ДАЛЕЛИ ПАНҶУМИ ВАФОТИ МАСЕҲ АЛАЙҲИССАЛОМ

Аллоҳи таоло дар Қуръони карим мефармояд:

وَالَّذِينَ يَدْعُوْنَ مِن دُوْنِ اللهِ لَا يَخْلُقُوْنَ شَيْئًا وَّهُمْ يُخْلَقُوْنَ۔ أَمْواتٌ غَيْرُ أَحْيَاءٍ وَّمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُوْنَ۔ سورۃ النحل۔ 21-22

Тарҷума: Ва онҳоеро, ки (инҳо) ғайр аз Худо мехонанд, чизеро наофаридаанд ва худи онҳо офарида шудаанд. Мурдаанд, на ки зинда ва дарак надоранд, ки кай бархезонда хоҳанд шуд.

Дар ин ҷо Худои таоло дар баробари дигар маъбудҳои ботил зикри ҳазрати Исо алайҳиссаломро низ карда истодааст, зеро ҳазрати Исо алайҳиссаломро ҳам парастиш карда мешавад. Худои таоло ин оятро бо як ояти дигар мефаҳмонад, ки дар он ҷо зикри парастиши ҳазрати Исо алайҳиссалом шудааст. Оя чунин аст:

لَقَدْ كَفَرَ الَّذِيْنَ قَآلُواْ إِنَّ اللهَ هُوَ الْمَسِيْحُ ابْنُ مَرْيَمَ۔ سورۃ المائدۃ۔ 18

Яъне, “Онҳое, ки чунин гуфтаанд, ‒ ҳамоно Масеҳ ибни Марям Аллоҳ мебошад, албатта куфр кардаанд”.

Пас, исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом низ вафот ёфтаанд, зеро дар ояти сураи Наҳл, ки сараввал овардем, зикр шудааст, ки ҳамаи ин маъбудон мурда ҳастанд ва зинда нестанд.

Агар ҳазрати Исо алайҳиссалом зинда мебуданд, дар ин ояти сураи Наҳл зикр мешуд, ки اموات غیر احیاء الا عیسیٰ. Яъне ғайр аз Исо ҳама мурдаанд, аммо ҳазрати Исо алайҳиссаломро истисно карда нашудааст. Маълум шуд, ки эшон ҳам вафот ёфтаанд.

Баъзеҳо савол мебардоранд, ки дар ин ҷо зикри бутҳо ҳаст на ки инсонҳо.

Ҷавоб ҳамин, ки дар ин ҷо зикр шудааст, ки وما یشعرون ایان یبعثون яъне онҳо намедонанд, ки кай бархезонда хоҳанд шуд. Акнун ҳама медонанд, ки бутҳоро дуюм бора бархезонда намешавад. Танҳо инсонҳоро бархезонда мешавад. Бинобар ҳамин, дар ин ҷо зикри инсонҳо аст.

Дуюм ин ки дар ин ҷо والذین истифода шудааст, ки дар бораи соҳибони ақл истифода мешавад, на ки барои сангҳо. Боз дар ояти баъдина калимаи шуур истифоад шудааст, ки барои инсонҳо истифода мешавад. Инчунин дар оят аст, ки онҳо намедонанд, ки кай бархезонда хоҳанд шуд. Танҳо инсонҳо бархезонда хоҳанд шуд, на ягон бут.

Боз баъзеҳо ҳила мекунанд, ки калимаи اَمْوَاتٌ ҷамъи مَیِّتٌ аст, ки маънояш миранда аст, яъне онҳо миранда ҳастанд ва дар оянда ягон вақт мемуранд.

Ҷавоби ин ҳила ҳамин аст, ки калимаи اَمْوَاتٌ ҷамъи مَیْتٌ (майтун) аст, на ки مَیِّتٌ (майитун). Ва маънои مَیْتٌ “мурда шуда” ҳаст. Ғайр аз ин худи оят ин тарҷумаро ботил мекунад, зеро баъд аз ин غیر احیاء навишта шудааст.

Хулоса, аз ин оят исбот мешавад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом байни вафот ёфтагон қарор доранд ва дар уммат боз намеоянд. Дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам масили Исо ибни Марям хоҳад омад, ки аллакай омадааст. Соҳибони ақлу фикр баъд аз таҳқиқи ҳамаҷониба бояд ӯро қабул кунанд.