РАДДИ АҚИДАИ ҲАЁТИ МАСЕҲ АЛАЙҲИССАЛОМ

Худои таоло дар Қуръони шариф мефармояд:

وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللّٰهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَـكِن شُبِّهَ لَهُمْ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُواْ فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِّنْهُ مَا لَهُم بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلاَّ اتِّبَاعَ الظَّنِّ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا۔ بَل رَّفَعَهُ اللّٰهُ إِلَيْهِ وَكَانَ اللّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا۔ سورۃ نساء۔ 157-158

Тарҷума: “Ва сухани онҳо, ки мо яқинан Исо ибни Марямро куштем, ҳол он ки на ӯро қатл карданд ва на бар салиб (то марг) овехтанд, балки барои онҳо муштабеҳ сохта шуд ва албатта онҳое, ки дар бораи ин ихтилоф доранд, ҳатман дар бораи он дар шак ҳастанд. Онҳоро дар ин бора ғайр аз пайравии гумон илм нест. Ва ҳатман онҳо ӯро на куштанд.

Балки Худо ӯро ба сӯйи худ рафъ кард ва яқинан Худо соҳиби ғалабаи комил, соҳиби ҳикмат аст”.

Ин оятҳоро тарҷума карда мешавад, ки Худои таоло ҳазрати Исо алайҳиссаломро ба сӯйи худ бо ҷасади заминӣ бардоштааст. Аммо калимаи “рафъ” вақте, ки Худои таоло барои касе истифода кунад, чунин маъноро пайдо намекунад. Як чанд мисолҳо инҳоянд. Аллоҳи таоло мефармояд:

وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَاهُ بِهَا وَلَـكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَى الأَرْضِ۔ سورۃ الاعراف۔ 176

Худои таоло дар бораи Балъам Боур мефармояд, ки агар мо мехостем, дараҷаи ӯро баланд мекардем, аммо ӯ дар натиҷаи хоҳишҳои нафсонии худ ба тарафи замин моил шуд.

Дар ин ҷо маълум аст, ки Худои таоло дар бораи рутба ва баландии дараҷаҳо гуфта истодааст.

Боз Аллоҳи таоло фармудааст:

وَرَفَعْنَاهُ مَكَانًا عَلِيًّا۔ سورۃ مریم۔ 57

Яъне Мо ҳазрати Идрис алайҳиссаломро ба дараҷаи баланд мондем. Ва дар ояти баъдина Худои таоло мефармояд, ки Мо ҳамин хел бар пайғамбарон ИНЪОМ мекунем.

Акнун дар ин оят низ Худои таоло баландии дараҷаҳоро дар назар дорад. Агар маънои калимаи рафъ ба тарафи Худо бо ҷисм рафтан бошад, пас, ҳазрати Идрис алайҳиссаломро низ аз рӯйи ин ояти Қуръон бояд пеши Худо зинда бурдан даркор мешавад.

Дигар оятҳо, ки дар он ҷо маънии рафъ баландии дараҷаҳо аст, чунинанд:

فِي بُيُوتٍ أَذِنَ اللهُ أَن تُرْفَعَ۔ سورۃ نور۔37

فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ۔ مَّرْفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةٍ۔ سورۃ عبس۔ 13-14

وَفُرُشٍ مَّرْفُوعَةٍ۔ سورۃ واقعۃ۔34

يَرْفَعِ اللهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ۔ سورۃ المجادلۃ۔11

Яъне вақте ки дар бораи ягон муъмин ва ё олим Худованд чунин сухан кунад, ки Ман рафъи он кардаам, мурод аз ин ба тарафи осмон рафтан нест, балки баландии мақому дараҷаҳо аст. Дар вақти ҳазрати Исо алайҳиссалом дар замонашон ғайр аз ҳазрати Исо алайҳиссалом кӣ муъмин ва олимтар буд? Пас, маънои рафъи Исо алайҳиссалом низ тараққии дараҷаҳо аст.

Боз дар ояти сураи Нисо гуфта шудааст, ки рафъи ҳазрати Исо алайҳиссалом ба тарафи Худо аст. Дар ин ҷо ягон калимаи осмон (само) истифода нашудааст, ки маънои боло рафтан бароянд. Дар бораи ҳастии Худо Қуръон чунин мегӯяд:

 وَهُوَ اللهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَفِي الأَرْضِ۔ سورۃ الانعام۔4

Яъне Худо дар замину осмон аст.

وَلِلّٰهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللهِ۔ سورۃ البقرۃ۔115

Яъне кадом тараф шумо чеҳраи худро мегардонед, ҳамон тараф Худо ҳаст.

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ۔ سورۃ ق۔16

Яъне Мо аз раги ҷони инсон ҳам наздиктар ҳастем.

اَللہُ نُورُ السَّمٰوٰتِ وَالْاَرْضِ۔ سورۃ نور۔36

Яъне Худо нури осмону замин аст.

