ДАЛЕЛИ ҲАШТУМИ ВАФОТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ

Аллоҳи таоло дар Қуръони Маҷид мефармояд:

أَوْ يَكُوْنَ لَكَ بَيْتٌ مِّنْ زُخْرُفٍ أَوْ تَرْقَى فِي السَّمَاء وَلَنْ نُّؤْمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّى تُنَزِّلَ عَلَيْنَا كِتَابًا نَّقْرَؤُهُ قُلْ سُبْحَانَ رَبِّي هَلْ كُنْتُ إَلاَّ بَشَرًا رَّسُولاً۔ سورۃ بنی أسرائیل۔94

Тарҷума: Ё хонаи тиллоӣ аз они ту бошад, ё ба осмон боло равӣ, аммо боло рафтани туро низ то он гоҳ бовар намекунем, ки китобе бар мо нозил кунӣ, ки онро бихонем. Бигӯ, Рабби ман (аз чунин корҳо) пок аст. Ман танҳо як башар расул ҳастам.

Дар ин оят кофирон аз ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин муъҷизаҳо талаб карда буданд ва охирон талабашон ҳамин буд, ки агар ту бо бадани худ ба осмон равӣ ва китобе орӣ, сонӣ мо имон хоҳем овард. Дар ҷавоб Худо ба ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд, ки онҳоро бигӯ, ки ман танҳо як башар ҳастам ва як расул ҳастам. Барои Худо ҳар як чиз кардан осон аст, аммо ин суннатуллоҳ нест, ки касеро бо бадан бардошта ба осмон барад, ба ҳамин сабаб дар ин оят калимаи башар истифода шудааст.

Ҳазрати Исо алайҳиссалом ҳам як башар ва расул буданд, аз ин зиёд набуданд, пас, маълум мешавад, ки бо бадан ба осмон рафтани башар ғайри имкон аст. Ва ба ҳамин сабаб исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом низ ба осмон нарафта буданд.

Хонандагони азиз. Ин ҷойи ғайрат аст, ки вақте саволи боло рафтани сардори пайғамбарон, яъне Пайғамбарамон пайдо шуд, Худои таоло фармуд, ки онҳоро ҷавоб бидеҳ, ки ту башар расул ҳастӣ, аммо вақте ҳамин амр дар бораи ҳазрати Исо алайҳиссалом пеш ояд, он гоҳ Худо ҳазрати Исо алайҳиссаломро бо бадани худ боло бардорад. Пас, аз рӯйи чунин ақида кадом пайғамбар аз рӯйи мақому дараҷа баландтар мебошад? Як фикр кунед. Пайғамбари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар замин дафн бошанд ва як пайғамбари бани Исроил ба осмон рафта бошад. Ҳол он ки ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда буданд:

علماء امتی کانبیاء بنی اسرائیل۔

“Олимҳои уммати ман мисли пайғамбарони бани Исроил мебошанд”. Бо вуҷуди ин сухани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам боз як пайғамбари бани Исроилро мақому дараҷаи баланд додан саросар беадолатӣ аст. Ақидаи дуруст ҳамин мебошад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом низ монанди дигар пайғамбарон ва аз рӯйи суннати Аллоҳ вафот ёфтанд ва дар замин дафн карда шуданд.

Хонандагони азиз, дар бораи ин масъала Китобуллоҳро бо диққат хонед.