Ҳақиқати Даҷҷол

Барои ислоҳи уммат Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфта буданд, ки як Масеҳ ва Маҳдӣ меояд ва барои зуҳури ӯ аз бештар аломатҳо як аломат зоҳир шудани “Даҷҷол” буд. Дар бораи Даҷҷол дар байни мардум афсонаҳои аҷоиб машҳуранд ва онҳо ӯро як одами аз ҳама боқувват аҷибулхалкат медонанд. Ин чизро бояд донист, ки дар бораи Даҷҷол Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам кадом пешгӯйҳое, ки гуфта буданд, онҳо бар рӯъё ва мукошафот асос доштанд. Чунончи, дар бораи Даҷҷол Ҳазрати Пайғамбар чунин фармуданд:

بَیْنَمَا اَنَا نَائِمٌ اَطُوْ فُ بِا لْکَعْبَۃِ (بخاری کتاب الفتن باب ذکر الدجال)

Яъне ман хоб дидам, ки ӯ Каъбаро тавоф мекард (Саҳеҳ Бухорӣ, Китобулфитан, боби зикр-уд-даҷҷол).

Рӯъё, мукошафот ва пешгӯиҳо ин усул доранд, ки онҳоро таъбир мекунем чӣ хеле, ки Ҳазрати Юсуф дар хоб диданд, ки ёздаҳ ситораҳо ва моҳ ва офтоб эшонро саҷда мекунанд, аммо ин офтоб, моҳ ва ситораҳо дар асл набуданд, балки таъбири он хоб ҳамин буд, ки додарон ва падару модари Ҳазрати Юсуф зери эҳсони ӯ шуда пеши ӯ омада буданд.

Ҳамин тавр дар «Саҳеҳ Муслим» китобулфитан боби зикри Ибни Сайёд ҳаст, ки Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи як бачаи яҳудии Мадинавӣ Ибни Сайёд (ки баъдтар исломро қабул кард) андешиданд, ки ӯ Даҷҷол аст ва ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу пеши Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам савганд хӯрданд, ки ҳамин кас Даҷҷол аст ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин фикрро рад накарданд. Ҳол он ки дар Ибни Сайёд бештар аломатҳои Даҷҷол набуданд. Аз ин собит гардид, ки худи Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва рафиқони Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешингӯиҳоро дар бораи Даҷҷол ба маънои маҷозӣ фикр мекарданд ва ҳамаи аломатҳои Даҷҷолро зоҳиран аён шудан фикр намекарданд.

Аз Қуръон, ҳадисҳо ва маънои луғавии калимаи Даҷҷол маълум мешавад, ки Даҷҷол ягон чизи аҷиб нест балки қавмҳои масеҳӣ ва ғарбии пешрафтаи имрӯза ва дар асл роҳбароини мазҳаби онҳо ҳастанд. Якчанд далел инҳоанд.

1. Маънои луғавии Даҷҷол:

  1. Каззоб, яъне сахт дурӯғгӯ.
  2. Бой ва соҳиби хазинаҳо.
  3. Як гурӯҳи калон, ки аз рӯи касраташ заминро пош мекунад.
  4. Гурӯҳе, ки молҳои тиҷоратро бардошта мегардад.

(Лисон-ул-араб)

Яъне маънои луғави Даҷҷол инҳоянд, ки як гурӯҳи калон, ки корашон тиҷорат аст, чизу чорааш бардошта дар дунё мегардад. Он гурӯҳ бениҳоят бой аст, ҳамаи дунёро аз сайру саёҳат қатъ мекунад, ҳама ҷо ҳаст ва ҳеҷ ҷо аз ӯ холӣ нест. Аз рӯйи мазҳаб ақидаи дурӯғ дошта бошад. Ҳамаи ин аломатҳо дар кишварҳои ғарбӣ, дар роҳбарони мазҳабии ақвомҳои масеҳӣ мавҷуданд.

2. Даҷҷол ва Қуръону Аҳодис

Аз барои паноҳ гирифтани фитнаи Даҷҷол Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам оятҳои сурат-ул-каҳф хонданро пешниҳод карданд, ва агар дар аввалин даҳ оятҳои сурат-ул-каҳф назар афканем, дар он ҷо радди масеҳият аст. Худои таоло мафармояд:

وَیُنْذِرَ الّذِیْنَ قَالُوا اتَّخَذَ اللہُ وَلَدًا (الکھف:۵)

Яъне Аллоҳи таоло ин китобро нозил кард, ки бо ин китоб онҳоро тарсонда шавад, ки гуфтанд, ки Худо писаре гирифтааст. “Ва битарсонад онҳоеро, ки гуфтаанд, Худо писар гирифтааст”.

