ИШҚИ ҲАЗРАТИ МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД (А) БО ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВАСАЛЛАМ

(1)

Аллоҳи таоло дар Қуръони маҷид мефармояд:

قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ۔ آل عمران:32

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад – Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд алайҳиссалом бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам беҳад зиёд муҳаббат доштанд. Дар бисёр ҷо фармуданд, ки ин дараҷаҳое, ки Худо маро додааст, дар натиҷаи муҳаббати ман бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам мебошад. Дар ин ҷо мо баъзе матнҳоро меорем, ки нисбати ишқи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам мебошанд, то ба хонандагон маълум шавад, ки агар касе чунин муҳаббати сахт бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дошта бошад, ҳеҷ гоҳ аз доираи Ислом баромада, ягон даъвои дурӯғ нахоҳад кард. Акнун аз наср ва назми ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом баъзе иқтибосот оид ба ҳамин масъала меорем.

Нури дараҷаи аъло

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

“Он нури дараҷаи аъло, ки инсонро дода шуд, яъне инсони комилро, дар малоик (фариштаҳо) набуд, дар нуҷум набуд, дар қамар набуд, дар офтоб набуд, дар дарёҳову баҳрҳои замин набуд, дар лаълу ёқут, зумурраду алмос ва марвориде нубад. Хулоса, дар ягон чизи заминию осмонӣ набуд. Танҳо дар инсон, яъне дар инсони комил буд, ки фарди атам, акмал, аъло ва арфаи он сайиди мо, мавлои мо сайид‑ул‑анбиё, сайид‑ул‑аҳё, Муҳаммади мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам ҳастанд”.

(Мирзо Ғулом Аҳмад, Оинаи камолоти Ислом, саҳифаи 160)

Интиҳои мақоми олиаш маълум намешавад

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

Ман ҳамеша бо нигоҳи тааҷҷуб мебинам, ки ин набии арабӣ, ки номаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам аст (ҳазор‑ҳазор дуруд ва салом бар ӯ), ин чӣ хел набии мақоми олист. Интиҳои мақоми олиаш дониста наметавонем ва таъсири қудсии вайро тахмин кардан кори инсон намебошад. Афсус, ки ба қадри шинохтани дараҷа ӯро шинохта нашудааст. Тавҳиде, ки аз дунё гум шуда буд, танҳо ҳамин паҳлавон аст, ки дубора онро ба дунё овард. Эшон муҳаббати Худоро то ба дараҷаи интиҳо расонданд ва ҷони худро дар ҳамдардии банӣ навъ то ба дараҷаи охир гудохт. Ҳамин аст, ки Худованд, ки аз сирри дилаш бохабар буд, ӯро аз ҳамаи анбиё ва ҳамаи аввалину охирин фазилат дод ва муродҳояш дар зиндагӣ ӯро дод”.

(Мирзо Ғулом Аҳмад, Ҳақиқат‑ул‑ваҳй, саҳифаи 115)

Набии ҷавонмарди ба дараҷаи аъло

“Мо вақте бо нигоҳи инсоф мебинем, он гоҳ дар тамоми силсилаи нубувват набии ҷавонмарди ба дараҷаи ахло, набии зинда ва маҳбубтарин набии Худо танҳо як мардро медонем, яъне ҳамон сардори анбиё, фахри русул, тоҷи мурсалин, ки номаш Муҳаммади Мустафо ва Аҳмади Муҷтабо саллаллоҳу алайҳи васаллам аст. Дар зери сояи ин набӣ агар даҳ рӯз амалӣ карда шаванд, дар натиҷа он нуре ба даст меояд, ки дар меҳнати ҳазорон сол ёфт намешавад”.

(Мирзо Ғулом Аҳмад, Сироҷи Мунир, саҳифаи 72)

Маҳбубтар аз ҷон ва падару модар

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

Онҳое, ки аз Худо натарсида ноҳақ набии бузурги мо – ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро бо калимаҳои бад ёд мекунанд ва бар он ҷаноб туҳматҳои нопок мекунанд ва аз бадзабонӣ даст намекашанд, мо бо онҳо чӣ тавр сулҳ кунем? Ман рост‑рост мегӯям, ки мо бо морҳои шӯразамин ва гургҳои биёбон сулҳ карда метавонем, аммо бо инҳо сулҳ карда наметавонем, ки бар набии маҳбуби мо, ки аз ҷонамон ва падару модарамон маҳбабтар аст, ҳамлаҳои нопок мекунанд. Худо моро бар Ислом марг диҳад. Мо чунин корро кардан намехоҳем, ки имони мо маҳв шавад”.

