ИШҚИ ҲАЗРАТИ МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД (А) БО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ

(3)

Худонамо

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

Мо домани чунин набиро доштаем, ки Худонамо аст. Касе ин шеърро басо хуб гуфтааст.

محمد عربی بادشاہ ہر دوسرا

کرے ہے روح قدس جس کے در کی دربانی

اسے خدا تو نہیں کہہ سکوں پر کہتا ہوں

کہ اس کی مرتبہ دانی میں ہے خدا دانی

Тарҷума. “Яъне Муҳаммади арабӣ саллаллоҳу алайҳи васаллам подшоҳи ҳар ду ҷаҳон аст. Рӯҳ‑ул‑қудс дари вайро дарбонӣ мекунад. Ӯро Худо гуфта наметавонам, аммо мегӯям, ки шинохтани дараҷаи ӯ дар ҳақиқат Худошиносӣ мебошад”.

Мо бо кадом забон шукри Худо кунем, ки Ӯ пайравии пайғамбари худро, ки барои арвоҳи саидон (хушбахтҳо) чун офтоб аст, насиби мо кард. Барои ҷисмҳо он офтоб дар вақти торикӣ зоҳир шуд ва дунёро бо нури худ равшан кард. Ӯ монда нашуд, то вақте, ки ҳамаи арабро аз ширк пок накард. Худи ӯ барои рост буданаш далел аст, зеро нури ӯ дар ҳар як замон мавҷуд аст ва пайравии ҳақиқии вай инсонро чунон пок мекунад, ки оби тозаи дарё либоси ифлосро тоза мекунад.

(Чашмаи маърифат. Қисми дувум. Саҳифаи 289)

Аз ҳама набии афзал, аъло, акмал, арфаъ, аҷло ва асфо

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мефармоянд:

Азбаски Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи васаллам дар ҳамаи лавозимоти покботинӣ, иншироҳи садрӣ, исмату ҳаё, сидқу сафо, таваккул, вафо ва ишқи илҳоӣ аз анбиёи дигар зиёдтар ва аз ҳама афзал, аъло, акмал, арфаъ, аҷло ва асфо буданд, бинобар ҳамин, Худои ҷалла шаънуҳу бо атри камолоти махсус эшонро муаттар кард ва он синаву дил, ки аз синаву дили тамоми аввалину охирин фарохтар, поктар, маъсумтар, равшантар ва ошиқтар буд, сазовори ҳамин шуд, ки бар он чунин ваҳй нозил шавад, ки аз ваҳйҳои тамоми аввалину охирин бақувват, комилтар ва арфау атам шуда барои нишон додани сифоти илоҳӣ як оинаи бениҳоят тоза, кушодаву васеъ бошад.

(Сурмаи чашми Ориё. Ҳошияи саҳифаи 23. Рӯҳонӣ хазоин ҷилди 2)

Муҷаддиди аъзам

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мефармоянд:

Набии мо саллаллоҳу алайҳи васаллам барои изҳор намудани ростӣ як муҷаддиди аъзам буданд, ки ростии гумгаштаро дубора ба дунё оварданд. Дар ин фахр ҳеҷ кас шарики Пайғамбари мо саллаллоҳу алайҳи васаллам нест, ки эшон тамоми дунёро дар торикӣ ёфтанд ва сонӣ дар зуҳури Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи васаллам он торикӣ ба нур мубаддал шуд. Аз вақте, ки эшон зоҳир шуданд, то вақте ки қавмашон ҷомаи ширкро кашида ҷомаи тавҳид напӯшид, аз олам нарафтанд. Натанҳо ҳамин қадар, балки мардуми он ҷо ба маротиби аъло расиданд ва чунин корҳои сидқу вафо ва яқин аз онҳо зоҳир шуданд, ки назираш дар рӯйи замин ёфта намешавад. Чунин комёбӣ ва комёбии комил ягон набиро ғайр аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи васаллам насиб нашуд.

(Лексияи Сиёлкут. Саҳифаи 4)

Дуоҳои шабонаи як фонии филлоҳ

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мфармоянд:

Дар кишвари биёбонии араб моҷарои аҷибе гузашт, ки дар натиҷааш ҳазор‑ҳазор мурдаҳо дар рӯзҳои андак зинда шуданд, аз чандин наслҳо ахлоқи вайрон медоштагӣ сифоти Илоҳӣ дар худ пайдо карданд, аз чашмҳо кур бино шуданд ва бар забони гунгҳо маорифи Илоҳӣ ҷорӣ шуданд. Дар дунё чунин инқилобе пайдо шуд, ки пеш аз ин на ягон чашм дид ва на гӯше шунид. Оё медонед, ки вай чӣ буд? Вай дуоҳои шабҳои торики як фонии филлоҳ буданд, ки дар дунё бедорӣ пайдо карданд ва корҳои аҷоиб нишон доданд, ки аз дасти ин уммии бекас номумкин метофтанд.

اَللّٰھُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ وَبَارِکْ عَلَیْہِ واٰلِہٖ بِعَدَد ھَمّہ وحُزْنہٖ لھٰذہَ الْاُمّۃ وَانْزل عَلَیْہ اَنْوَار رَحْمَتِکَ اِلَی الْاَبَد۔

(Баракот‑уд‑дуо. Саҳифаи 10-11)

Инсони комил ва набии комил

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

Инсоне, ки аз зоташ, сифоташ, афъолаш, аъмолаш ва аз дарёи пурзури рӯҳонӣ ва қавои покаш намунаи камоли том аз рӯйи илм, амал, сидқ ва субот нишон дод ва инсони комил номида шуд… Он инсон, ки аз ҳама зиёд комил, яъне инсони комил ва набии комил буд ва бо баракоти комил омад, ки аз баъси рӯҳонӣ ва ҳашраш қиёмати аввалини дунё зоҳир шуд ва як олам бо омади ӯ зинда шуд. Он набии муборак ҳазрати Хотам‑ул‑анбиё, имом‑ул‑асфиё, хатмулмурсалин, фахруннабийин, ҷаноби Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам мебошанд. Эй Худои азиз, бар ин набии маҳбуб он чунон раҳмату дуруд бифирист, ки аз офариниши дунё бар касе нафиристода бошӣ.

