АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲ ДАР УММАТИ МУҲАММАД (С)
Дар замони охир дар ҷое, ки дар бораи фитнаву фасод, фирқабандию зуҳури Даҷҷол, ки уммат аз онҳо зарар мебинад, хабар дода шудааст, ҳамон ҷо ин умматро аз барои ҳалокат нигоҳ доштан башорати Исо ибни Марям низ дода шудааст, ки ӯро дар ҳадис Имом Маҳдӣ ҳам гуфта шудааст. Чунон, ки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд.
لَا الْمَھْدِی اِلَّا عِیْسٰی أِبْنِ مَرْیَمَ (ابن ماجہ کتاب الفتن باب شدۃ الزمان)
Лалмаҳдӣ илло Исо ибни Марям. (Ибни моҷа, Китобул фитан, Боб шиддат-уз-замон)
Яъне Исо ва Маҳдӣ як вуҷуд аст. Акнун шахсе, ки дар бораи ӯ Қуръон ва ҳадисҳо хабарҳои бисёр додаанд, яъне аломатҳову нишонот, мақоми зуҳур ва ҳатто дар куҷо зоҳир мешавад, зикр шудааст, як аҳамияти бузург дорад. Аз чунин хабарҳо тазкираи мухтасар дар инҷо мешавад.
Аломатҳои зотии Масеҳи Мавъуд ва Маҳдии Маъҳуд (мукарраршуда)
Хонадон: Аз аҳодиси набавӣ маълум мешавад, ки Масеҳи Мавъуд форси-ул-асл мешавад. Чунончи вақте, ки ин оят нозил шуд.
وَ اٰخَرِیْنَ مِنْھُمْ لَمَّا یَلْحَقُوا بِھِمْ۔ سورۃ الجمعہ:4
Тарҷума: Ва ба сӯй дигарон аз онҳо (низ мабъус кардааст), ки ҳанӯз бо онҳо мулҳиқ нашудаанд.
Ҳамон вақт саҳоба аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам савол карданд, ки ин охирин киҳоянд? Он вақт дар маҷлис ҳазрати Салмони форсӣ (р) мавҷуд буданд. Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дасти муборакашон дар болои китфи Салмони форсӣ монда гуфтанд, ки “Агар имон ба Сурайё (номи ситора) рафта бошад ҳам, аз аҳли форс якчанд одамон ва ё як мард ба замин хоҳад овард.
(Бухорӣ, Китоб-ут-тафсир, Зери оят ва охарина минҳум…)
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (Бонии ҷамоати Аҳмадия) форси-ул-асл буданд. Он вақт мавлавӣ Муҳаммад Ҳусайн Батолавӣ, ки дар ҳаёти Мирзо Ғулом Аҳмад душмани Эшон буд, дар китоби худаш инро таслим кард, ки Мирзо Ғулом Аҳмад форси-ул-асл ҳастанд. (Ишоат-ус-сунна 7, Саҳифа 193)
Ин ҷо дар бораи хонадони Мирзо Ғулом Аҳмад каме маълумот медиҳем.
Мирзо Ғулом Аҳмад яке аз қавмҳои форс, бо қавми барлос тааллуқ доранд. Ҷадди аълои ин қавм Қарочор дар асри VI (шашуми) ҳиҷрӣ дини Ислом қабул карданд. Қарочор вазири Чуғатой ва як сипаҳсолори машҳур буданд, қавми худро аз Самарқанд 60 ё 65 километр тарафи ҷануб дар шаҳри Кеш обод кард. Наберааш Бурқол ду писар дошт, Тароғе ва Ҳоҷӣ Барлос. Ҳукумати Кеш дар дасти Ҳоҷӣ Барлос буд, аммо вақте, Темур бақувват шуд, Ҳоҷӣ Барлос маҷбур шуд, ки аз онҷо кӯч кунад. Он вақт он ҷоро Форс меномиданд. Ҳоҷӣ Барлос аз он ҷо кӯчида дар Хурсон паноҳ гирифту ҳамон ҷо вафот кард. Темур баъдтар Хуросонро фатҳ карда, ба авлоди амакаш дод. Аз ҳамин сабаб онҳо он ҷо зиндагӣ карданд. Баъди чанд вақт аз ҳамин хонадон як бузург Мирзо Ҳодӣ Бег Самарқанд баргаштанд ва баъд бо сабаби номаълум аз онҷо кӯчида Ҳиндустон омаданд ва дар вилояти Панҷоб зиндагиашонро давом доданд.
