аз
Ҳазрати Мирзо Башириддин Маҳмуд Аҳмад (р.а)
Халифаи дуюми Ҷамоати Аҳмадия
Аз ман кормандони радиои Бамбай хоҳиш карданд, ки онҳоро сабаби интихоб кардани Ислом ҳамчун дин нақл кунам. Вақте дили худамро чунин савол додам, ҷавоб ҳамин буд, ки ба асоси ҳамон далеле, ки ягон чизро интихоб мекунам, яъне ба сабаби ростиаш онро қабул мекунам.
Бинобар ин, ба назди ман масъалаи асосии дин вуҷуди Аллоҳ аст. Дине, ки инсонро бо Худо алоқаманд карда метавонад, дини содиқ мебошад ва барои имон доштан ба чизе ин далел кофист, ки вай содиқ аст. Барои он ки касе сидқро таслим накунад, вай барои таслим кардани дурӯғ маҷбӯр мешавад ва барои худ ва мардум душман мешавад. Дини Ислом даъво мекунад, ки холиқи ин дунё як Худои зинда аст. Он дар ин замон барои мардумаш зоҳир мешавад чунон ки дар асрҳои пешина зоҳир мешуд. Ин даъворо ду хел санҷида мешавад, ё ин ки барои ҷӯянда қудратҳои Худо зоҳир шаванд, ё ки болои ҳар касе, ки вуҷуди Худо ошкор шудааст, ҳаёти он инсонро санҷида садоқати даъвои ӯ бидонем. Чун ки ман (Мирзо Башир Аҳмад) бо фазли Худо яке аз соҳибони таҷрибагон ҳастам, ки ба онҳо Аллоҳ чандин маротиба вуҷудашро зоҳир кардааст. Ман, ки худам садоқати Исломро бо таҷриба санҷидаам, ба ҳеҷ далели дигар эҳтиёҷ надорам, аммо барои онҳое, ки ин таҷрибаро наёфтанд, далелҳо номбар мекунам, ки ғайр аз таҷриба, муҷиби бовар кардан ба Ислом шуданд.
Якум: Ман бар дини Ислом барои он яқин дорам, ки дини Ислом маро маҷбур намекунад, ки бар ҳамаи масъалаҳои динӣ кӯр‑кӯрона бо зӯрӣ амал кунам, балки барои ҳар як амр далел медиҳад. Вуҷуди Худо, сифатҳояш, фариштаҳо, дуо ва таъсираш, қазову қадр ва доираи он, ибодат ва эҳтиёҷаш, шариат ва фоидаҳояш, илҳом ва аҳамияти он, ҳаёт баъди марг, ҷаннат ва дӯзах ва ғайра. Аз инҳо ягон амр нест, ки Ислом дар бораи он таълим надода бошад ва онро барои ақли инсон бо далелҳои боқувват исбот накарда бошад. Ҳамин тавр Ислом нафақат маро Мазҳабе дод, балки илми боваринок ҳам бахшид, ки ақли ман ором мегирад ва эҳтиёҷи мазҳабро таслим мекунад.
Дувум: Ин ки ман ба сабаби он бар Ислом яқин дорам, ки Ислом нафақат аз қиссаҳо даъвоҳояшро асос мегузорад, балки ӯ ҳар касеро барои санҷиш даъват мекунад. Ислом мегӯяд, ки ҳар намуд сидқ (ростӣ) дар ин дунё санҷида мешавад. Ҳамин чиз диламро боварӣ мебахшад.
Сеюм: Ман барои он ба Ислом боварии комил дорам, ки Ислом маро дарс медиҳад, ки дар қавлу феъли Худо, яъне байни корҳои Худо ва суханаш ҳеҷ ихтилоф нест ва Ислом маро аз ҷанҷоли байни илми ҷадид ва мазҳаб озод мекунад. Ислом маро чунин дарс намедиҳад, ки ман ба қонунҳои табиӣ боварӣ накунам ва суханҳои бар хилофи он боварӣ пайдо кунам, балки дини Ислом маро дарс медиҳад, ки ба қонунҳои қудрат тааммул карда фоида гирам. Дини Ислом мегӯяд, ки ба сабаби он, ки нозилкунандаи калом ҳам Худо ва Холиқи дунё низ Худо мебошад, бинобар ин, байни қавлу феълаш хеҷ ихтилоф пайдо намешавад. Пас, ту бояд барои фаҳмидани каломи Худо ба феълаш нигоҳ кун ва барои фаҳмидани феълаш ба суханаш нигоҳ кун. Ҳамин тавр Ислом қувваи фикрии маро таскин мебахшад.