(Мирзо Ғулом Аҳмад, Пайғоми сулҳ, саҳифаи 30)

Ишқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар каломи манзуми арабӣ

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом Сардори худро дар шеърҳои арабӣ чунин ёд мекунанд:

یَا حِبِّ اِنَّکَ قَدْ دَخَلْتَ مَحَبَّۃً

فِیْ مُھْجَتِیْ وَ مَدَارِکِیْ وَ جَنَانِیْ

(Оинаи камолоти Ислом, саҳифаи 594)

Тарҷума. Эй маҳбуби ман, муҳаббати ту дар ҷонам, ҳавосам ва дилам сироят кардааст.

جِسْمِیْ یَطِیْرُ اِلَیْکَ مِنْ شَوْقٍ عَلَا

یَا لَیْتَ کَانَتْ قُوَّۃُ الطَّیَرَانِ

(Оинаи камолоти Ислом, саҳифаи 594)

(Эй маъшуқи ман) Ишқи ту дар баданам чунон ғалаба кардааст, ки (бо шиддати эҳсосот) ба тарафи ту мепарад. Кош ки ман қувваи парвоз медоштам (ва парида назди ту мерафтам).

اِنِّیْ اَمُوْتُ وَلَا تَمُوتُ مَحَبَّتِیْ

یُدْرٰی بِذِکْرِکَ فِی التّرابِ نِدَائِیْ

(Минан‑ур‑Раҳмон, саҳифаи 25)

(Эй азизи ман) Ман (рӯзе) аз ин дунё хоҳам кӯчид, аммо (он) муҳаббати ман, (ки ман бо ту мекунам) ҳеҷ гоҳ нахоҳад мурд, (зеро) аз хоки (қабарам) дар ёди ту овозам баланд хоҳад шуд.

یَارَبِّ صَلِّ عَلٰی نَبِیِّکَ دَائِمًا

فِیْ ھٰذِہِ الدُّنْیَا وَ بَعْثٍ ثَانٖ

(Оинаи камолоти Ислом, саҳифаи 593)

“Эй Рабби ман, Ту бар набии худ саллаллоҳу алайҳи васаллам дар ин дунё ҳам дуруд нозил фармо ва дар он дунё ҳам дуруд нозил фармо.

Ишқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар каломи манзуми форсӣ

Дар каломи форсии худ ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ишқи худро ба маъшуқи худ чунин изҳор мекунанд:

بعد از خدا بعشق محمد مخمرم

گر کفر این بود بخدا سخت کافرم

Баъд аз Худо ба ишқи Муҳаммад муҳаммарам,

Гар куфр ин бувад, ба Худо сахт кофирам.

(Изолаи авҳом, саҳифаи 176)

ہر تاروبود من بسراید بعشق او

از خود تہی واز غم آن دلستان پرم

Ҳар тору пуди ман бисарояд ба ишқи ӯ,

Аз худ тиҳӣ ва-з ғами он дилистон пурам.

(Изолаи авҳом, саҳифаи 176)

جان و دلم فدائی جمال محمد است

خاکم نثار کوچہ آل محمد است

Ҷону дилам фидои ҷамоли Муҳаммад аст,

Хокам нисори кӯчаи оли Муҳаммад аст.

(рӯзномаи Риёзи Ҳинд, Амритсар. Якуми март 1884с.)

در رہ عشق محمد این سر و جانم رود

این تمنا این دعا این در دلم عزم صمیم

Дар раҳи ишқи Муҳаммад ин сару ҷонам равад,

Ин таманно, ин дуо, ин дар дилам азми самим.

(Тавзеҳи маром, саҳифаи 11)

Ишқи Маҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам дар каломи манзуми урду

وہ پیشوا ہمارا جس سے ہے نور سارا

نام اس کا ہے محمد دلبر میرا یہی ہے

سب پاک ہیں پیمبر اک دوسرے سے بہتر

لیک از خدائے برتر خیر الوریٰ یہی ہے

(Ориёи Қодиён ва мо. Саҳифаи 65)

Тарҷума. “Он пешвои мо, ки ҳамаи нур ба сабаби ӯ мебошад. Номаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва дилбари ман ҳамон кас аст. Ҳамаи пайғамбарон пок ва аз як дигар хубтар мебошанд, аммо аз тарафи Худои бартар хайрулваро ҳамин кас аст”.

ربط ہے جان محمد سے میری جاں کو مدام

دل کو وہ جام لبا لب ہے پلایا ہم نے

مصطفیٰ پر تیرا بے حد ہو سلام اور رحمت

اس سے یہ نور لیا بار خدایا ہم نے

(Дурри Самин. саҳифаи 13)

Тарҷума. Ҷони ман ҳамеша бо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам алоқа дорад. Дилро ин ҷоми пур нӯшондаем. Бар Мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам салому раҳмати бепоёни Ту бошанд. Аз ӯ ин нурро аз Худо гирифтем.