ДАЛЕЛИ ШАШУМИ ВАФОТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ

Аллоҳи таоло дар Қуръони маҷид мефармояд.

قَالَ فِيْهَا تَحْيَوْنَ وَفِيْهَا تَمُوْتُوْنَ وَمِنْهَا تُخْرَجُوْنَ۔ سورۃ الأعراف۔25

Тарҷума: (Худои таоло бани одамро мухотаб карда) Гуфт, шумо дар ҳамин замин зиндагӣ ба сар хоҳед бурд ва дар ҳамин ҷо хоҳед мурд ва аз ҳамин ҷо бардошта хоҳед шуд.

Дар ин оят Худои таоло дар бораи зиндагӣ ва марги инсонҳо як қоидаи худро гуфтааст, ки онҳо дар ҳамин замин зиндагӣ мекунанд ва ҳамин ҷо мемуранд. Акнун савол ба миён меояд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом бо вуҷуди он ки як инсон буданд, чӣ тавр бо бадани худ ба осмон рафта нишастанд? Оё вақте Худо ҳазрати Исо алайҳиссаломро ба осмон бурд, ин қоидаи худро (наузубиллоҳ) фаромӯш карда буд??? Қонуну қоидаҳои Худо мисли инсонҳо нестанд, ки заиф бошанд. Аз ин оят исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро ба осмон бурда нашуданд.

Дар ин оят бар феъли تَحْیَوْنَ зарф “فِیْھَا” муқаддим аст. Аз рӯйи қоидаҳои наҳв дар ин ҳаср пайдо мешавад, ки аз он истисно мумкин нест.

Боз дар Қуръони Карим ба ҳамин мазмун оятҳои дигар низ мавҷуданд:

أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا۔أَحْيَاءً وَأَمْوَاتًا۔ (سورۃ المرسلات: 26-27)

Яъне оё мо заминро ҷамъкунанда насохтаем. Ҳам зиндаҳоро ва ҳам мурдаҳоро.

Боз ояти дигар чунин аст:

وَلَكُمْ فِي الأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَّمَتَاعٌ إِلَى حِيْنٍ۔ (سورۃ البقرۃ: 37)

Ва барои шумо дар ин замин то муддате қиёмгоҳ ва истифодабарӣ аст.

Хулоса, маълум шуд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом низ монанди дигар пайғамбарон аз олам гузаштаанд. Тамоми мусалмонҳо бояд ақидаи худро аз рӯйи Қуръони шариф дуруст кунанд ва ҳазрати Исо алайҳиссаломро мурда қабул кунанд. Сипас Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро дар уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷустуҷӯ кунанд.