ДАЛЕЛИ ҲАФТУМИ ВАФОТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ

Аллоҳи таоло дар Қуръони карим мефармояд:

وَجَعَلَنِيْ مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِيْ بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا۔ سورۃ مریم۔32

Ҳазрати Исо алайҳиссалом мефармоянд, ки Худои таоло маро ҳукми таъкидӣ додааст, ки то вақте ман зинда ҳастам, бояд намоз (яъне ибодат) бихонам ва бояд закот бидиҳам.

Закот додани ҳазрати Исо алайҳиссалом дар ҳамаи зиндагониашон фарз қарор дода шуд. Бинобар ҳамин лозим аст, ки барои закот пулу мол ҳам дошта бошанд ва закотгирандагон низ зинда бошанд. Ба фарзи маҳол, агар эшон дар осмон зинда дониста шаванд, пас, бояд пул ҳам дошта бошанд ва як гурӯҳи одамони закотгиранда ҳам дар назди эшон бошанд, ки аз ягон ҷо чунин гурӯҳ исбот намешавад.

Агар гӯед, ки азбаски дар он ҷо ҳазрати Исо алайҳиссалом пул надоранд, ба ҳамин сабаб бар эшон закот ҳам фарз намешавад.

Ҷавобаш ҳамин, ки агар баъд аз бардошта шудани ҳазрати Исо алайҳиссалом закот фарз намешуд, пас, чаро дар оят ما دمت حیا (то вақте, ки зинда ҳастам) гуфта шудааст? Чаро дар он ҷо ما دمت علی الارض (то вақте, ки дар замин ҳастам) гуфта нашудааст?

Аз ин маълум мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом то вақте, ки зинда буданд, закот медоданд ва айни замон закот намедиҳанд, яъне вафот кардаанд.

Боз саволи дуюм бар ин оят чунин аст, ки агар ҳазрати Исо алайҳиссалом ҳозир ҳам намоз мехонанд, чӣ хеле, ки дар оят гуфта шудааст, пас, кадом намозро мехонанд. Агар бигӯед, ки намози исроилӣ мехонанд, пас, он намоз баъд аз шариати Ислом бекор шудааст. Агар бигӯед, ки намози исломӣ мехонанд, пас бар ин ҳам савол пайдо мешавад, ки эшон чӣ хел онро донистанд? Агар бигӯед, ки Худованд эшонро ба воситаи ваҳй хабар додааст, пас, аз ин чунин натиҷа мебарояд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом намози исломӣ на барои он мехонанд, ки бар ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом нозил шудааст, балки барои он мехонанд, ки бар худи эшон нозил шудааст. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки шариати Мусо алайҳиссалом то ҳол бекор нашудааст.

Агар бигӯед, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар шаби меъроҷ ба ҳазрати Исо алайҳиссалом гуфта буданд, пас, ин ҳам ғалат аст, зеро намоз баъд аз мулоқоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ҳазрати Исо алайҳиссалом фарз шуда буд ва баъд аз фарз шудани намоз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ҳазрати Исо алайҳиссалом мулоқот накарданд.

Пас, савол ба миён меояд, ки оё ҳазрати Исо алайҳиссалом дар дор-ул-амал ҳастанд ва ё дар дор-ул-ҷазо ҳастанд? Агар ҷавоб ин бошад, ки дар дор-ул-амал ҳастанд, пас, ба эшон намозу закот фарз аст ва эшон ин корҳоро карда наметавонанд.

Агар бигӯед, ки дар дор-ул-ҷазо ҳастанд, пас дор-ул-ҷазо ду намуд аст. 1. Ҷаннат 2. Дӯзах

Ҳазрати Исо алайҳиссалом – пайғамбари Худо, ҳеҷ гоҳ ба дӯзах рафта наметавонанд. Агар эшон дар ҷаннат бошанд, пас, дар бораи ҷаннатиҳо дар Қуръони пок чунин омадааст, ки

وَمَا هُم مِّنْهَا بِمُخْرَجِينَ۔ سورۃ حجر۔49

Тарҷума: Ҷаннатиҳо аз ҷаннат хориҷ карда намешаванд.

Аз ин оят ҳам хулоса мебарояд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом ба дунё дуюмбора омада наметавонанд.

اھدنا الصراط المستقیم۔