Ҳақиқати ҷиҳод
Маънои луғавии ҷиҳод:
Ҷиҳод аз ҷаҳд аст, ва маънои ҷаҳд мушаққат мебошад. Ҳамин тариқ маънои ҷиҳод корест, ки кӯшиши аз ҳад зиёд кардан ва ягон камие намондан. (Тоҷ-ул-арӯс)
Ҷиҳод гуфта одатан фақат ҷангу ҷанҷол мефаҳмем, аммо ин фикр ғалат аст. Дар луғат маънояш меҳнат ва кӯшиш аст.
Қисматҳои ҷиҳод:
Аз Қуръон ва ҳадис чор намуд ҷиҳодро мефаҳмем.
- Ҷиҳод бар зидди нафс ва шайтон 2. Ҷиҳод бо Қуръон (яъне даъвату таблиғ ба тарафи Ислом) 3. Ҷиҳод бо мол (пул) 4. Ҷиҳод бо шамшер (яъне ҷанг барои худро ҳифз намудан).
1. Ҷиҳод бар зидди нафс ва шайтон
Худои таоло дар Қуръон мефармояд:
وَالَّذِیْنَ جَاھَدُوْا فِیْنَا لَنَھْدِیَنَّھُمْ سُبُلَنَا (العنکبوت: 70)
Тарҷума: Ва онҳое, ки дар талоши мо кӯшиш мекунанд, мо онҳоро ба роҳи худ ҳидоят мекунем.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз як ҷанг баргашта ба рафиқони худ гуфтанд, ки:
“Шумо аз ҷиҳоди асғар (майда) баргашта ба ҷиҳоди акбар (калон) омадед, ва ҷиҳоди акбар, ҷиҳод бар хилофи хоҳишҳои нафс аст.”
(Канз-ул-уммол, Китоб-ул-ҷиҳод фил ҷиҳодил акбар минал аъмол, Ҷилд 4, Ҳадис 11260, Матбуа мактаба Турос ал-исломӣ, Ҳалб)
Мардуми ҷамоати Аҳмадия дар ин ҷиҳод аз ҳама пешанд ва ғайри Аҳмадиҳо инро эътироф мекунанд. Чунончи шоир Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ менависад:
“Дар Панҷоб Исломро аз ҳама зиёд дар ин ҷамоат (дар ҷамоати Аҳмадия) дида мешавад”.
(Зиндаруд, Саҳифа 576 аз доктор Ҷовид Иқбол)
2. Ҷиҳод бо Қуръон
Мурод аз ин ҷиҳод дар он аст, ки Қуръонро хонда ва фаҳмида дар баробари ислоҳи худ ислоҳи дигаронро ҳам фикр кунем. Кӯшиши қиёми тавҳид низ кунем ва таълимоти Қуръонро нашр кунем. Дар Қуръон Худо мефармояд:
فَلَا تُطِعِ الْکَافِرِیْنَ وَ جَاھِدْھُمْ بِہٖ جِھَادًا کَبِیْرًا (الفرقان: 53)
Тарҷума. “Ва кофиронро пайравӣ макун ва бо ин (Қуръон) ба онҳо ҷиҳоди бузург кун”.
Яъне таълимоти покизаи Қуръонро чунин паҳн кунем, ки ҳеҷ кас бар зидди Қуръону Ислом ҳеҷ чиз гуфта натавонад. Ҷамоати Аҳмадия бо Қуръон ҷиҳод мекунад ва ба мардум таълимоти покизааш мефаҳмонад, то мусалмонҳо ақидаҳои худро ислоҳ кунанд ва ғайри мусалмонҳо Қуръонро ҳамчун шариати комил қабул кунанд.
3. Ҷиҳод бо мол (пул)
Дар роҳи Худо барои ишоати дин пул харҷ кардан ҳам ҷиҳод аст. Дар Қуръон ин намуди ҷиҳод чунин зикр шудааст.
وَ جَاھِدُوْا بِاَمْوَالِکُمْ وَ اَنْفُسِکُمْ فِیْ سَبِیْلِ اللہِ (التوبہ: 41)
Тарҷума: “Ва бо молҳои худ ва бо ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кунед”.
Яъне пулро барои тараққии дини Ислом харҷ кунед.
4. Ҷиҳод бо шамшер (ҷанг барои дифоъ)
Қисмати чаҳоруми ҷиҳод ин ҷиҳод бо шамшер аст. Яъне вақте ки душмани Ислом дини моро нест карданӣ бошад ва барои нест кардани дини Ислом бар мусулмонҳо ҳамла кунад, он вақт ҷанги дифоӣ лозим мешавад. Чуноне, ки дар боло зикр намудем, ки Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин ҷиҳодро “ҷиҳоди асғар (майда)” гуфтанд.
