунё меоянд, фикр кунем, пас, ин сухани ҳазрати Исо алайҳиссалом пеши худо дурӯғ ҳисобида мешавад ва ягон пайғамбар ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Агар аз рӯйи ақидаи мусалмонҳо, ҳозир ҳазрати Исо алайҳиссалом биоянд, пас, эшон бо чашмони худ мебинанд ва мефаҳманд, ки ҳамаи масеҳиён ширк карда истодаанд. Инро дида рӯзи қиёмат чӣ хел гуфта метавонанд, ки ман дар бораи ин ширк илм надорам.

Хулоса, аз оятҳои боло зикршуда исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом дуюмбора дар дунё нахоҳанд омад. Агар то қиёмат ба дунё наоянд, пас, зинда будани эшон дар осмон чӣ фоида дорад? Он касе, ки дар дунё хоҳад омад ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар борааш хабар дода буданд, масил ва бурӯзи Масеҳ ибни Марям аст, ки сифатҳои Исо ибни Марямро дар худ дорад ва аз уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд бошад, ки аллакай омадааст.

Боз дар оятҳои боло калимаҳои فَلَمَّا تَوَفَّیْتَنِیْ навишта шудаанд. Яъне ҳазрати Исо алайҳиссалом пеши Худо рӯзи қиёмат гуфта истодаанд, ки “вақте Ту маро вафот додӣ” баъд аз он намедонам, ки онҳо парастиши ман ва модарамро карданд ё не.

Ҳазрати Имом Бухорӣ раҳимаҳуллоҳ дар тафсири فَلَمَّا تَوَفَّیْتَنِیْ қавли ҳазрати Ибни Аббос разияллоҳу анҳуро нақл карданд, ки

قَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ مُتَوَفِّیْکَ مُمِیْتُکَ۔ بخاری کتاب التفسیر سورۃ مائدۃ زیر آیت ما جعل اللہ من بحیرۃ۔ المائدۃ:104

Яъне ҳазрати Ибни Аббос разияллоҳи анҳу фармуданд, ки маънои мутаваффика мумитука (марг) мебошад.

Калимаи таваффӣ масдари боби тафаъъули арабӣ мебошад. Пас, дар Қуръони карим дар куҷое муштаққи он истифода шуда бошад, дар ҳоле, ки Аллоҳи таоло ва ё фариштаҳо фоил бошанд ва ё сиғаи маҷҳул бошад ва мафъули ғоибаш инсон бошад, дар ин сурат ғайр аз қабзи рӯҳ, яъне вафот маънои дигар карда намешаванд. Мурод аз қабзи рӯҳ марг аст. Агар дар ҷое, ки қаринаи лайл ва ё маном вуҷуд дошта бошад, дар он ҷо мурод аз қабзи рӯҳ хоб қарор дода мешавад. Ба ҳар ҳол, дар ягон ҷо қабзи бадан, яъне бо бадан ба осмон бурдан мурод нест.

Пас, аз оятҳои боло исбот шуд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот кардаанд ва дуюмбора ба дунё барнамегарданд. Вақте ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот карда бошанд, пас, вазифаи ҳар як мусалмон аст, ки дар бораи шахсе, ки даъвои масили Исо будан аз тарафи Худо кардааст, таҳқиқ кунад.