ХИЛОФАТ

ҷонишинии нубувват

Дар дини Ислом баъди дараҷаи пайғамбарӣ, хилофат баландтарин мансаби рӯҳонӣ мебошад. Албатта, халифаҳо аз тарафи Худо бо ҳидояти илоҳӣ таъйин карда мешаванд. Ҳарчанд Хилофат аз байн рафта бошад ҳам, аз рӯйи пешгӯйҳои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дубора барқарор шудааст.

Зикри Хилофат дар Қуръон

“Худо ба муъминҳо ва анҷомдодагони аъмоли солеҳ ваъда додааст, ки ҳатман онҳоро дар замин халифа таъйин хоҳад кард, чӣ хеле, ки пеш аз инҳо халифа таъйин карда буд ва ҳатман Ӯ дини онҳоро, ки барои онҳо писандид, устувор хоҳад гардонд ва ҳатман онҳоро пас аз тарсашон ба ҳолати эмин хоҳад гузошт. Онҳо маро ибодат кунанд ва чизеро шарики ман қарор надиҳанд ва ҳар касе, ки баъд аз ин носипосӣ кунад, ҳамонҳо нофармонанд”.

Сураи Нур, ояти 56

Зикри Хилофат дар ҳадис

Ҳазрати Ҳузайфа разияллоҳу анҳу ривоят мекунанд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Дар байни шумо то вақте, ки Худо хост, нубувват хоҳад истод. Сипас Ӯ инро хоҳад бардошт. Сипас то вақте, ки Худо хост, Хилофат ало минҳоҷи нубувват (хилофати ҳидоятёфта аз набӣ) барпо хоҳад шуд. Баъд Худо ин неъматро низ хоҳад бардошт. Баъд аз ин аз рӯйи тақдираш низоми подшоҳии зараррасон пайдо хоҳад шуд. Сипас аз ин ҳам зиёдтар низоми подшоҳии ҷабр пайдо хоҳад шуд, ҳатто раҳми Худо ҷӯш хоҳад зад ва ин замони зулму истибдодро аз байн хоҳад бурд. Баъд аз ин боз Хилофа ало минҳоҷи нубувват (хилофати ҳидоятёфта аз набӣ) барпо хоҳад шуд. Ин суханро фармуда ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хомуш шуданд.

Маснади Аҳмад ибни Ҳанбал

ХАЛИФАҲОИ РОШИДИН


Чор халифаҳои аввал баъди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам “Хулафои Рошидин” номида мешаванд.

Ҳазрати Абӯбакр р.а.

Хилофати Эшон зиёда аз ду сол давом кард. Ҳазрати Абӯбакр бо муваффақият мусалмонҳоро баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам муттаҳид карданд.   маълумоти бештар »

Ҳазрати Умар р.а.

Ҳазрати Умар ибни Хаттоб бо ташкили ҳайати машваратӣ аз мушовирони халифа ва бо тақсим намудани ҳукумати исломӣ ба вилоятҳо як низоми муассир таъсис доданд.

Ҳазрати Усмон р.а.

Ба ҳайси халифа ҳазрати Усмон ибни Аффон дар тамоми мамлакат нигаҳбонии таблиғу тавлиди Қуръон карданд ва бисёр моли шахсии худро дар тараққии дини Ислом харҷ намуданд.

Ҳазрати Алӣ р.а.

Ҳазрати Алӣ р.а. амакбача ва домоди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буданд. Эшон баъди шаҳодати ҳазрати Усмон ибни Аффон кӯшиш карданд, ки амну оштиро барқарор кунанд.

хилофат, Давлати исломия, Халифа, Халифаҳои Ислом

ХИЛОФАТИ АҲМАДИЯ


Халифаҳои ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссаломро “Хилофати Аҳмадия” мегӯем.

Ҳазрати Ҳаким Нуруддин р.а.

Монанди ҳазрати Абӯбакр р.а. халифаи якуми ҷамоати Аҳмадия баъд аз вафоти ҳазрати Масеҳи мавъуд а.с. ҷамоатро муттаҳид сохтанд ва аъзои Ҷамоати Аҳмадияро мақсади омади ҳазрати Масеҳи мавъуд ва Имом Маҳдӣ фаҳмонданд. маълумоти бештар…

Ҳазрати Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмад р.а.

Халифаи дуюми ҷамоати Аҳмадия ва номи дигарашон “Муслеҳи мавъуд” низ мебошад. Дар ҷамоати Аҳмадия дар байни хурду калон ва зану мард танзимҳои ёрирасон сохтанд ва дар ҳар як шуъба бисёр пешравӣ кунонданд. маълумоти бештар..

Ҳазрати Мирзо Носир Аҳмад р.а.

Дар вақте, ки Покистон Ҷамоати Аҳмадияро дар сарқонуни худ ғайри мусалмон гуфт, он гоҳ ба ҳайси халифа ҷамоатро роҳнамоӣ намуданд. маълумоти бештар…

Ҳазрати Мироз Тоҳир Аҳмад р.а.

Дар баробари дастовардҳои зиёд, Ҳазрати Тоҳир Аҳмад аввалин шабакаи телевизионии моҳвораии мусулмониро ба кор андохтанд. маълумоти бештар…

Ҳазрати Мироз Масрур Аҳмад а.б.а

Дар ин замони пурошӯбу адоват нисбат ба Ислом ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад а.б.а ҳамчун халифаи кунунӣ ҷомоати Аҳмадияро бо фазли Худо ҳидоят намуда пеш бурда истодаанд. маълумоти бештар…