Шаҷараи насаби Мирзо Ғулом Аҳмад ин хел мешавад. Мирзо Ғулом Аҳмад ибни Мирзо Ғулом Муртазо ибни Мирзо Ато Муҳаммад ибни Мирзо Гул Муҳаммад ибни Мирзо Файз Муҳаммад.
Мирзо Файз Муҳаммад дар насаби нуҳуми авлоди Мирзо Ҳодӣ Бег ҳастанд.
Номи Мавъуд:
Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “Худо аз аҳли байъат шахсеро мефиристад, ки номаш номи ман ва номи падараш номи падарам мешавад.”
(Абу Довуд, Китобул Маҳдӣ)
Шарҳи ин ҳадис дар “Мирқот-ул-мафотиҳ” ин хел аст.
Яъне дар ин ҳадис мувофиқат байни Мавъуди мукарраршуда ва ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам зикр шудааст, ва мурод ин аст, ки сифатҳои Маҳдӣ мисли сифоти Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешаванд. Ва он кас бо роҳи Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардумро ҳидоят хоҳад кард.
(Мирқот-ул-Мафотиҳ шарҳи Мишкот-ул-масобиҳ, Китоб-ул-фитан, Ҷилди 9, Ҳадиси 5452)
Аз ин ҳадис низ маълум мешавад, ки Маҳдӣ аз номи зоҳираш бо Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мувофиқат дорад. Чунончи дар аҳодис номи маҳдӣ “Аҳмад” ҳам навишта шудааст.
(Китобул фитан, Боб фӣ сиратул Маҳдӣ, Саҳифаи 98 аз Ҳофиз абу Абдуллоҳ Наим ибни Ҳаммод)
Аз Қуръони карим ва аҳодис маълум мешавад, ки як номи Пайғамбар саллаллоҳқ алайҳи ва саллам Аҳмад ҳам буд. Чунончи бонии ҷамоат номи “Аҳмад” доштанд. Дар илҳом Худо ӯро бо номи Аҳмад хитоб кард. Масалан, як илҳом ин аст:
یَا اَحْمَدُ بَارَکَ اللہُ فِیْکَ (آئینہ کمالات اسلام۔ روحانی خزائن جلد نمبر ۵ صفحہ ۵۵۰)
Тарҷума: Эй Аҳмад, Худо дар ту баракат монд.
(Ойнаи камолоти ислом, Рӯҳонӣ хазоин, Ҷилди 5, саҳифаи 550)
Чеҳраву афти Мавъуд :
Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам чеҳраву афти Масеҳе, ки дар бани Исройл омада буданд, яъне ҳазрати Исо алайҳиссалом, ин хел гуфтанд:
Ранги ӯ сурх буд, мӯии сараш ҷингила буданд ва синаашон дароз буд.
(Бухорӣ китобул анбиё, Боб вазкур фил китоби Марям)
Аммо ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам зикри Масеҳе, ки дар муқобили Даҷҷол хоҳад омад, чунин кардаанд.
“Мӯии сараш дароз (на ки ҷингила) хоҳанд шуд ва рангаш гандумӣ хоҳад шуд.
(Саҳеҳи Бухорӣ, Китоб-ул-либос, Боб-ул-ҷаъд)
Агар ҳамин ҳадисҳоро муқоиса кунем, пас, маълум мешавад, ки Масеҳи бани Исройл дигар буд ва Масеҳи Муҳаммадӣ дигар аст, ва инҳо ҷудо-ҷудо вуҷуд ҳастанд. Дар як ҳадиси дигар дар бораи Масеҳе, ки меояд чунин гуфтор аст:
“Пешонии Маҳдӣ кушода ва биниаш баланд хоҳад шуд”.
