ИШҚИ ҲАЗРАТИ МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД (А) БО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ
(2)
Эй Ҳокими осмонии ман, аз ин ибтилои азим наҷот бубахш
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:
Мухолифон бар хилофи Русули акрами мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бешумор буҳтон гуфтаанд ва бо ин даҷали худ як халқи зиёдро гумроҳ кардаанд. Чизе дили маро чунин озор надодааст, ки тамасхури инҳо, ки дар шаъни Расули пок саллаллоҳу алайҳи васаллам мекунанд, маро ғам додааст. Таъну бадгӯйи дилозори инҳо, ки дар хилофи сифоти ҳазрати Хайр‑ул‑башар саллаллоҳу алайҳи васаллам мекунанд, дили маро сахт захмӣ кардааст. Қасам ба Худо, агар ҳамаи авлод ва насли ман, ҳамаи дӯстони ман ва муовинонам пеши чашмам қатл карда шаванд ва дасту поҳои худам бурида шаванд, мардумаки чашмам бароварда шавад ва ман аз ҳамаи муродҳои худ маҳрум монда шавам ва ҳамаи хурсандию осоишро аз даст диҳам ҳам, дар муқобили ҳамаи ин корҳо ин чиз барои ман вазнинтар аст, ки бар шаъни Расули акрам саллаллоҳу алайҳи васаллам ҳамлаҳои нопок карда шаванд. Пас, эй Ҳокими осмонии ман, Ту бар мо нигоҳи раҳмату нусрат фармо ва моро аз ин ибтилои азим наҷоб бубахш.
(Тарҷума аз матни арабӣ. Оинаи камолоти Ислом. Саҳифаи 15)
Барои ҳар як одамзод як русул ва як шафеъ
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:
Барои навъи инсон бар рӯйи замин ғайр аз Қуръон ягон китоб нест ва барои ҳамаи одамзод акнун ягон русул ва шафеъ ғайр аз ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам нест. Пас, шумо кӯшиш кунед, ки муҳаббати ҳақиқӣ бо ин набии соҳиби ҷоҳу ҷалол пайдо кунед ва касеро бар ин кас ягон намуд бузургӣ надиҳед, то бар осмон шумо наҷотёфта навишта шавед ва бидонед, ки наҷот ҷизе нест, ки баъди марг зоҳир хоҳад шуд, балки наҷоти ҳақиқӣ он аст, ки дар ҳамин дунё нури худро нишон медиҳад. Наҷотёфта кист? Он касе, ки боварӣ дорад, ки Худо рост аст ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам байни Худову махлуқ шафеъ мебошанд ва зери осмон баробари ӯ на ягон русул аст ва на ягон китоби ҳаммартабаи Қуръон аст. Ва барои касе Худо нахост, ки ҳамеша зинда монад, аммо ин русули баргузида то абад зинда аст.
(Киштии Нӯҳ. Саҳифаи 13)
Набии доимо бар тахти ҷалолу тақаддус нишастагӣ
Эй мардум, ки дар замин зиндагӣ мекунед ва эй ҳамаи рӯҳҳои инсонӣ, ки дар шарқу ғарб ободед, ман бо тамоми қувва шуморо ба ин тараф даъват мекунам, ки акнун дар замин мазҳаби росту ҳақиқӣ танҳо Ислом аст ва Худои рост низ ҳамон Худо аст, ки Қуръон баён кардааст ва набии ҳамеша зинда аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва бар тахти ҷалолу тақаддус менишастагӣ ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам аст.
(Тарёқ‑ул‑қулуб. Саҳифаи 7)
Ҳамдарди беназири инсонҳо
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:
Агар фазилати ягон набӣ аз корҳояш исбот шуда тавонад, ки ҳамдардии ҳақиқӣ барои банӣ навъ зиёдтар аз ҳама анбиё зоҳир шавад, пас, эй мардум, хезед ва гувоҳӣ диҳед, ки дар ин сифат назири Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар дунё нест… Махлуқпарастону нобиноҳо ин русули бузургро нашинохтаанд, ки ҳазорҳо намунаи ҳамдардии ҳақиқиро нишон додааст, аммо акнун вақт фаро расидааст, ки ин Русули пок саллаллоҳу алайҳи васаллам шинохта шавад. Агар хоҳед, гапи маро нивишта монед… Эй шунавандагон, гӯш кунед ва эй муфаккирон, фикр кунед ва бидонед, ки ҳақ зоҳир хоҳад шуд ва он нури ҳақиқӣ хоҳад дурахшид.
