ИШҚИ ҲАЗРАТИ МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД (А) БО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ

(4)

Ишқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам аз рӯйи воқеаҳо

Рӯзе ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар албайти назди хонаи худ, ки “ал-байт” номида мешавад, оҳиста‑оҳиста сайру гашт мекарданд ва чизе замзама мекарданд. Дар баробари ин аз чашмон ашкҳо равон буданд. Як рафиқи мухлис аз берун омада шунид, ки ҳазрати ақдас (а) шеъри саҳобии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам, – ҳазрати Ҳассон ибни Собит (р)-ро мехонданд, ки ҳазрати Ҳассон ибни Собит дар вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам гуфта буданд. Он шеър чунин аст:

کُنْتَ السَّوَادَ لِنَاظِرِیْ فَعَمِیَ عَلَیْکَ النَّاظِرٗ

مَنْ شَآءَ بَعْدَکَ فَلْیَمُتْ فَعَلَیْکَ کُنْتُ اُحَاذِرٗ

(Девони Ҳассон ибни Соибат)

Тарҷума. Яъне эй расули маҳбуби Худо, ту мардумаки чашмам будӣ, ки имрӯз бинобар вафоти ту нобино шудааст. Акнун баъд аз ту касе мурад, парвое нест, зеро ман танҳо аз марги ту метарсидам.

Ровӣ баён мекунад, ки вақте ман ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)-ро чунин дар ҳолати гиря дидам, он гоҳ Ҳазрати ақдас дар албайт тоқа роҳ мегаштанд. Ман дар ҳаяҷон омада пурсидам, ки Ҳазрат, ин чӣ гап аст ва Ҳузурро кадом ғам расидааст? Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом фармуданд: Ман он гоҳ шеъри Ҳассон ибни Собитро хонда истода будам ва дар дили ман орзу пайдо шуда буд, ки “кош ки ин шеър аз забони ман мебаромад”. (Сирати Тайиба. Саҳифаи 27-28)

Чунин ишқ ман дар ягон шахс надидаам

Ҳазрати Мирзо Султон Аҳмад, ки писари калонии завҷаи аввали ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) буданд, дар зиндагии Ҳазрати ақдас дохили ҷамоати Аҳмадия нашуда буданд, балки эшон дар замони халифаи дуюми ҷамоат – ҳазрати Халифат-ул-масеҳиссонӣ (р) байъат карданд. Рӯзе ҳазрати Мирзо Башир Аҳмад (р) аз эшон оиди ахлоқу одатҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) пурсиданд. Эшон фармуданд, ки “як чиз дар падарам (яъне ҳазрати Масеҳи Мавъуд  ) махсус мушоҳида кардам ва он чиз ин мебошад, ки падари азиз бар хилофи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам шунидани гапи андак ҳам тоқат намекарданд. Агар шахсе бар хилофи шаъни ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам гапи андак ҳам мегуфт, чеҳраи падарам сурх мешуд ва чашмҳо бо қаҳр тағйир меёфтанд ва ҳамон вақт аз чунин маҷлис хеста мерафтанд. Бо Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи васаллам падарам ишқ мекарданд. Чунин ишқ ман дар ягон шахс надидам ва Мирзо Султон Аҳмад ин гапи худро чанд бор такрор карданд. (Сирати тайиба. Саҳифаи 34)

Оё ман мазори Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи васалламро дида хоҳам тавонист.

Писари ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ҳазрати Мирзо Башир Аҳмад М.А. менависанд:

Рӯзе дар хона будем ва табъи ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) носоз буд ва эшон дар кат дароз кашида буданд. Модарамон ва бобои мо, яъне ҳазрати Мир Носир Навоб марҳум ба наздашон нишаста буданд. Байни гапҳо гап дар бораи Ҳаҷ сар шуд. Ҳазрати бобоямон мисли чунин сухан гуфтанд, ки акнун барои ҳаҷ сафар ва роҳҳо осон шуда истодаанд, ба ҳаҷ рафтан даркор. Он гоҳ дар ёди Ҳармайни шарифайн чашмҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд бо ашкҳо пур шуданд ва бо ангушт ашкҳоро тоза мекарданд. Дар ҷавоби сухани бобоҷон фармуданд:

“Дуруст аст ва хоҳиши диламон низ ҳамин аст, аммо фикр мекунам, ки оё мазори ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро дида хоҳам тавонист ё не”.

Ин дар зоҳир як гапи одии хонагӣ мебошад, аммо агар фикр кунем, пас маълум мешавад, ки дар қалби софии ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) чӣ қадар баҳри ишқи Русул саллаллоҳу алайҳи васаллам мавҷзан буд. Кадом шахс хоҳиши ҳаҷ надорад, аммо дар бораи муҳаббати бепоёни он шахсро тахмин кунед, ки рӯҳаш дар тасаввури ҳаҷ дарав то ба мазори Русули пок саллаллоҳу алайҳи васаллам мерасад ва аз чашмҳояш ашкҳо ҷорӣ мешаванд. (Сирати Тайиба. Саҳифаи 35-36)

Сардори моро дашном медиҳад ва моро салом мекунад.