Чаҳорум: Ман барои ҳамин ба Ислом яқин дорам, ки он аз эҳсосотам бепарвоӣ намекунад, балки роҳнамои онҳо мешавад. Ислом эҳсосоти маро кушта, маро беҷон намекунад ва дар баробари ин эҳсосоту хоҳишҳои маро раҳоӣ дода, маро ҳайвон барин ҳам намемонад. Чӣ хеле, ки як муҳандиси моҳир обанбор сохта обро ба каналҳо иваз мекунад ва ҷоҳои беобро сарсабзу шодоб месозад, ҳамин тавр дини Ислом ҳам эҳсосоту хоҳиши маро ба як роҳи мустақим монда ба ахлоқи азим иваз мекунад. Ислом маро намегӯяд, ки Худо туро як дил додааст, аммо туро аз интихоби рафиқи зиндагӣ манъ мекунад ва ин тавр ҳам намегӯяд, ки Худо туро барои хӯрдан забон ва дар дил хоҳиш пайдо кардааст, аммо хӯрокҳои хуб бар ту ҳароманд, балки дини Ислом маро роҳнамоӣ мекунад, ки албатта ту муҳаббат кун, аммо муҳаббати пок ва ҷоиз бошад, ки ба воситаи насли ту иродаҳои поки ту боқӣ монанд ва албатта хӯрокҳои хуб бихӯр, аммо дар чорчӯбаи муқаррар кардашуда, то ин тавр набошад, ки ту мехӯрӣ ва ҳамсояи ту гурусна бимонад. Хулоса, дини ислом ҳамаи ҳоҷатҳои рӯзмарраро бо қайдҳои муносиб аз ҳоҷатҳои рӯзмарра бароварда ба ахлоқи аъло медарорад ва мӯҷиби таскини инсонияти ман мебошад.
Панҷум: Боз ман барои он ба дини Ислом боварии комил дорам, ки дини Ислом натанҳо бо ман, балки бо ҳамаи дунё муомилаи инсофу муҳаббат кардааст. Ислом натанҳо дарси адокунии ҳуқуқи нафси ҳуд додааст, балки бо ҳар як чизи дунё дарси инсоф додааст ва барои ин мақсад роҳнамои ман шудааст. Агар Ислом як тараф ҳуқуқи падару модарро гуфтааст ва фарзандонро бо онҳо муносибати нек кардан, балки дар ирсияи фарзандон падару модарро шомил кардааст, пас, ба тарафи дигар падару модарро ҳам вазифадор кардааст, ки бо фарзандони худ муносибати нек кунанд, таълим диҳанд, тарбия кунанд, ахлоқи нек ёд диҳанд ва саломатии онҳоро бояд нигоҳ кунанд. Фарзандонро то ҳадде вориси волидайн сохтааст. Инчунин Ислом байни зану шавҳар тааллуқоти беҳтарин устувор карданро ҳукм додааст ва бо як дигар муносибати нек ва эҳсосоти як дигарро ба назар гирифтанро ҳукм додааст. Пайғамбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ хел сухани заррин гуфтааст, ки он шахс чӣ хел ҳусни фитрати инсонро фаромӯш мекунад, ки рӯзона ҳамсари худро мезанад ва шабона муҳаббат мекунад? Низ фармуданд, ки аз байни шумо ахлоқи хуб ҳамон кас дорад, ки бо ҳамсари худ муомилаи хуб кунад. Боз фармуданд, ки зан мисли шиша нозук аст. Чӣ хеле, ки вақти истифода бурдани шиша эҳтиёт мекунед, бояд ҳамон хел вақти муносибат бо занҳо эҳтиёт кунед.
Боз дини Ислом ҳуқуқи духтаронро низ сарфи назар накардааст. Ислом мегӯяд, ки мо бояд духтарони худро бо зевари таълим ороста кунем ва гуфт, ки касе духтари худро таълими хуб ва тарбияи хуб медиҳад, барояш ҷаннат воҷиб аст. Ғайр аз ин Ислом духтаронро низ вориси молу мулк мекунад.
Илова бар ин дини Ислом бо ҳокимон ва шаҳрвандон низ инсоф мекунад. Ислом ҳокимонро мегӯяд, ки ҳукумат молу мулки шумо нест, балки амонат аст. Бояд ҳокимон мисли як одами шариф амонати худро ба ҷо оранд ва бо машварати шаҳрвандон кор кунанд. Дар баробари ин Ислом бо шаҳрвандон мегӯяд, ки Худо шуморо ҳукумат ҳамчун неъмат додааст. Онҳоеро ҳокими худ бисозед, ки аҳли ҳукумат бошанд ва баъд аз он, ки шумо ҳокимро интихоб кардед, бояд дар корҳояшон муовин шавед ва гарданкашӣ накунед, зеро ин тавр шумо хонаи худро сохта бо дастони худ онро чапа мекунед.