(Абу Довуд, Китобул Маҳдӣ, Ҳадиси 7)
Агар акси Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро мушоҳида кунем, Чеҳраву мӯйи сар ва рангашон айнан ҳамин хел аст.
Тӯй ва авлод:
Яке аз аломатҳои Масеҳи Мавъуд ин аст, ки
“Ӯ ойладор мешавад ва фарзандор мешавад”.
Яъне ӯ бефарзанд намеистад. Авлоди ӯ корҳои бузург анҷом хоҳад дод, зеро дар ҳадис зикри авлод шудан маънои онро дорад, ки авлодаш корҳои бузург анҷом хоҳад дод. Вагарна ҳама соҳиби фарзанд мешаванд ва дар ин ягон хубӣ нест. Дигар ин, ки агар касе даъвои Масеҳ кунад ва дар даъвояш дурӯғгӯ бошад, Аллоҳи таоло аз рӯйи ин ҳадис ӯро фарзанддор намекунад.
Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом фарзанддор шуданд ва фарзандҳо барои дини Ислом бисёр хизматҳои калон карданд. Тафсири Қуръон навиштанд ва бисёр дигар китобҳоро навиштанд, ки як хазина аст.
Мақоми зуҳур:
Боз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки Масеҳи Мавъуд тарафи машриқи Димишқ хоҳад омад. (Муслим, Китобул фитан, Боб зикруд-Даҷҷол)
Ҳамин тариқ гурӯҳе, ки Маҳдиро ёрдам мекунад, ӯ ҳам аз машриқ тааллуқ дорад. (Ибни Моҷа, Китоб-ул-фитан, Боб хурӯҷ-ул-маҳдӣ)
Ҳадисҳои боло мақоми зуҳури Маҳдиро тарафи машриқи Димишқ таъйин мекунанд, ва мақоми зуҳури Имом Маҳдӣ, − деҳаи Қодиён, ҳам тарафи машриқи Димишқ дар Ҳиндустон аст.
Аломатҳои замонии Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом
Доббат-ул-арз:
Яке аз нишонаҳои Масеҳи Мавъуд ин аломати зуҳури доббат-ул-арз мебошад. Яъне, дар он замон доббат-ул-арз зоҳир хоҳад шуд.
(Муслим, Китобул фитан, Боб фӣ ал-оёт аллатӣ такуну қабл-ас-соат)
Маънои доббат-ул-арз ҳайвон ё кирм аст. Аллома Турбаштӣ (630 ҳиҷрӣ) гуфтанд, ки маънои ин кирм, кирми тоун аст.
Дар ин замон Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аз Худо хабар гирифта пешгӯӣ карданд, ки вабои тоун дар Ҳиндустон меояд, яъне доббат-ул-арз зоҳир мешавад. Баъдтар ҳамин тоун зоҳир шуд, ҳатто дар як ҳафта сӣ ҳазор одамон мемурданд.
Хурӯҷи яъҷуҷ ва маъҷуҷ:
Яке аз аломатҳои Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ин хурӯҷи яъҷуҷ ва маъҷуҷ аст.
(Муслим, Китоб-ул-фитан, боб зикр-уд-Даҷҷол)
Яъҷуҷ маъҷуҷ як чеҳраи сиёсии Даҷҷол мебошад, ки маънояш қавмҳои боқуввате, ки аз оташ кор карда фоида мегиранд. Чунончи имрӯз мушоҳида макунем, ки қавмҳои боқувват аз оташ бисёр истифода мебаранд.
Омадани зилзилаҳои сахт:
Ҳамин тариқ дар ҳадис дар охири замон дар шарқу ғарби араб “хасф” шудан ҳам омадааст.
