ДАЛЕЛИ ДУЮМИ ВАФОТИ МАСЕҲ АЛАЙҲИССАЛОМ

Аллоҳи таоло дар Қуръони маҷид мефармояд:

مَّا الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ إِلاَّ رَسُوْلٌ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِ الرُّسُلُ وَأُمُّهُ صِدِّيقَةٌ كَانَا يَأْكُلاَنِ الطَّعَامَ اُنْظُرْ كَيْفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ الْاٰيٰتِ ثُمَّ انْظُرْ أَنّٰى يُؤْفَكُوْنَ۔ سورۃ المائدۃ۔76

Тарҷума: Масеҳ ибни Марям алайҳиссалом танҳо як расул буд, пеш аз вай ҳамаи русулҳо вафот кардаанд ва модараш сиддиқа буд. Онҳо ҳар ду хӯрок мехӯрданд. Бубин чӣ хел оятҳои худро барои онҳо возеҳ карда баён мекунем….

Хонандагони муҳтарам. Дар ин оят ягон мушкилӣ нест. Танҳо андак тааммуқ кардан даркор аст. Дар ин ҷо ошкоро навишта шудааст, ки Масеҳ ва модараш хӯрок МЕХӮРДАНД. Яъне замони гузаштаи давомдор (мозии истимрорӣ) истифода шудааст. Ин маънои он дорад, ки он коре, ки мекарданд, имрӯз намекунанд. Агар ҳазрати Марям алайҳассалом имрӯз хӯрок намехӯрад, пас, ҳазрати Исо алайҳиссалом ҳам хӯрок намехӯрад, зеро дар оят зикри ҳар ду кас якҷоя шудааст. Он касе, ки хӯрок намехӯрад, ҳатман мурдааст ва ба ҳамин сабаб ҳазрати Исо алайҳиссалом низ монанди модарашон вафот кардаанд. Қуръони карим ҳам мефармояд, ки ягон ҷасади одам бе хӯрок зинда намемонад. Чунончи

وَمَا جَعَلْنَاهُمْ جَسَدًا لَّا يَأْكُلُوْنَ الطَّعَامَ وَمَا كَانُوْا خَالِدِينَ۔ سورۃ الانبیاء۔9

Яъне мо инҳоро (пайғамбаронро) ҷасаде насохтем, ки хӯрок нахӯранд ва на онҳо ҷовидон буданд.

Пас маълум мешавад, ки ягон кас аз ин қонуни Худованд берун нест. Дар ҳадис ҳам ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалом дар бораи хӯрок фармуданд, ки

حَدَّثَنَا أَبُو نُعَيْمٍ، حَدَّثَنَا سُفْيَانُ، عَنْ ثَوْرٍ، عَنْ خَالِدِ بْنِ مَعْدَانَ، عَنْ أَبِي أُمَامَةَ: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا رَفَعَ مَائِدَتَهُ قَالَ: «الْحَمْدُ لِلّٰهِ كَثِيرًا طَيِّبًا مُبَارَكًا فِيهِ، غَيْرَ مَكْفِيٍّ وَلَا مُوَدَّعٍ وَلَا مُسْتَغْنًى عَنْهُ، رَبَّنَا»

صحیح البخاری۔ کتاب الأطعمۃ، باب ما یقول اذا فرغ من طعامہ

Дар охири ҳамин ҳадис ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд, ки эй Худо мо аз ин, яъне таом, истиғно (беэҳтиёҷӣ) надорем.

Вақте ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз хӯрдан истиғно надоранд, пас, шумо як пайғамбареро, ки дар дараҷа аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кам аст, чунин пурқудрат мегӯед, ки бе ягон хӯрок то ҳол зинда аст. Фикр кунед дӯстдорони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Аз оятҳои боло исбот мешавад, ки ягон ҷасад бехӯрок зинда намемонад ва ҳазрати Исо алайҳиссалом низ зинда нестанд, зеро хӯрок намехӯранд. Пас, вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот шуд.