Дар Қуръони пок Худои таоло мефармояд:
اُذِنَ لِلَّذِیْنَ یُقٰتَلُوْنَ بِاَنَّھُمْ ظُلِمُوْا وَ اِنَّ اللہَ عَلیٰ نَصْرِھِمْ لَقَدِیْرُ۔ الَّذِیْنَ اُخْرِجُوْا مِنْ دِیَارِھِمْ بِغَیْرِ حَقٍّ اِلَّا اَنْ یَّقُوْلُوْا رَبُّنَا اللہُ۔ (الحج: 40،41)
“Иҷозат дода мешавад ба онҳое, ки бар хилофи онҳо қитол (ҷанг) карда шуд. Барои он, ки ба онҳо ситам карда шуд. Ва албатта Худо ба ёрии онҳо қудрат дорад (яъне) онҳое, ки аз хонаашон ноҳақ берун карда шуданд фақат бо гапашон, ки Худо Парвардигори мост”.
Яъне Худо мусулмонҳоро он вақт барои ҷиҳод иҷозат дод, ки душманон дини Исломро нест карданӣ буданд.
Ҳазрати бонии ҷамоати Аҳмадия чаро ҷиҳод бо шамшерро ба таъвиқ андохтанд?
Ҳазрати бонии ҷамоати Аҳмадия ҷиҳодро аз тарафи худ таъвиқ накарданд, балки ин яке аз пешингӯйи Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки дар замони Масеҳи Мавъуд ва Имом Маҳдӣ ҷангҳои мазҳабӣ таъвиқ мешаванд. Чунончи гуфтанд:
یَضَعُ الْحَرْبَ
“Ӯ ҷангро мавқуф мекунад”.
(Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, Боб нузули Исо ибни Марям)
Ҳамин тавр дар китоби “Дур-ул-мансур” фармудаанд.
Дар ин ҷо гуфта шудааст, ки дар замони Масеҳи Мавъуд шароити ҷиҳод мавҷуд нахоҳанд шуд. Чунончи ҳазрати бонии ҷамоат Аҳмадия аз рӯйи пешгӯйи Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷиҳодро муваққатан манъ карданд. Онҳо менависанд:
اب چھوڑ دو جہاد کا اے دوستو خیال دیں کیلئے حرام ہے اب جنگ اور قتال
کیوں بھولتے ہو تم یضع الحرب کی خبر کیا یہ نہیں بخاری میں دیکھو تو کھول کر
فرما چکا ہے سید کونین مصطفیٰ عیسٰی مسیح جنگوں کا کر دے گا التوا
یہ حکم سن کے بھی جو لڑائی کو جائے گا وہ کافروں سے سخت ہزیمت اٹھائے گا
(Тӯҳфаи голарвия, Рӯҳонӣ хазойн, Ҷилд 17, Саҳифа 77,78)
Мафҳуми ин байтҳо ҳамин аст, ки дар ин замон ҷиҳод лозим нест. Чаро аз ҳадисе, ки дар Бухори шариф навишта шудааст, яъне «яза-ул-ҳарб» , хабар надоред? Ин сухан ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд, ки Исои Масеҳ ҷангҳоро манъ мекунад. Ин ҳукмро гӯш карда, агар касе нийяти ҷангу ҷидол мекунад, аз кафирон шикаст мехӯрад.
Баъд мефармоянд:
“Дар бораи ин сухан иштибоҳе нест, ки дар ин замон ва дар ин кишвар (Ҳиндустон) шаройти ҷиҳод нестанд…… Дар вақти амн ҷиҳод мумкин нест”.
(Тӯҳфаи голарвия, Рӯҳонӣ хазойн, Ҷилд 17, Саҳифа 82)
Пас, хулосаи калом ҳамин, ки Ҳазрати бонии ҷамоати Аҳмадия, – Масеҳи Мавъуд ва Имом Маҳдӣ, ҷиҳодро мансух накарданд, балки аз рӯй пешингӯии Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз барои набудани шаройти ҷиҳод, ҷиҳодро манъ карданд. Дар бораи ҷиҳоди ҳақиқӣ бо шамшер ваъдаи Аллоҳи таоло дар Қуръон аст, ки ӯ ҳатман муъмининро ғалаба медиҳад. Пас, яке аз сабабҳои шикаст хӯрдани мусалмонҳо дар замони муосир ҳамин аст, ки фиристодаи Худо мусалмонҳоро ба тарафи амн даъват медиҳад, аммо инҳо вайро итоат намекунанд.
Leave A Comment