(Муслим, Китоб-ул-фитан, Боб фил-оёт аллати такуну қабл-ас-соат)
Инҷо “Хасф” ба маънии зилзилаҳои сахт омадааст ва дар замони Ҳазрат Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ин аломат ҳам рост баромад. Аз рӯйи пешгӯии Эшон зилзилаҳои сахт омаданд ва мардум бисёр зарар диданд. Хонанда аз интернет таҳқиқ карда метавонад, ки дар вақти ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссало чӣ қадар зилзилаҳои сахт ва пурдаҳшат омада буданд.
Эҷоди савораҳои ҷадид:
Дар Қуръон як аломати замони охир тарки шутурҳо аст. Чунончи дар қуръон Худо мефармояд:
وَاِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ (سورۃ التکویر:۵)
Чунин гап дар ҳадис ҳам дида мешавад, ки мардум дар он замон шутурҳоро тарк мекунанд.
(Муслим, Китоб-ул-имон, Боб нузули Исо ибни Марям)
Дар ин замон, ки Масеҳи Мавъуд мавҷуд аст, ин аломат ҳам зоҳир шудааст ва аз охири асри XIX мошинҳои ҷадид, қатора, самалиёт ва ғайра эҷод шудаанд. Хари Даҷҷол ҳам ҳамин савораҳо ҳастанд.
Вазифаи Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ
Дар ҳадисҳои Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам корҳои Масеҳ ва Маҳдӣ як ҳастанд. Аз ин ҳам маълум мешавад, ки Масеҳ ва Маҳдӣ як вуҷуд ҳастанд.
- Ҳакаму Адал
Дар Саҳеҳи Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, боб нузули Исо чунин ривоят аст, ки Масеҳи Мавъуд Ҳакам ва Адал шуда меояд. Яъне ӯ бо инсоф ихтилофҳои мазҳабии умматро ҳал мекунад. Чунончи Ҳазрати Бонии ҷамоати Аҳмадия, ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад, масъалаҳои нофаҳморо ба мардум фаҳмонданд ва чунон фаҳмонданд, ки ҳар як инсон, ки бо дили соф ин масъалаҳоро хонад, тез қабул мекунад.
- Касри салиб
Як аломат ин аст, ки ӯ салибро хоҳад шикаст. Яъне ҳақиқати мазҳаби масеҳиятро зоҳир хоҳад кард. Яъне дар замони Масеҳи Мавъуд мазҳаби масеҳӣ ғолиб мебошад ва Масеҳи Мавъуд омада онро бо далелҳо мағлуб мекунад.
Чунончи олимҳои он замон Мирзо Ғулом Аҳмад (Масеҳи Мавъуд)-ро тавсиф карданд ва эътироф намуданд, ки Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом барои Ислом хизмати калон анҷом доданд. Мавлавӣ Нур Муҳаммад нақшбандӣ мегӯяд, ки Мирзо Ғулом Аҳмад бар зидди Масеҳият чунин далелҳо оварданд, ки аз Ҳиндустон то Аврупо ва Амрико роҳбарони масеҳиятро шикаст доданд.
(Дибоча аз мавлави Нур Муҳаммад нақшбандӣ, Қуръони шариф мутарҷим, Нур Муҳаммадбоғ, Карочӣ, Покистон)
- Қатли хук:
Як кори Масеҳи Мавъуд дар ҳадис ин аст, ки ӯ хукро мекушад. Яъне душманони Исломро аз рӯӣ илм мағлуб мекунад.
Ин корро ҳам Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом анҷом доданд ва сарбароҳони ҳамаи мазҳабҳоро дар майдони илм ва рӯҳонӣ даъват доданд ва дараҷаи дини Исломро баланд намуданд.
- Манъ кардани ҷиҳод:
Як кори Масеҳи Мавъуд “яза-ул-ҳарб” дар ҳадис омадааст.
(Саҳеҳ Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, Боб нузули Исо)
Яъне ӯ ҷангро манъ хоҳад кард. Мурод ин аст, ки Масеҳи Мавъуд барои мазҳаб ҷанг намекунад. Замоне, ки Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом даъвои Масеҳ карданд, он вақт душманони Ислом бо Ислом бо шамшер не, балки бо қалам ҳамла мекарданд. Барои ҳамин эшон барои дифои Ислом қалам бардоштанд ва пешгӯии ҳадисро такмил намуда ҷангро манъ карданд.