Пас маълум шуд, ки фитнаи Даҷҷол ва фитнаи дар вақти Масеҳ як аст. Агар фитнаи Даҷҷол ва фитнаи вақти масеҳ ҷудо бошанд, баъд мумкин нест, ки Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои паноҳ гирифтан аз Даҷҷол хондани оятҳоро тавсия кунанд, ки дар он ҷо зикри Даҷҷол набошад.

3. Дар ҳадис фитнаи Даҷҷолро аз ҳама фитнаи калон гуфта шуд. (Саҳеҳи Муслим, Китоб-ул-фитан, боб фӣ бақия аҳодис-уд-Даҷҷол)

Аз Қуръон маълум аст, ки аз ҳама фитнаи хатарнок ин мебошад, ки масеҳиён Ҳазрати Масеҳро фарзанди Худо таъйин кардаанд. Чунончи дар Қуръон аст.

تَکَادُ السَّمٰوٰتُ یَتَفَطَّرْنَ مِنْہُ وَ تَنْشَقُّ الْاَرْضُ وَ تَخِرُّ الْجِبَالُ ھَدًّا۔ اَنْ دَعَوْ لِلرَّحْمٰنِ وَلَداً۔ (سورۃ مریم: 91-92)

Наздик аст, ки осмон аз он (сухан) бишикофанд ва замин азҳам бипошад ва кӯҳҳо ларзон фурӯ афтанд, ки онҳо барои (Худои) Раҳмон писаре иддао карданд.

Ва бонии ин фитна раҳбарони масеҳиён ҳастанд, ки онҳо ҳазрати Исоро фарзанди Худо эълон карданд ва ҳамонҳо Даҷҷол ҳастанд.

4. Дар сураи Фотиҳа Худо мусалмоноро аз барои ду фитна паноҳ гирифтан дуо омӯзонд.

  1. Аз фитнаи مَغْضُوبِ عَلَیْھِمْ, ки онҳо яҳудӣ ҳастанд.
  2. Аз фитнаи الضَّالِّیْن, ки онҳо масеҳиён мебошанд.

Яҳудиҳоро мо Даҷҷол гуфта наметавонем, барои он ки Аллоҳ таолло мефармояд:

ضُرِبَتْ عَلَیْھِمُ الذِّلَّۃُ اَیْنَ مَا ثُقِفُوْا (آل عمران: 113)

“Бар онҳо, ҳар ҷое, ки ёфта шаванд, зиллат афканда шуд”.

Гӯё яҳудиҳо ҳамеша мағлуб меистанд. Аммо аз Қуръон маълум аст, ки дар замони Масеҳи муҳаммадӣ ва Маҳдӣ масеҳиён ғолиб мебошанд.

Пас, маълум шуд, ки мурод аз Даҷҷол роҳбарони масеҳиён ҳастанд. Агар мурод аз Даҷҷол ягон қавми дигар мебуд, дар сураи Фотиҳа аз онҳо барои паноҳ гирифтан дуо мебуд.

5. Дар Қуръон зикри ғалабаи пайравони ҳазрати Исо алайҳиссаломро мехонем: Чуноночи, Аллоҳи таоло мефармояд.

وَ جَاعِلُ الَّذِیْنَ اتَّبَعُوْکَ فَوْقَ الَّذِیْنَ کَفَرُوْا اِلٰی یَوْمِ الْقِیَامَۃِ (آل عمران: 56)

Тарҷума: Яъне (эй Исо) “Онҳоро, ки пайравии туро кардаанд, бар онҳое, ки куфр кардаанд, то рӯзи қиёмат бартарӣ додаам”.

Аз рӯйи ин порчаи оят ғалаба ва салтанат  то рӯзи қиёмат ё барои масеҳиён ҳаст, ки ҳазрати Исо алайҳиссаломро зоҳиран ва рӯякӣ пайравӣ мекунанд ва ё барои мусалмонҳо аст, ки пайравони ҳақиқӣ ҳастанд. Мусалмононро Даҷҷол қарор дода намешавад, зеро дар ҳадис Даҷҷолро кофир гуфта шудааст. Баъд ҳамонро Даҷҷол қарор дода мешавад, ки ҳазрати Исоро танҳо рӯякӣ пайравӣ мекунанд.

6. Дар китоби Саҳеҳи муслим китоб-ул-фитан боб зикр-уд-Даҷҷол ҳадис аст, ки як рафиқи Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Тамим Дорӣ разиаллаҳо анҳу гуфтанд, ки ӯ Даҷҷолро дар як ибодатхонаи масеҳиён маҳкам дид, ки дар яке аз ҷазираи ғарбӣ воқеъ буд.