Вақте ки Худо ҳама ҷо аст, пас, агар Худо рафъ кунад, дар он сурат ба осмон рафтан лозим намеояд, балки дар ҳамин замин рафъ шудан мумкин аст. Ҳамаи мо медонем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дуои байн-ас-саҷадатайн (дуои байни ду саҷдаҳои намоз) калимаи ВАРФАЪНӢ низ мехонданд, яъне эй Худо маро рафъ кун. Ҳадис чунин мебошад:

حَدَّثَنَا أَبُو كُرَيْبٍ مُحَمَّدُ بْنُ الْعَلَاءِ قَالَ: حَدَّثَنَا إِسْمَاعِيلُ بْنُ صَبِيحٍ، عَنْ كَامِلٍ أَبِي الْعَلَاءِ، قَالَ: سَمِعْتُ حَبِيبَ بْنَ أَبِي ثَابِتٍ يُحَدِّثُ، عَنْ سَعِيدِ بْنِ جُبَيْرٍ، عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ بَيْنَ السَّجْدَتَيْنِ فِي صَلَاةِ اللَّيْلِ «رَبِّ اغْفِرْ لِي، وَارْحَمْنِي، وَاجْبُرْنِي، وَارْزُقْنِي، وَارْفَعْنِي»

سنن ابن ماجہ۔ کتاب أقامۃ الصلاۃ والسنۃ فیھا۔ باب ما یقول بین السجدتین۔

Ҳамаи муъминон боварӣ доранд, ки рафъи ҳазрати Пайғамбар шуда буд, аммо дар ҳамин замин. Вақте ки ҳамон рафъ дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меояд, дар он ҷо маънои бо бадан боло рафтанро намегиред, аммо вақте дар бораи ҳазрати Исо алайҳиссалом меояд он вақт маъно иваз мешаванд. Аҷоиб

Боз дар ҳадис меояд:

اذا تواضع العبد رفعہ اللہ الی السماء السابعۃ۔ کنز العمال جلد 2 صحیفہ 25

Дар ин ҷо ҳам маънои калимаи рафъ баландии дараҷот ва қурбати Илоҳӣ аст. Боз дар ин ҷо калимаи осмон ҳам истифода шудааст, аммо ҳеҷ кас маънои ин ҳадисро чунин карда наметавонад, ки Худо ҳар як одамро дар вақти хоксорӣ ба боло мебарад.

Боз ҳадиси дигар аст:

حَدَّثَنَا يَحْيَى بْنُ أَيُّوبَ، وَقُتَيْبَةُ، وَابْنُ حُجْرٍ، قَالُوا: حَدَّثَنَا إِسْمَاعِيلُ وَهُوَ ابْنُ جَعْفَرٍ، عَنِ الْعَلَاءِ، عَنْ أَبِيهِ، عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، عَنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «مَا نَقَصَتْ صَدَقَةٌ مِنْ مَالٍ، وَمَا زَادَ اللهُ عَبْدًا بِعَفْوٍ، إِلَّا عِزًّا، وَمَا تَوَاضَعَ أَحَدٌ لِلّٰهِ إِلَّا رَفَعَهُ اللهُ»

صحیح المسلم۔ کتاب البر والصلۃ والآداب۔ باب استحباب العفو والتواضع

Яъне ягон одам нест, ки пеши Худо аз рӯйи итоат афтида бошад ва Худо онро рафъ накарда бошад.

Ғайр аз ин дар луғатҳои арабӣ дар Лисон-ул-араб, Тоҷ-ул-урус, Ақраб-ул-маворид ва дигарҳо маънои калимаи рафъ баландии дараҷаҳо карда шудааст.

Акнун чӣ хеле, ки исбот шудааст, ки маънои калимаи рафъ баландии дараҷот ва қурби Худо аст, пас, дар ояти мазкур “бал рафааҳуллаҳу илайҳ” чӣ маъно дорад?

Ҳазрати Исо алайҳиссалом вақте даъвои пайғамбарӣ карданд, олимони он замон фикр карданд, ки мо чӣ ҳила кунем, ки дурӯғ будани ин шахс исбот шавад. Дар охир онҳо ба ҳамин чиз иттифоқ карданд, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро салиб дода шавад, зеро дар китоби Таврот чунин омадааст, ки:

“Касе ки ба салиб кашида шудааст, ба лаънати Худо гирифтор аст”.

Таврот, Истисно (Такрори шариат, китоби панҷуми таврот), боби 21, ояти 23.

Ба ҳамин сабаб олимони он вақта кӯшиданд, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро салиб дода шавад. Худо дар ин ояти Қуръон мефармояд, ки онҳо ҳазрати Исо алайҳиссаломро ҳам қатл карда натавонистанд ва ҳам салиб дода натавонистанд. Баръакси ҳол, Худо ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз ҷон додан дар болои салиб маҳфуз монд ва ба ҳамин тариқ дараҷаи ҳазрати Исо алайҳиссаломро боло гузошт, яъне рафъи ҳазрати Исо алайҳиссалом карда шуд.

Агар Худои таоло ин тавр мекард, чӣ тавре, ки мусалмонҳои ғайри Аҳмадӣ ақида доранд, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро боло бурд ва як одами дигарро чеҳраи ҳазрати Исо алайҳиссалом дода, салиб дод, пас, аз ин кор гӯё Худо пеши яҳудиҳо мағлуб шуд, зеро агар онҳо дар мақсадашон комёб мешуданд, мардумро мегуфтанд, ки ин пайғамбар набуд, зеро аз рӯйи Таврот дар болои салиб мурдааст.

Пас, аз ҳамаи ин чизҳо маълум мешавад, ки дар ояти сураи Нисо маънои рафъ баландии дараҷаҳо ва наҷот додани ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз салиб аст, на ки боло рафтан ба осмон.

والامر الیک