(Таблиғи рисолат, ҷилди шашум, саҳифаи 10-11)
Фазилат бар ҳамаи анбиё
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:
Мазҳаби ман ҳамин аст, ки агар Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васалламро ҷудо карда мешуд ва ҳамаи анбиёи дигар, ки то ҳозир гузаштаанд, якҷоя шуда мисли Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам ислоҳ карданро мехостанд, ҳеҷ гоҳ карда натавонистанд. Дар онҳо он дил ва қувва набуд, ки набии мо саллаллоҳу алайҳи васалламро дода шуд. Агар касе гӯяд, ки наузубиллоҳ беадабии анбиё аст, пас, ӯ нодон бар ман туҳмат хоҳад кард. Ман иззату ҳурмат кардани анбиёро ҷузви имони худ медонам, аммо фазилати Набии карим саллаллоҳу алайҳи васаллам ба ҳамаи анбиё ҷузви аъзами имони ман аст ва дар рагу решаи ман сироят кардааст. Ин дар ихтиёри ман нест, ки инро барорам. Мухолифи баднасиб ва чашм надоштагӣ ҳар чӣ хоҳад, гӯяд. Набии мо саллаллоҳу алайҳи васаллам он корро кардаанд, ки ҷудогона ва ё якҷоя шуда аз дасти касе намеояд ва ин фазли Аллоҳ аст. ذٰلِکَ فَضْلُ اللہِ یؤْتِیْہِ منْ یَّشَآء
(Малфузот. Ҷилди 2, саҳифаи 174)
Ишқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар каломи манзуми арабии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом
Асосгузори ҷамоати Аҳмадия – ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом, дар шеърҳои арабии худ зикри сардори худро чунин меоранд:
یَا عَیْنَ فَیْضِ اللہِ وَالْعِرْفَانِ
یَسْعَی اِلَیْکَ الْخَلْقُ کَالظَّمْآنِ
Эй чашмаи файзу ирфони Аллоҳ. Мардум ба тарафи ту чун ташна давида омада истодаанд.
یَا بَحْرَ فَضْلِ الْمُنْعَمِ الْمَنَّانِ
تَھْوِیْ اِلَیْکَ الزُّمَرُ بِالْکِیْزَانِ
Эй баҳри фазлҳои Худои муҳсин ва инъомкунанда. Мардум кӯзаҳо гирифта гурӯҳ дар гурӯҳ ба тарафи ту давида омада истодаанд.
اُنْظُرْ اِلَیَّ بِرَحْمَۃٍ وَ تَحَنُّن
یَاسَیَّدِیْ اَنَا اَحْقَرُ الْغِلْمَان
(Эй маҳбуби ман) Ба ман нигоҳи раҳмату шафқат кун. Эй сардорам, ман ғуломи ночизи шумо мебошам.
مِنْ ذِکْرِ وَجْھِکَ یَا حَدِیْقَۃَ بَھْجَتِیْ
لَمْ اَخْلُ فِیْ لَحْظٍ وَّلَا فِیْ آن
Эй чашмаи хурсандӣ ва мусаррати ман. Ман ягон лаҳза аз зикри ту холӣ намешавам.
(Оинаи камолоти Ислом, саҳифаи 590, 594)
Ишқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар каломи манзуми форсии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом.
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар каломи манзуми форсии худ зикри маҳбуби худро чунин мекунанд:
عجب نوریست در جان محمد
عجب لعلیست در کان محمد
Аҷаб нурест дар ҷони Муҳаммад,
Аҷаб лаълест дар кони Муҳаммад.
ندانم ھیچ نفسی در دو عالم
کہ دارد شوکت و شان محمد
Надонам ҳеч нафсе дар ду олам,
Ки дорад шавкату шони Муҳаммад.
سری دارم فدائی خاک احمد
دلم ہر وقت قربان محمد
Саре дорам фидои хоки Аҳмад,
Дилам ҳар вақт қурбони Муҳаммад.
(Эълон 20 феврал 1893. Саҳифаи 1)
یاد آن صورت مرا از خود برد
ھر زمان مستم کند از ساغری
Ёди он сурат маро аз худ барад,
Ҳар замон мастам кунад аз соғаре.
(Дебочаи Бароҳини Аҳмадия. Саҳифаи 19)
Каломи манзуми урдуи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар мадҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам.
پہلوں سے خوب تر ہے خوبی میں اک قمر ہے
اس پر ہر اک نظر ہے بدرالدجیٰ یہی ہے
وہ آج شاہ دیں ہے وہ تاج مرسلیں ہے
وہ طیب و امیں ہے اس کی ثنا یہی ہے
اس نور پر فدا ہوں اس کا ہی میں ہوا ہوں
وہ ہے میں چیز کیا ہوں بس فیصلہ یہی ہے
Тарҷума. “Аз пешинаҳо хубтар аст ва дар хубӣ монанди моҳи комил аст. Бар ӯ ҳар як назар аст. Бадри ҳақиқӣ ҳамин аст. Ӯ имрӯз шоҳи дин аст ва тоҷи мурсалин аст. Ӯ тайибу амин аст, таърифи ӯ ҳамин аст. Бар он нур фидо ҳастам ва ман барои ӯ ҳастам. Ҳама чиз ӯ аст ва сухан дар ҳамин тамом аст.
(Орияи Қодиён ва мо, саҳифаи 65)
دلبرا مجھ کو قسم ہے تری یکتائی کی
آپ کو تیری محبت میں بھلایا ہم نے
Тарҷума. Эй маҳбуби ман. Ман дар якто будани ту қасам мехӯрам. Дар муҳаббати ту худамро фаромӯш кардаем.
Leave A Comment