Аз ин ҳам маълум мегардад, ки мурод аз Даҷҷол қавмҳои масеҳиёни ғарбӣ мебошанд.

Аломатҳои Даҷҷол

  1. Дар Саҳеҳи Бухорӣ китоб-ул-анбиё боб вазкур филкитаби маряма оварда мешавад, ки Даҷҷол аз чашми рост кӯр мебошад.

Дар як китоби дигаре оварда шудааст, ки чашми чапи ӯ равшантар мебошад гӯё ки дурр (марворид) аст.

(Канз-ул-уммол, ҷилди 14, боб фӣ хурӯҷ-ид-Даҷҷол, ҳадиси 38784, мактаба-ат-турас, Ҳалб)

Аз ин суханҳои боло чунин маъно мебарояд, ки чашми чапи ӯ яъне чашми дунёвии Даҷҷол равшантар аст ва дар муомилаҳои дунёӣ аз ҳама хуб мефаҳмад, аммо аз чашмӣ рост кӯр мебошад, яъне аз дин ношинос мебошад.

  1. Дар байни чашмҳои ӯ (коф-фо-ро) ک ف ر навишта мешавад, ки онро ҳам босаводҳо ва ҳам бесаводҳо хонда метавонанд.

(Саҳеҳ бухорӣ китоб-ул-фитан боб зикр-уд-Даҷҷол)

Дар ин ҷо диққат диҳед, ки чаро дар бораи бесаводҳо ҳам гуфта шуд, ки онҳо низ куфри Даҷҷолро хонда хоҳанд тавонист. Агар як одам дар тамоми умр китобро дар даст нагирифта бошад, ӯ чӣ хел дар байни чашмҳои Даҷҷол (ک۔ف۔ر)‑ро хонда метавонад. Ӯ ҳатман аз касе мепурсад, ки дар он ҷо чӣ навишта шудааст. Аммо дар ҳадис ин тавр нест, балки гуфта шудааст, ки як одами бесавод ҳам аз корҳои Даҷҷол ӯро хоҳад шинохт. Яъне ин ҳадис ҳам дар маънои маҷозӣ омадааст. Куфри Даҷҷол пеши ҳар кас зоҳир мешавад.

  1. Боз Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам Даҷҷолро ҳамчун як ҷавони тануманд, синакалон, сафедранг, равшанпешонӣ диданд.

(Мусаннафи ибни аби Шаиба, ҷилд 15 китобул фитан мо зукира фӣ фитнат-уд-Даҷҷол)

Мебинем, ки зиёдтар мардуми қавмҳои ғарб ҳамин хеланд. Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам як касро ҳамчун намоянда диданд.

  1. Дар Саҳеҳи Муслим, китоб-ул-фитан, боб фӣ бақияа қиссат-уд-Даҷҷол ҳаст, ки ҳафтод ҳазор яҳудиҳои исфаҳонӣ бо Даҷҷол мешаванд.

Имрӯз мо мебинем, ки яҳӯдиҳо масеҳиёнро бисёртар ёрдам мекунанд.

  1. Боз аломатҳои Даҷҷол дар ҳадисҳо ин мебошанд, ки Даҷҷол кӯҳ барин нон, яхнӣ, ғизо ва захираҳои обӣ бо худ гирифта мегардад ва дар дунё бо суръат паҳн мешавад ва ҳама ҷо ҷанҷолу фитна ва вайронӣ мекунад, касонро хоҳад мекушад ва касонро хоҳад зинда мемонад ва бо ҳукми вай борон меборад ва замин сабза мерӯёнад ва замин хазинаҳои худро мебарорад.

(Саҳеҳи Муслим, китобул фитан, боб зикр-уд-Даҷҷол)

Агар ин ҳадисро ба маънои зоҳирӣ гирем, Даҷҷол баробари Худо мешавад ва ин ақида зидди ақидаи тавҳид аст. Пас, ҳадис ҳамин маъно дорад, ки Даҷҷол кӯшиш мекунад, ки бо фаъолиятҳои худ дар корҳои Худо дахолат кунад. Кӯҳ барин  нон ва захираҳои обӣ доштан маънои боқувват шудан дар иқтисодиёт аст. Баъд, ин тараф ишора аст, ки дар қатораҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳо ашёи хӯрокворӣ ҳамаҷо мебарад.

  1. Ҷаннат ва оташ ҳам ҳамроҳи ӯ мешаванд ва чизеро, ки ҷаннат хоҳад гуфт, дар ҳақиқат оташ хоҳад буд.

(Саҳеҳи Бухорӣ, китоб‑ул‑анбиё, боб қолаллаҳу валақад арсална Нӯҳан)

Дар ин ҷо ҳам маънои зоҳирӣ қабул карда намешаванд ва агар қабул карда шаванд, бар зиддӣ тавҳид мешаванд. Чунончи шореҳи Бухорӣ аллома Ибни Ҳаҷар ташреҳ мекунад, ки Даҷҷол бар мукофоту ҷазо додан қодир хоҳад шуд. Касе ки ба ӯ итоат хоҳад кард, ӯро мукофот хоҳад дод, гӯё ӯро дар ҷаннати худ дохил хоҳад кард, аммо аслан дар рӯзи қиёмат ин дӯзах мебошад. Ва касе ки ба Даҷҷол итоат намекунад, Даҷҷол зиндгонии ӯ монанди дӯзах мекунад, аммо инҳо рӯзи қиёмат ворисони ҷаннат ҳастанд.

(Фатҳ-ул-борӣ шарҳи Бухорӣ китоб-ул-фитан боб зикр-уд-Даҷҷол)

Айни замон ҳар як одам инро мефаҳмад, ки агар касе ин кишварҳои бақуввати ғарбиро итоат накунад, бо ҳар кадом ҳила иқтисодиёти он кишварро заиф мекунанд. Ин ҳамаи одатҳо дар қавмҳои масеҳӣ ошкоро мебинем.

  1. Дарозии гӯшҳои Даҷҷол сӣ даст мебошад. (Канз-ул-уммол, китоб-ул-қиёма мин қисм-ил-афъол, боб-уд-Даҷҷол, ҳадис 39709)

Яъне Даҷҷол чунон эҷодот мекунад, ки пайғомрасонӣ осон мешавад. Мисол телефон, факс, почта, интернет ва ғайраҳо. Ҳамаи ин ихтироъҳо мағрабӣ ҳастанд.

  1. Масеҳи Мавъуд Даҷҷолро назди боби (дарвозаи) лудд باب لدّ мекушад. (Саҳеҳи Муслим, китоб-ул-фитан, боб зикр-уд-Даҷҷол)

Маънои лудд: касе ки бисёр баҳс мекунад ва ҷанҷол мекунад.

Дар Қуръон ҳаст: تُنْذِرَ بِہٖ قَوْماً لُدًّا(مریم:98) яъне Қуръон барои он нозил шуд, ки бо ин ту қавмеро, ки баҳсу ҷанҷол мекунад, битарсонед. Пас ин ҳадис чунин маъно дорад, ки Масеҳи Мавъӯд ақидаҳои Даҷҷолиро бо илм ва ақл мешиканад ва бар ӯ ғалаба ҳосил хоҳад кард.

Ҳазрати Масеҳи Мавъӯд (Мирзо Ғулом Аҳмад) алайҳиссалом, ‒ асосгузори ҷамоати Аҳмадия, бар зидди масеҳият чунин далелҳо доданд, ки масеҳиён ҳеҷ кор карда натавонистанд ва беҷавоб монданд.

  1. Вақте ки Даҷҷол Масеҳи Мавъӯдро хоҳад дид, монанди намак дар об ҳал хоҳад шуд ва Аллоҳи таоло бо Масеҳи Мавъуд Даҷҷолро мекушад. (Саҳеҳи Муслим, китобул фитан, боб фӣ фатҳи қустунтуня ва хурӯҷ-ид-Даҷҷол ва нузули Исо ибни марям)

Даҷҷол аз машриқ мебарояд ва он замон фирқабандӣ ва ихтилофи зиёд дар дунё мебошад ва ғалабаи Даҷҷол то чил рӯз меистад (яъне ӯ ғалабаи комил медорад) муъмин дилтанг мешаванд, он замон Ҳазрати Исо алайҳиссалом меоянд ва мардумро имомат мекунанд, ва вақте ки аз рукӯъ сар мебардоранд, Худо Даҷҷолро мекушад ва мусалмонҳо ғолиб мешаванд. (Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, ҷилди 7, саҳифаи 349. Мактаба алқудсӣ алқоҳира 1353 ҳиҷрӣ)

Аз ин ҳадисҳо маълум шуд, ки Масеҳи Мавъӯд ва ҷамоаташ бо дуо ва ибодатҳо бар Даҷҷол ғалаба мегиранд.

  1. Даҷҷол дар гирди каъба тоб мехӯрад.

