ШИНОСОИИ МУХТАСАР БО ҲАЗРАТИ МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД

(Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд алайҳиссалом)

Пайдоиш ва ҷойи пайдоиш

Аҳмад, ки асосгузори силсилаи Аҳмадия буд, номи пурраи ӯ Ғулом Аҳмад буд. Эшон сокини деҳаи Қодиён (Ҳиндустон) буданд, ки аз истгоҳи поезди Батола 17 километр, аз Амритсар 38 километр ва аз Лоҳур тахминан 91 километр дур тарафи машриқ ҷойгир аст. Эшон 1835 ё 1836 дар ҳамин деҳа дар хонаи Мирзо Ғулом Муртазо дар рӯзи Ҷумъа таваллуд шуданд. Эшон дугоник ба дунё омаданд. Яъне бо эшон як духтар таваллуд шуда буд, ки баъди якчанд муддат вафот кард.

Бузургони Эшон аз шаҳри Кеш (шаҳри Сабз)-и Ӯзбекистони ҳозира ба Хуросон ва аз Хуросон ба Ҳиндустон кӯчида буданд.

Завқи ибодат дар рӯзҳои кӯдакӣ

Савонеҳнависашон Шайх Яъқуб Алӣ як воқеа дар бораи кӯдакии Эшон нақл мекунад. Ӯ менависад, ки вақте умри эшон ниҳоят хурд буд, он гоҳ бо як духтари ҳамсинну соли худ, ки баъдан ӯро ба занӣ ҳам гирифтанд, мегуфтанд ки:

“Эй номурод, дуо кун, ки Худо маро намоз насиб кунад”.

Замони ҳусули илм

Падари Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дар замони кӯдакӣ барои омӯзондани илм ҳазрати ақдасро як муаллим таъйин намуд, ки номаш Фазл Илоҳӣ буд. Аз он кас ҷаноби Мирзо Қуръон ва забони форсӣ хонданд. Баъд аз ин дар синни даҳ солагӣ як муаллим бо номи Фазл Аҳмад, ки бисёр нек ва диндор буд ва чӣ хеле ки ҷаноби Мирзо соҳиб баъдан менависанд, ки он муаллим эшонро бисёр бо муҳаббат ва бо меҳнат дарс медод. Аз ин муаллим Мирзо соҳиб якчанд китобҳои сарфу наҳв хонданд.

Баъд аз ин дар сини 17-18 солагӣ аз як муаллим бо номи Мавлавӣ Гул Алишоҳ наҳв, мантиқ ва якчанд китобҳои ҳикмат хонданд ва аз фанни тиб китобҳоро аз падари худ, ки як табиби ботаҷриба буд, хонданд. Ин таълим дар он рӯзгор таълими кофӣ буд, аммо назар ба он коре, ки оянда эшон хоҳанд кард, хеле кам буд.

Замони кор ва баҳсҳо бо масеҳиён

 

Падари Мирзо Ғулом Аҳмад кӯшиш кард, ки писараш ба корҳои зиминдорӣ пайваст шавад, аммо баъди ин чизро донистан, ки мизоҷи ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) ба корҳои заминдорӣ рост намеояд, падарашон барои кори ҳукуматӣ эшонро ба шаҳри Сиёлкут равона кард. Дар он ҷо дар идораи муовини комиссар кор ёфтанд, аммо бисёр вақт дар корҳои илмӣ мегузашт. Баъд аз кор дар вақтҳои холӣ машғулият ба мутолеа, ё мардумро дарс додан, ё ки дар баҳсҳои мазҳабӣ шомил мешуданд. Дар он замон ҳам парҳезгорӣ ва тақвои эшон таъсири бисёр дошт, ки бо вуҷуди он ки 28 сола буданд, байни одамони солхӯрдаи мусулмонон ва ҳиндуҳо ҳам иззату эҳтиром доштанд.

Дар он замон дар Панҷоб таблиғоти масеҳиён нав омада буд. Азбаски мусулмонҳо аз ҳамла ба дини Ислом бо далелҳои динии онҳо лоилм буданд, бисёр вақт аз масеҳиён шикаст мехӯрданд. Аммо ҳар кадом вақт масеҳиён бо ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад баҳс мекарданд, бой медоданд. Чунончи аз байни кашишҳои масеҳиён, ки баъзеашон ҳақписанд буданд, бо вуҷуди ихтилофи динӣ эшонро бисёр ҳурмат мекарданд.

Оғози муколимаи Илоҳӣ

Умри эшон қариб 40 расида буд, ки дар 1876 падараш ногаҳон бемор шуд. Ҳарчанд ки бемории падар хатар надошт, аммо ба воситаи илҳом Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро Худо хабар дод, ки:

وَ السَّمَاءِ وَ الطَّارِقِ

Яъне савганд ба осмон ва (савганг ба) вақти шаб зуҳуркунанда.

Бо ин илҳом фаҳмонда шуд, ки падари эшон вафот мекунад ва баъди намози шом ин воқеа рӯй медиҳад. Ҳарчанд ки пеш аз ин хобҳои рост медиданд, ки дар вақташ рост мебаромаданд ва бисёр ҳинду ва сикҳои Қодиён шоҳиди онҳо буданд, аммо аз илҳомот ин нахустин илҳом аст, ки ба Эшон шуд ва гӯё аз ин илҳом Худо гуфт, ки падари дунёвии ту хоҳад мурд, аммо аз ин рӯз он тараф ман падари осмонии туям.

Китоби «Бароҳини Аҳмадия»

Пеш аз ин эшон фақат дар рӯзномаҳо мазмуну мақолаҳо менавиштанд, аммо вақте диданд, ки ҳамлаи душмани Ислом зиёд шуда истодааст ва мусулмонҳо аз ҳамлаи онҳо тоб наоварда бой медиҳанд, пас, дар дили эшон ғайрати Ислом ҷӯш зад ва зери илҳому ваҳйи Худо маъмур шуда, қарор гирифтанд, ки китобе навишта шавад, ки дар он чунин усули садоқати Ислом баён карда шаванд, ки мухолиф аз он далелҳо мағлуб шаванд ва оянда ҷасорати ба муқобили Ислом баромадан накунанд. Агар муқобил шаванд ҳам, ҳар як мусулмон далелҳояшонро рад карда тавонад. Чунончи эшон ба ин қарор омада он китоберо навиштан сар карданд, ки баъдан ба номи «Бароҳини Аҳмадия» машҳур гашт. Ҳамаи олимони он замон ҳатто онҳое, ки баъдтар душмани Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом шуданд, таърифи ин китоб карданд ва гуфтанд, ки то ҳозир ин хел китоб дар ҳаққи дини Ислом навишта нашудааст.

Ахбори ғайбия ва касрати силсилаи ваҳй

Дар китоби боло зикршуда Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом баъзе илҳомҳои худро ҳам навиштанд, ки зикри он дар ин ҷо ба маврид аст, зеро воқеаҳои баъдина нодуруст ё дуруст будани онҳоро исбот мекунанд:

“Дар дунё як Назир (огоҳкунанда) омад, аммо дунё онро қабул накард, лекин Худо ӯро қабул хоҳад кард ва бо ҳамлаҳои зӯровар ростии ӯро зоҳир хоҳад кард”.

(Тазкира, саҳифаи 104)

یَاتِیْکَ مِنْ کُلِّ فَجٍّ عَمِیْقٍ۔ وَ یَاتُوْنَ مِنْ کُلِّ فَجٍّ عَمِیْقٍ۔

(Тазкира, саҳифаи 50)

“Подшоҳон аз либосат баракат хоҳанд ҷуст”.

(Тазкира, саҳифаи 10)

Даъвои Масеҳи мавъуд ва эълони он

Соли 1891 як тағйири азим зоҳир шуд. Яъне Ҳазрат Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро бо илҳом гуфта шуд, ки Ҳазрати Месеҳи Носирӣ (Ҳазрати Исо алайҳиссалом), ки мусулмонон ва масеҳиён дуюм бор омадани онро ба дунё интизоранд, дар асл вафот карда буданд ва чунон вафот кардаанд, ки монанди дигарон барнамегарданд. Ва ин ки маънои дуюм бор омадани Масеҳ ин аст, ки шахсе меояд, ки ранги он мешавад ва он кас ту ҳастӣ (яъне ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад). Вақте ки ин сухан бар Эшон пурратар кушода шуд ва бо такрор илҳом шудан Эшонро маҷбур кард, ки Эшон инро эълон кунанд, пас, маҷбуран барои ин кор хестанд. Ин илҳом Эшонро дар Қодиён шуд. Эшон аҳли хонаводаро гуфтанд, ки акнун як вазифае ба ман супорида шудааст, ки мухолифати сахт мебинам. Баъди ин Эшон ба Лудиёна сафар карданд ва бо воситаи иштиҳор (реклама, плакат) соли 1891 Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ будани худро эълон карданд.

Дар натиҷаи ин даъво баҳсҳои калон-калон бо мусулмонҳо, ҳиндуҳо ва месеҳиён шуданд, ки Эшон ҳар бор ғолиб баромаданд.

Хулоса, баъд аз даъвои Масеҳ ва Маҳдӣ, Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом тамоми умр саъйю кӯшиш карданд, ки дини Исломро ба ҳамон ҳолати аввалааш баргардонанд ва ба ҳама ёдоварӣ кунанд, ки чаро Худованд ин динро барои ҳамаи одамони ҷаҳон ва барои тамоми замонҳо ба дунё овардааст. Зуҳури Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дубора Исломро зинда кард ва адолат, ахлоқи пок ва некро барқарор намуд.

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом эълон карданд, ки замони ҷангҳои динӣ ба поён расидааст ва ҷиҳод бо шамшер дигар дар Ислом ҷое надорад ва ба пайравони худ низ таъкид карданд, ки хуни одамон нарехта, бо қудрати қалам ва мантиқ Исломро дифоъ карда шавад. Барои ин кор ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом беш аз 85 китоб ва даҳҳо ҳазор нома навиштанд. Ғайр аз ин садҳо сухан оид ба ислом ва дифои Ислом фармуданд. Ҳазрати ақдас ҳамеша кӯшиш карданд, ки Исломро ба ҳамон Исломи зебоии даврони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам баргардонанд. Ҳатто рӯзе пеш аз гузаштани ҷаҳони фонӣ Эшон охирин китоби худ, яъне “Пайғоми сулҳ”-ро ба итмом расониданд. Эшон соли 1908 дар шаҳри Лоҳур аз олам гузаштанд. Дар вақти вафот дар забони ҳазрати Масеҳи Мавъуд ин калимаҳо буданд. “Аллоҳ, Аллоҳи маҳбуби ман”.

*****