- Тақсими хазинаҳо:
Ӯ хазинаҳоро тақсим мекунад, аммо мардум аз ӯ қабул намекунанд.
(Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, боб нузули Исо)
Мурод ин аст, ки Ӯ маорифи Қуръон ва ҳақиқатҳои диниро ба дунё ошкор мекунад, аммо дунё қабул намекунад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом зиёда аз 85 китоб навиштанд, ки он ҷо маорифи Қуръон ва суханҳои динӣ ҳастанд, аммо бисёри мардум то ҳол қабул намекунанд.
- Қатли Даҷҷол:
Як кори Масеҳи Мавъуд ин ба муқобили Даҷҷол баромадан ва ӯро куштан аст.
(Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, боб нузули Исо)
Аз рӯйи луғат Даҷҷол он касро мегӯянд, ки бисёр дурӯғгӯ ва аз рӯйи касрат дунёро пош мекунад ва бо асбобҳои тиҷорат заминро пош мекунад. (лисон-ул-араб)
Ин аломатҳо дар олимҳои дини масеҳӣ ба куллӣ мавҷуданд, ки онҳо Ҳазрати Исо алайҳиссаломро писари Худо сохта, аз ҳама калон дурӯғгӯй карданд ва ҳамин ақидаро бо баҳонаи тиҷорат дар дунё паҳн карданд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом бар муқобили масеҳиён хестанд ва онҳоро шикаст доданд.
- Ҳаҷҷи Масеҳи Мавъуд :
Дар ҳадис аст, ки Масеҳи Мавъуд ҳаҷҷ мекунад.
(Бухорӣ, Китоб-ул-анбиё, Боб вазкур фил китаби Марям)
Мурод аз ин балан бардоштани бузургӣ ва азамати Каъба ва Ислом мебошад. Чуноне, ки Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар руъё (хоб) диданд, ки Масеҳ бо Даҷҷол тавофи Каъба карда истодааст.
Таъбири ин ҳадис ин карда шуд, ки омадани Масеҳи Мавъуд ҳифзи Ислом ва азамати Каъбаро барқарор кардан аст.
(Мазоҳир-ул-ҳақ, Шарҳи Мишкот-ул-масобиҳ, Ҷилд 5, Китоб-ул-фитан, Боб аломот-ул-қиёмат)
Ин кор ҳам Ҳазрати Масеҳи Мавъуд ба хубӣ анҷом доданд.
Ду нишонҳои осмонӣ барои рост будани Имом Маҳдӣ
Дар ҳадис ду нишонҳои хос, ки фақат барои Имом Маҳдӣ гуфта шудаанд, нишонҳои кусуф ва хусуф дар моҳи Рамазон ҳастанд.
(Дорқутнӣ, Китобу-ул-иден, боб сифат-ул-хусуф вал кусуф)
Яъне офтоб ва моҳ дар моҳи Рамазон дар таърихҳои хос барои Имом Маҳдӣ гирифта мешаванд. Ин нишонҳо ҳамон вақт қабул карда мешаванд, ки касе он вақт даъводори Имом Маҳдӣ бошад.
Чунончи, дар моҳи рамазон 1311 ҳиҷрӣ ва 1894 милодӣ ин нишонаҳо барои Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом зоҳир шуданд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд дар бораи ин нишонаҳо навишта гуфтанд:
“Дар тӯли сенздаҳ аср бисёр одамон даъвои Маҳдӣ карданд, аммо барои ягон нафар ин нишони осмонӣ зоҳир нашуд…….. Ман қасами ҳамон Худо мехӯрам, ки дар дасташ ҷони ман аст, ин аломатҳо Худо барои ман дар осмон зоҳир кардааст”.
(Туҳфаи Голарвия, Рӯҳонӣ хазоин, Ҷилд 17, Саҳифа 142-143)
Худо моро тавфиқи қабул кардани Масеҳи Мавъуд ва Маҳдӣ бубахшад. Омин.
Leave A Comment