ДАЛЕЛИ ЧАҲОРУМИ ВАФОТИ ИСО АЛАЙҲИССАЛОМ
Худои таоло дар Қуръони Карим мефармояд:
وَمَكَرُواْ وَمَكَرَ اللهُ وَاللهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ۔
إِذْ قَالَ اللهُ يَا عِيسٰى إِنِّي مُتَوَفِّيْكَ وَرَافِعُكَ إِلَيَّ وَمُطَهِّرُكَ مِنَ الَّذِينَ كَفَرُواْ وَجَاعِلُ الَّذِينَ اتَّبَعُوْكَ فَوْقَ الَّذِينَ كَفَرُواْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ ثُمَّ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأَحْكُمُ بَيْنَكُمْ فِيمَا كُنْتُمْ فِيْهِ تَخْتَلِفُوْنَ۔ سورۃ آل عمران۔ 55-56
Тарҷума: “Ва онҳо (яҳудиҳо) тадбир карданд ва Худо низ тадбир кард ва Худо беҳтарин тадбиркунандагон аст”.
“Ҳангоме Худо гуфт: Эй Исо, Ман туро вафотдиҳанда ва ба сӯйи худ рафъкунандаам ва туро пок карда аз онҳое, ки куфр карданд, ҷудо кунонидаам ва онҳоро, ки пайравони ту ҳастанд бар онҳо, ки куфр кардаанд, то рӯзи қиёмат бартар қарор диҳандаам. Пас, баргаштани шумо ба сӯйи ман аст. Он гоҳ миёни шумо дар бораи он чизҳое, ки дар онҳо ихтилоф мекардед, қарор хоҳам дод”.
Дар ояти пеш аз ин зикри тадбир аст. Яҳудиҳо тадбир карданд ва кӯшиш карданд, ки ҳазрати Масеҳ алайҳиссалом дар болои салиб бимуранд ва ба ин восита аз рӯйи таврот марги ҳазрати Масеҳ лаънатӣ гуфта шавад. Сипас мардум эшонро пайғамбар ҳисоб накунанд. Дар ҷавоб Худо тадбир кард ва ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз салиб зинда фаровард, на ки тадбири Худо ин буд, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро зинда ба осмон бурд. Агар Худо ҳазрати Исо алайҳиссаломро зинда ба осмон мебурд, ин муъҷиза мешуд, на ки тадбир.
Дар ояти дуюм Худои таоло ҳазрати Масеҳ алайҳиссаломро барои аз салиб зинда мондан тасалло дода чаҳорто ваъда дод:
Ваъдаи якум: Ман туро вафоти табиӣ медиҳам, яъне яҳудиҳо бар куштани ту қудрат надоранд.
Ваъдаи дуюм: Ман туро ба тарафи худ рафъ мекунам, яъне иззату дараҷаи баланд хоҳам дод ва яҳудиҳо дар болои салиб кушта туро лаънатӣ исбот карда нахоҳанд тавонист.
Ваъдаи сеюм: Ман туро татҳир хоҳам кард, яъне аз туҳматҳои яҳудиҳо пок хоҳам кард.
Ваъдаи чаҳорум: Ман пайравони туро то рӯзи қиёмат бар инкоркунандагонат ғалаба хоҳам дод.
Ин ҳар чаҳор ваъдаҳо Худои таоло бо тартиб ба ҷо овард.
Барои баҳси калимаи “мутаваффика” хонандагон бояд мақолаи واذ قال اللہ یٰعیسی ابن مریم۔۔۔۔ -ро бихонанд. Дар он ҷо калимаи туваффиро шарҳ дода шудааст ва фаҳмонда шудааст, ки маънояш вафот аст. Мухтасар ҳамин, ки вақте Худо ва фариштагон фоили ҳамин калима бошанд ва инсон мафъул бошад, он гоҳ ҳама вақт тарҷумааш вафот ва марг аст.
Боз тарҷумаи калимаи متوفیک ҳазрати Ибни Аббос чунин кардаанд:
وَإِذْ قَالَ اللَّهُ۔المائدة:117 ” يَقُولُ: قَالَ اللَّهُ، وَإِذْ هَا هُنَا صِلَةٌ. الْمَائِدَةُ: أَصْلُهَا مَفْعُولَةٌ، كَعِيشَةٍ رَاضِيَةٍ، وَتَطْلِيقَةٍ بَائِنَةٍ، وَالمَعْنَى: مِيدَ بِهَا صَاحِبُهَا مِنْ خَيْرٍ، يُقَالُ: مَادَنِي يَمِيدُنِي ” وَقَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ: {مُتَوَفِّيكَ} آل عمران: 56: «مُمِيتُكَ»
صحیح بخاری۔ کتاب التفسیر القرآن۔ بَابُ {مَا جَعَلَ اللَّهُ مِنْ بَحِيرَةٍ وَلاَ سَائِبَةٍ، وَلاَ وَصِيلَةٍ وَلاَ حَامٍ} المائدة: 103
Аз ин ҷо ҳам маълум мешавад, ки маънои мутаваффик, мумитука, яъне вафот додан аст.
Барои баҳси “رافعک الیّ” хонандагон бояд мақолаи بل رفعہ اللہ الیہ –ро бихонанд. Махтасар ҳамин, ки Худо ҳама ҷо ҳаст. Агар Худо ба тарафи худ касеро бардорад, маънои он дорад, ки дараҷаҳояшро баланд мекунад, на ки бо бадан ӯро мебардорад.
Калимаи рафъ зидди вазъ аст. Чунончи дар «Лисон-ул-араб» дар бораи рафъ чунин омадааст:
اَلرَّفْعُ ضِدُّ الْوَضْعِ وَ فِیْ اَسْمَاءِ اللہِ تَعَالٰی اَلرَّافِعُ ھُوَ الَّذِیْ یَرْفَعُ الْمُؤْمِنِیْنَ بِالْاَسْعَادِ وَ اَوْلِیَآءَہٗ بِالتَّقْرِیْبِ۔ (لسان العرب والقاموس)
Тарҷума: Яъне “рафъ” зидди “вазъ” аст ва яке аз номҳои Худо الرافع (рафъдиҳанда) мебошад. Ин ҳамон аст, ки муъминонро бо хушбахтӣ ва авлиёро муқарраби худ карда рафъ медиҳад.
Дар ояти боло зикршуда калимаҳо бо як тартиб омадаанд. Агар тартиби ҳамин калимаҳоро дигар кунем, маънои дуруст пайдо карда наметавонем.
Пас аз ин оят маълум мешавад, ки Худои таоло ҳазрати Исо алайҳиссаломро мисли пайғамбароин дигар вафоти табиӣ додааст ва монанди дигар пайғамбарон аз туҳматҳои мардум эшонро халос карда дараҷаи вайро баланд бардоштааст.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment