ЧАРО ИМОМ МАҲДИРО ҚАБУЛ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ?

Кадом маъмуре, ки аз тарафи Худо меояд, онро қабул кардан ҳатмист, зеро Худои таоло ҳамаи баракатҳоро бо ӯ вобаста мекунад. Ғайр аз ӯ ҳар тараф торикию ҷаҳолат мебошад. Чӣ тавре ки Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

“Ҳар касе имомро қабул накарда мурд, гӯё ки маргаш марги ҷоҳил аст”.

(Маснад Аҳмад ибни Ҳанбал, Ҷилд 4, Саҳифа 96)

Таъкиди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба мусулмонон

“Вақте шумо ӯро бинед (яъне агар замони Масеҳи Мавъудро ёбед), ӯро байъат кунед, ҳарчи шуморо аз болои кӯҳҳои барфӣ бо зону роҳгашта рафтан даркор бошад”.

(Мустадрики Ҳокам, Китоб-ул-фитан вал-малоҳам, Боб хуруҷ-ул-маҳдӣ)

Баъд Пайғамбар саллаллоҳу алайи ва саллам дар бораи байъат ва итоати Маҳдӣ таълим дода фармуданд:

“-Касе, ки Имом Маҳдиро итоат кард, гӯё маро итоат кард. Ва касе, ки Имом Маҳдиро тарк кард, гӯё маро тарк кард”.

(Биҳор-ул-анвор, Ҷилди 13, Саҳифаи 17)

Боз фармуданд: “Касе, ки Маҳдиро тарк намуд, ӯ куфр кард”.

(Ҳиҷаҷ-ул-кирома, Саҳифаи 351 ва Лавоеҳ-ул-анвор-ул-баҳима, Ҷилди 2, Саҳифаи 80)

Салом расонед

Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайи ва саллам ба умматашон фармуданд, ки саломи ман ба Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд расонед. Ҳазрати Анас (р) ривоят мекунанд ки Пайғабар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

“-Аз шумо касе, ки Исо ибни Марямро ёбад, ба вай саломи маро расонад”.

Дар бораи ин Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳиш ва таманнои зиёд доштанд. Ҳазрати Абӯҳурера (р) ривоят мекунанд, ки Пайғамар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

“Ман умед дорам, ки агар умри ман дароз бошад, ман худам бо Исо ибни Марям во мехӯрам. Ва агар вафот кунам, аз байни шумо касе ки ӯро ёбад аз тарафи ман салом расонад”.

(Маснади Аҳмад ибин Ҳанбал, Ҷилди 2, Саҳифаи 298)

Имон воҷиб аст

Аз ҳамаи ин аҳодис Алома Асфроинӣ натиҷа бароварда мегӯянд:

“Бар зуҳури Маҳдӣ имон воҷиб аст. Чунон ки ин амр дар байни олимҳо таслим шудааст ва дар китобҳои сунниҳо ин ақидаҳо зикр шудаанд”.

(Лавоеҳ-ул-анвор-ул-баҳима, Ҷилди 2, Саҳифаи 80)

Бонии девбанд Мавлоно Муҳаммад Қосим Нонотвӣ мегӯяд:

“Вақт фаро хоҳад расид, ки Имом Маҳдӣ алайҳиссалом пайдо мешаванд ва он вақт касе ки ба Эшон итоат намекунад ва Имомро ношиносад ва пайравии ӯ намекунад, маргаш марги ҷоҳил мешавад”.

(Қосим-ул-улум бо тарҷумаи анвор-ун-нуҷум, Ҷилди 2, Саҳифаи 100)

Хоҳиши бузургони уммат

Аз ҳамин сабаб рафиқони Пайғамбар, бузургони уммат, барои расонидани саломи Пайғамбари Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам беқарор буданд ва ба наслҳои худ насиҳат мекарданд.

Ҳазрати Алӣ (р) дар яке аз шеърашон мефармоянд:

“Ҷони ман ба ӯ қурбон шавад. Эй фарзандони ман! Ӯро (Имом Маҳдиро) танҳо нагузоред ва зуд-зуд бо вай шавед”

(Шарҳи девони Алӣ, Ҷилди 2, Саҳифаи 97)

Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ба хешашон гуфтанд, ки агар Исо ибни Марям дар замони шумо биёянд, ба он кас саломи маро расонед.

(Ад-дурр-ул-мансур, Ҷилди 2, Саҳифаи 245)

Муҷаддади садаи XII ҳиҷрӣ ҳазрати Шоҳ Валиуллоҳ Муҳаддис деҳлавӣ фармуданд:

Ин фақир орзуманд аст, ки агар замоне ҳазрати руҳуллоҳро ёбад, ман марди якум бошам, ки ба ӯ салом расонам. Ва агар ман замоне вайро наёбам, пас, аз авлоди пайравонам касе, ки ӯро ёбад, орзуманд шавад, ки саломи Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро расонад, барои он ки мо аз лашкарони Маҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, лашкари охирин мешавем.

(Маҷмӯаи висояи арбаа, Саҳифаи 84)

Мусаннифи “Иқтраб-ас-соат” Нурулҳасанхон аввал ҳадиси Ҳазрати Абӯҳурайраро навишта баъд авлоди худро чунин насиҳат мекунанд:

Касе, ки аз байни шумо Исоро ёбад, саломи маро расонад. Ин гапи ҳазрати Абӯҳурайра (р) барои ҳамаи уммат аст ва ман ҳам фарди ҳамин уммат ҳастам. Агар ман ӯро ёбам пас, иншоаллоҳ якумин шуда саломи пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мерасонам. Ва агар аз авлоди ман касе ӯро ёбад саломи набувват ба ӯ расонад.

(Иқтироб-ус-соат, Саҳифа 194)

Муддаӣ мавҷуд аст

Ин ҳамон замони муборак аст, ки Ҳазрат Мирзо Ғулом Аҳмад бонии ҷамоати Аҳмадия бо фармони Худо даъво карданд, ки Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд манам. Ва дар ҳаққи вай Худо нишонаҳои калон-калон нишон дод ва гапҳои пешинаро иҷро кард. Пас, даъвои Ӯ барои ҳамаи мусулмонон таваҷҷуҳ металабад. Агар ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад дар ҳақиқат ҳамон кас ҳастанд, ки барои вай уммат мунтазир буд, пас, ӯро қабул кардан лозим аст, вагарна ҳар касе, ки ин пайғомро шунида гӯё ношунида кард, пеши Худо ва Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб медиҳад.

Пас, фикр кунед ва фикри амиқ кунед. Аз рӯйи далелҳо ӯро бисанҷед. Аз Худо дуо карда пурсед. Ва вақте ки ӯро содиқ, аниқу рост бинед, пас, саломи Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ расонида, ба ҷамоати Аҳмадия дохил шавед.

(Ҳамаи суханҳо, ки дар боло зикр карда шудаанд, пеш аз даъвои Ҳазрат Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ҳастанд.)