Ислом ҳуқуқи байни коргару раис низ барпо кардааст. Дини Ислом хӯҷаинро мегӯяд, ки вақте ту касеро ҳамчун хидматгор қабул кардӣ, пас, ҳаққи ӯро пеш аз хушк шудани арақи баданаш бидеҳ. Он касе, ки кори ту мекунад, ӯро ҳақир фикр накун, зеро ӯ бародари туст ва Худо туро ӯҳдадор кардааст, ки нигоҳу биниаш кун ва ӯро муовини ту кардааст. Пас, худро ба нодонӣ монда қувваи худро бо дастони худ нашикан. Дар баробари ин Ислом ба коргар мегӯяд, ки вақте кори касеро бо музди кор анҷом медиҳӣ, пас, бо диёнат кораш анҷом бидеҳ ва сустию ғафлат макун.
Ислом соҳибони тани сиҳату қувваро мегӯяд, ки ба заифон зулм накунед ва ба соҳибони айби баданӣ медоштагӣ нахандед, балки заъфи ҳамсояи ту бояд раҳми туро орад, на ки ту ба ӯ бихандӣ.
Ислом сарватмандонро мегӯяд, ки камбағалонро нигоҳ кунед ва ҳар сол аз пулу моли худ қисми чилум ҳукуматро бидиҳед, то ҳукумат инро барои фоидаи камбағалон харҷ кунад ва вақте камбағале дар мушкил бошад, ӯро қарзи суднок (фоизнок) дода мушкили ӯро зиёд карда нашавад, балки аз молҳои худ ӯро кумак расонед, зеро Худо шуморо пул барои он надодааст, ки шумо танҳо зиндагии худро нигоҳ кунед, балки барои он додааст, ки ба воситаи он дар тараққии динё саҳми худро гузошта савоби дорайн гиред. Дар баробари ин Ислом камбағалро мегӯяд, ки ба пулу моли сарватмандон нигоҳи ҳарисона накунад, ки ин чиз дили ӯро сиёҳ мекунад ва маҳрум аз қувваҳои дуруст мекунад, балки камбағал бо ёрии Худо дар худ қувваҳое пайдо кунад, ки аз он тараққии ҳар гуна ҳосил шавад. Ислом ҳукуматро ҳидоят медиҳад, ки дар ҷидду ҷаҳди камбағалон ба онҳо кумак расонад ва набояд ин хел шавад, ки пулу мол танҳо гирди баъзе одамон чарх занад.
Ислом онҳоро, ки падару бобоҳояшон кори азиме карда иззат ҳосил карда буданд ва ба сабаби он авлоди онҳо низ байни мардум муаззиз шудааст, мегӯяд, ки падару бобоҳои шумо аз корҳои хуб иззат ҳосил карда буданд, шумо низ бо корҳои хуб ин иззатро давом диҳед ва қавмҳои дигарро залилу камтар ҳис накунед, ки Худо ҳамаро баробар сохтааст ва дар хотир монед, ки Худое, ки шуморо иззат додааст, қавми дигарро ҳам иззат дода метавонад. Агар имрӯз шумо бар онҳо зулм кардед, пагоҳ онҳо бар шумо зулм хоҳанд кард. Пас, дар болои дигарон фахр накунед, балки дигаронро калон сохта фахр кунед, зеро дар дараҷа бузург ҳамон мебошад, ки бародари фитодаи худро бар по мехезонад.
“Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. (Рӯдакӣ)” (аз мутарҷим)
Дини Ислом мегӯяд, ки ягон кишвар ба кишвари дигар ва қавме ба қавми дигар душманӣ накунад ва ҳаққи як дигарро ғасб накунад, балки ҳама якҷоя шуда барои тараққии дунё кӯшиш кунанд ва ин тавр набошад, ки баъзе қавмҳо, кишварҳо ва мардум якҷоя шуда бар хилофи кишварҳо, қавмҳо ва мардуми дигар ҳила кунанд, балки кишварҳо, қавмҳо ва мардум байни ҳам дигар аҳд кунанд, ки як дигарро аз зулм боз хоҳем дошт ва кишварҳо, қавмҳо ва афроди дигарро низ ба ин кор шомил хоҳем кард.
Хулоса, мебинам, ки дар рӯйи дунё хоҳ ман бошам, хоҳ азизони ман, ки касоне бошанд, дини Ислом барои мо асбоби амну роҳат пайдо мекунад. Ман худамро дар кадом сатҳ гузорам, мебинам, ки ба сабаби таълими Исломӣ ман дар ин сатҳ буда аз роҳҳои тараққию комёбӣ маҳрум намемонам. Хулоса, азбаски нафси ман мегӯяд, ки дини Ислом барои ман, барои хешони ман, ҳамсояҳои ман, барои бегонагон, ки ҳатто намешиносам, барои занҳо, мардҳо, калонҳо, хурдҳо, камбағалон, сарватмандон, барои қавмҳои бузургу майда ва барои онҳо, ки иттиҳоди умматҳо мехоҳанд ва барои дӯстдорони ватан муфиду коромад аст ва байни ману Худои ман алоқа ва иттиҳод пайдо мекунд, бинобар ин ба дини Ислом боварии комил дорам. Чунин чизро тарк намуда чӣ хел чизи дигарро қабул карда метавонам.
(The Review of Religions, March 1940, 26-31c)
Leave A Comment