(Итмом‑ул‑ҳуҷҷат, саҳифаи 28)

Бо касоне, ки мо аз ин олам кӯч хоҳем кард

Хулоса ва мағзи мазҳаби мо ин аст, ки لَا اِلٰہَ اِلَّا اللہُ مُحَمَّدُ رَّسُوْلُ اللہِ. Эътиқоди мо, ки дар ин зиндагии дунёвӣ дорем ва бо фазлу тавфиқи Худо бо ҳамин эътиқод аз ин олами гузарон кӯч хоҳем кард, ин аст, ки ҳазрати сайидино ва мавлоно Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам Хотамуннабийин ва хайрулмурсалин мебошанд, ки бо дасташон дин комил шуд ва он неъмат ба дараҷаи камол расид, ки ба сабаби он инсон роҳи ростро пеш гирифта то ба Худо расида метавонад.

(Изолаи авҳом. Қисми аввал. Саҳифаи 137)

Каломи манзуми арабии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар мадҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар шеърҳои арабии худ маҳбуби худ, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро чунин зикр мекунанд:

یَا شَمْسَ مُلْکِ الْحُسْنِ وَالْاِحْسَانٖ

نَوَّرْتَ وَجْہَ الْبَرِّ وَالْعُمْرَانِ

Тарҷума. Эй офтоби мулки ҳусну эҳсон, ту чеҳраи ободиҳо ва вайронаҳоро (бо нури бемаҳдуди худ) мунаввар кардӣ.

اِنِّیْ اَرٰی فِیْ وَجْھِکَ الْمُتَھَلِّلٖ

شَانًا یَّفُوْقُ شَمَائِلَ الْاِنْسَانٖ

Тарҷума. (Эй маъшуқи ман) Ҳароина ман дар чеҳраи дурахшонат шаъне мебинам, ки аз хислатҳои инсонӣ боло аст.

(Оинаи Камолоти Ислом. Саҳифаи 590)

وَذِکْرُ الْمُصْطَفٰی رَوْح لِقَلْبِیْ

وَصَارَ لمھْجَتِیْ مِثْلَ الطَّعَامٖ

Ёди Набии карим саллаллоҳу алайҳи васаллам роҳати дили ман аст ва (зикри Эшон) барои ҷонам монанди ғизо аст (ки бе вай зинда намемонам).

(Нӯр‑ул‑ҳақ, қисми 2. Саҳифаи 72)

وَآثِرْتُ حُبَّکَ بَعْدَ حُبِّ مُھَیْمِنِیْ

وَ تصبی جِنَانِی مِنْ سَنَاکَ وَ تجلِب

(Эй маҳбуби ман) Баъди муҳаббати Худо ман муҳаббати туро тарҷеҳ додаам ва шумо дили маро ба нӯри худ кашидаед.

(Каромот‑ус‑содиқин. Саҳифаи 62)

Каломи манзуми форсии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар мадҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар шеърҳои форсии худ муҳаббати худро бо пешвои худ – ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам, чунин изҳор мекунанд:

حسن رویش بہ ز ماہ و آفتاب

خاک کویش بہ ز مشک و عنبری

Ҳусни рӯяш беҳ зи моҳу офтоб,

Хоки кӯяш беҳ зи мушку анбаре.

(дебочаи Бароҳини Аҳмадия. Қисми 1. Саҳифаи 18)

من کہ می بینم رخ آن دلبری

جان فشانم گر دھد دل دیگری

Ман, ки мебинам рухи он дилбаре,

Ҷон фишонам гар диҳад дил дигаре.

محو روئی او شدست این روئی من

بوی او آید ز بام و کوئی من

Маҳви рӯйи ӯ шудаст ин рӯйи ман,

Бӯйи ӯ ояд зи бому кӯи ман.

دگر استاد را نامے ندانم

کہ خواندم در دبستان محمد

Дигар устодро номе надонам,

Ки хондам дар дабистони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Каломи манзуми урдуи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар мадҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам.

Улфати худ бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро изҳор намуда ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

ہر طرف فکر کو دوڑا کے تھکایا ہم نے

کوئی دیں دینِ محمد سا نہ پایا ہم نے

کوئی مذہب نہیں ایسا کہ نشاں دکھلائے

یہ ثمر باغِ محمد سے ہی کھایا ہم نے

تیری الفت سے ہے معمور میرا ہر ذرہ

اپنے سینہ میں یہ اک شہر بسایا ہم نے

(Оинаи камолоти Ислом. Саҳифаи 224-225)

Тарҷума. Фикри худро ба ҳар тараф тезондем, аммо ягон дин мисли дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам наёфтем.

Акнун дине нест, ки нишонаҳо зоҳир кунад. Ин мева танҳо аз боғи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хӯрдаем.

Бо улфати ту ҳар як зарраи ман маъмур аст. Мо дар синаи худ ҳамин шаҳрро обод кардем.

Боз мефармоянд:

برتر گمان و وہم سے احمد کی شان ہے

جس کا غلام دیکھو مسیح الزمان ہے

Тарҷума. Аз ҳар як ваҳму гумон шаъни Аҳмад саллаллоҳу алайҳи васаллам бартар аст. Он чунон, ки ғуломаш Масеҳи замон аст.