Боре ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар сафар буданд ва дар назди вокзали роҳи оҳани Лоҳур дар як масҷид вузӯ мефармуданд. Он гоҳ Пандит Лекҳаром пеши Ҳузур омад ва салом кард, аммо ҳазрати Ақдас ҷавоб надоданд. Ӯ фикр кард, ки шояд эшон гӯш накардааст. Аз тарафи дигар омада боз салом кард, аммо эшон ба тарафи ӯ ҳеҷ таваҷҷуҳ накарданд. Баъд аз ин аз рафиқон касе гуфт, ки Ҳузур, Пандит Лекҳаром салом карда буд. Дар ҷавоб ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) фармуданд:

“Сардори моро дашном медиҳад ва моро салом мекунад”.

(Сират‑ул‑Маҳдӣ. Қисми 1ю саҳифаи 272)

Дар маҷлисе, ки Расулуллоҳи моро ҳақорат карда шуд, чаро шумо дар он маҷлис шиста истодед?

Боре орияҳо (ҳиндуҳо) дар Вачувалӣ Лоҳур ҷаласае баргузоштанд ва дар он намояндагони ҳар як мазҳабро даъват доданд. Ҳамин тавр ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) низ дархостанд, ки барои ин ҷаласа мақолае нависанд. Онҳо ваъда доданд, ки дар ҷаласа ягон гапи мухолифи тамаддуну динҳое гуфта нахоҳад шуд. Дар ҷавоби ин даъват ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) як ҳавории мумтози худ – ҳазрати Мавлавӣ Нуруддинро, ки баъдан халифаи аввали ҷамоат шуданд, бо дигар аҳмадиҳо ба Лоҳур равон карданд ва онҳоро як мақола низ навиша доданд, ки дар он хубиҳои дини Муҳаммад ба ранги аҳсан ва дилкаш навишта шуда буданд. Аммо дар он ҷаласа вақте навбати Орияҳо (ҳиндуҳо) барои баромад шуд, онҳо ваъдахилофӣ карда бар хилофи Русули пок саллаллоҳу алайҳи васаллам он чунон баддаҳонӣ карданд, ки паноҳи Худо. Вақте хабари ин аҳволи ҷаласа ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) расид ва иштирокчиёни ҷаласа ба Қодиён баргаштанд, он гоҳ ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) аз ҳазрати Мавлавӣ Нуруддин ва дигар аҳмадиҳо сахт хафа шуданд ва такроран фармуданд, ки дар маҷлисе, ки Расулуллоҳи моро ҳақорат карда шуд, шумо чаро дар он маҷлис хомӯш нишастед ва чаро аз он ҷо набаромадед? Ғайрати шумо чӣ хел тоқат кард, ки сардори шуморо ҳақорат карда шавад ва шумо хомӯш он ҷо шинед? Сонӣ ин ояти Қуръонро тиловат фармуданд, ки

وَقَدْ نَزَّلَ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ أَنْ إِذَا سَمِعْتُمْ آيَاتِ اللَّهِ يُكْفَرُ بِهَا وَيُسْتَهْزَأُ بِهَا فَلَا تَقْعُدُوا مَعَهُمْ حَتَّى يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ۔ سورۃ نساء:141

Тарҷума: “Ва албатта дар Қуръон бар шумо нозил шудааст, ки чун бишунавед, ки оятҳои Худоро инкор карда мешавад ва ба онҳоро тамасхур карда мешавад, пас, бо онҳо нанишинед, ҳатто онҳо дар гапи дигар машғул шаванд.”

Дар ин маҷлис ҳазрати Мавлавӣ Нуруддин – халифаи аввал, низ ҳузур доштанд ва эшон дар натиҷаи каломи ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) он чунон нодим буданд, ки сари худро поён хам карда нишаста буданд, балки бо сухани ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ҳамаи маҷлис шармандаву нодим буд. (Сирати Тайибаю саҳифаи 31-33)

Машкҳои нур

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад Қодиёнӣ алайҳиссалом мефармоянд:

Шабе ин банда он қадар дуруди шариф хонд, ки дилу ҷон бо вай муаттар шуд. Ҳамон шаб дар хоб дидам, ки фариштаҳо ба шакли оби зулол машкҳои нур бар хонаи ин банда меоранд ва яке аз онҳо гуфт, ки ин ҳамон баракот мебошанд, ки ту ба тарафи Муҳаммад фиристода будӣ, саллаллоҳу алайҳи васаллам.

(Бароҳини Аҳмадия. Хазинаҳои рӯҳонӣ ҷилди 1. 576с.)