(Саҳеҳи Бухорӣ, китоб-ул-анбиё, боб вазкур фил китаби маряма)

Аллома тӯрбиштӣ дар тафсири ин ҳадис менависанд, ки ин ҳадис яке аз рӯъёи ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ҳазрати Исо алайҳиссалом гирди каъба тоб мехӯранд, яъне мурод аз ин ислоҳи дин аст ва Даҷҷол дар гирди каъба тоб мехӯрад, маъно онро дорад, ки Даҷҷол камбудиҳои дини Исломро мекобад ва шабурӯз фикр хоҳад кард, ки чӣ хел динро вайрон кунад ва зарар расонад.

(Мирқот шарҳи Мишкот, ҷилди 9, саҳифа 411, китоб-ул-фитан, боб аломот байна яд-ис-соат)

Дар Мишкот Мавлавӣ Абдулҳақ муҳаддиси деҳлавӣ ин ҳадисро низ шарҳ доданд, ки Даҷҷол барои вайрон ва зарар расондани каъба тоб мехӯрад.

(Мазҳир-ул-ҳақ шарҳи Мишкот, ҷилди 4, китоб-ул-фитан, боб аломати байна яд-ис-соат ва зикр-уд-Даҷҷол)

Ин аломатҳоро дар қавмҳои масеҳиёни ғарб мушоҳида мекунем ва мебинем, ки онҳо ҳама вақт дар фикри зарари дини мубини Исломанд.

Аломатҳои хари Даҷҷол

Даҷҷол бар харе савор хоҳад шуд, ки ӯ равшан аст ва масофа байни ҳарду гӯшаш ҳафтод метр хоҳад шуд.

(Мишкот-ул-масобеҳ, китоб-ул-адаб, боб-ул-аломот ва зикр-уд-Даҷҷол)

Масофаи пойҳои хари Даҷҷол дар баробари як шабу рӯз мешавад ва ӯ сафари ҳамаи замин мекунад. Ӯ метавонад, ки абрҳоро қапад ва ба тарафе, ки офтоб ғурӯб мешавад, сафар карда аз офтоб ҳам пештар меравад. Ӯ дар баҳр меравад ва оби баҳр то поҳояш меистад. Вақте ки сафар сар мекунад, ба овози баланд эълон мекунад, ки эй дӯстони ман, тарафи ман биёед. Эй азизони ман, тарафи ман биёед.

(Канз-ул-уммол, китоб-ул-қиёма мин қисм-ил-афъол, боб-уд-Даҷҷол, ҳадис 39709)

Ин асбобҳои нақлиёт сурохҳо, дар ва зинаҳо ҳам хоҳанд дошт.

(Баҳҳор-ул-анвор, ҷилди 52, саҳифа 92 аз имом Муҳаммад Боқир Маҷлисӣ, дорул эҳё-ут-туросул ал-арабӣ, Лубнон)

Дар ин ҳадисҳо дар ҳақиқат ихтироъҳои қавмҳои даҷҷолӣ зикр шудаанд, ки онҳо чунин асбобҳо барои сафар кардан эҷод хоҳанд кард, ки суръаташон ниҳоят тез мебошад ва дар дарун бо фурӯзонакҳо зебо меистанд ва курсиҳо хоҳанд дошт. Онҳо ҳам дар замин сафар мекунанд, яъне қатора ва мошинҳо ва ҳам дар ҳаво, яъне ҳавопаймо ва дар баҳр яъне киштиҳо. Гӯшҳои хар маънои инро доранд, ки онҳо чунин асбобҳо эҷод хоҳанд кард, ки пайғом бо суръат аз як ҷо ба ҷойи дигар меравад, масалан, телефон, интерком, интернет ва ғайраҳо.

Баъзе олимҳо ҳам маънои хари Даҷҷолро қатора кардаанд.

(Ҳадияи маҳдавия, саҳифа 89,90, матбаъ канпӯр 1393 ҳиҷрӣ)

Пас, маълӯм шуд, ки Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аломатҳое, ки дар бораи Даҷҷол ва хари Даҷҷол гуфта буданд, имрӯз калима ба калима рост баромадаанд. Агар Даҷҷол зоҳир шуд, зуҳури Масеҳи Мавъуд ҳам лозим аст. Дар асл Масеҳи Мавъуд ҳам омадааст ва чӣ хеле, ки Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, як роҳ аст, ки аз зарарҳои Даҷҷол паноҳ гирем, ва он роҳ ин аст, ки Масеҳи Мавъуд, яъне Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро бишиносем.

اھدنا الصراط المستقیم۔ صراط الذین انعمت علیھم۔